Фазилати даҳ рўзи охири Рамазон

Фазилати даҳ рўзи охири Рамазон

Ҳамду сано Аллоҳ таъолоро, дуруду саломи бепоён ба Расули акрам ﷺ ва олу асҳоб ва пайравони ў бод.

 

Хислати авввал ин зинда доштани шабҳо аст ва далел бар он амали Паёмбар ﷺ мебошад. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз Оиша g ривоят шудааст: «Чун даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, Расулуллоҳ ﷺ шабҳоро зинда дошта, хонаводаашро бедор мекард ва бисёр кўшишу ҷиддият менамуд». Инчунин дар ҷои дигар аз модарамон Оиша g ривоят шудааст, ки: «Расулуллоҳ ﷺ бист рўзи ибтидои Рамазонро бо намозгузорӣ ва хобу истироҳат мегузаронид, чун даҳаи охир фаро мерасид, дар он кўшишу ҷиддият менамуд».

Дар ҳадиси дигаре омадааст: «Расули акрам ﷺ чун даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, ҷойгоҳи хобашро ҷамъ карда як сў мегузоштанд».

Аз ҷумлаи амалҳое, ки дар ин шабҳо мустаҳаб аст ин бедор намудани аҳли хонавода аст. Паёмбар ﷺ тавре, ки дар ҳадиси Оиша g баён шуд дар ин шабҳо аҳлашро барои намозгузорӣ бедор менамуданд. Дар зери калимаи аҳл зану фарзандон дохил мешаванд. Пас, барои мусалмон мустаҳаб аст, ки аҳли оилаашро дар ин шабҳо ба хотири намозгузорӣ бедор кунанд ва фазли ин шабҳоро барояшон баён кунад. Асҳоби киром g ҳатто дар ғайри Рамазон аҳли оилаашонро бедор мекарданд.

Дар бедор намудани мард завҷаашро ва акси он Паёмбар ﷺ фармудаанд:

«Худо раҳмат кунад мардеро, ки нисфи шаб бархоста, намоз мегузорад ва ҳамсарашро ҳам бедор мекунад ва агар мухолифат варзид, ба рўяш об мепошад ва Худо раҳмат кунад занеро, ки дар шаб бархоста, намоз гузорида шавҳарашро бедор менамояд ва агар имтиноъ варзид, ба об мепошад».

Тавре ки маълум гашт, бедор намудани аҳли хонавода дар ин шабҳо фазилати бузурге доштааст.

Аз ҷумлаи амалҳое, ки дар ин шабҳо анҷом бояд дод, ин эътироф намудани банда гуноҳҳои худро ва талаб намудани афв аз даргоҳи Худованд аст. Дар ҳадисе омадааст, ки Оиша g аз Паёмбар ﷺ пурсид, ки эй Паёмбари Худо, агар шаби Қадрро дарёфтам чӣ гўям? Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Бигў, эй Бор Худоё! Ту бахшандаӣ ва бахшишро дўст медорӣ, пас маро бубахш».

Афв гузашт аз гуноҳҳо аст ва маънояш талаби бахшиши гуноҳҳо, аз байн бурдани онҳо ва нобудсозии асароти онҳост. Ин далел бар он аст, ки инсон ҳарчанд амали зиёд ва корхои нек анҷом диҳад, тақсир ва кутоҳӣ дар ў вуҷуд дорад, бинобар ин талаби афв мекунад.

Ин аст ҳоли бандагоне, ки аз азоби қиёмат меҳаросанд ва барои кўтоҳию гуноҳи хеш аз Худованд талаби омурзиш мекунанд. Баъзе аз асҳоби киром g мегуфтанд:

Аз Худованд омурзиш металабам аз рўзаву намозе, ки мегузорам, рўзаи гирифтаам пур аз хатост ва намозам чӣ гуна намоз аст?

Эшон аз корҳои неки худ талаби омурзиш мекарданд, зеро ба ин бовар буданд, ки албатта дар он амалҳо халале ё кўтоҳие вуҷуд дорад. Бинобар ин мустаҳаб аст, ки инсон ҳамаи амалҳояшро бо истиғфор (талаби омурзиш) хатм намояд, хусусан дар ин шабҳо. Дар ҳадиси ривоят кардаи Салмон g фармудаи он Ҳазрат ﷺ ворид шудааст:

«Дар ин моҳ чор амалро бештар анҷом диҳед: ду амалест, ки бо он ризои Парвардигоратонро ҳосил мекунед ва ду амали дигаре аст, ки шумо аз он бениёз буда наметавонед. Аммо ду амале, ки ризои Худоро таввасути он ҳосил мекунед, он зикри «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва истиғфор намудан аст ва аммо ду амали дигаре, ки шумо аз он бениёз буда наметавонед, ин аст, ки аз Худованд ҷаннатро талабед ва аз оташи дўзах ба Ў таъоло паноҳ баред».

Ин ҳадис ва аҳодиси монанди ин далел бар онанд, ки ҳар амалеро, ки анҷом медиҳем, мақсади мо аз он ҳосил намудани афв ва бахшиши Худост, бинобар ин охири амали мо бояд истиғфор бошад. Масалан, агар тамоми шаб ибодат кунӣ, ҳангоми саҳар бояд омурзиш талаб кунед, тавре ки Худованд мўъминонро сутудааст:

«Ва ҳангоми саҳар омурзиш металабанд». (Сураи Зориёт, ояти 18)

Аз Худованд талаб дорем, ки мову шуморо аз ҷумлаи қабулшудагон ва аз ҷумлаи муваффақшудагон бар амали нек гардонад, аз он чи сабаби ғазаби Ў мегардад ва аз ҳамаи офатҳову мусибатҳо моро ҳифз намуда, тавфиқи амалҳои неке, ки Ў таъоло дўст медорад ва аз он хушнуд мешавад, насибамон кунад. Омин!

 

 

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...