Ҳукми масҳ кашидан

Ҳукми масҳ кашидан

Ҳукми масҳ кашидан

Аллоҳи меҳрабон барои бандагони худ шустани пойҳоро ҳангоми таҳорат фарз гардонид. Масҳ кашидан бар болои масҳӣ низ иҷоза дода шуда ин аз амалкарди Паёмбар ﷺ ва асҳоби ӯ низ собит аст.

Абдуллоҳ ибни Муборак гуфтааст: «Дар масъалаи масҳ кашидан бар болои масҳӣ назди саҳобагон ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надошт».

Масҳӣ ҳангоми вузуъ болои баъзе ҷуробҳое ки шароити масҳӣ дар онон дида шаваду бо қавоиди шариатӣ мувофиқат кунанд аз ҷониби шариат низ иҷоза дода шудааст, ки албатта имрӯза ҷуробҳои тунук ва нозукро дарбар намегирад, ки тафсилоташро дар ин баҳс зикр хоҳем кард.

Қисме аз ҷавонон такя бар ақволи шоз ва хилофи ҳақиқат масҳ кашидан бар ҷуробҳои нозук ва тунуки имрӯзаро ҷоиз дониста дар тобистону замистон болои онон масҳ мекашанд, ки ин хилофи қавонини шаръӣ буда вузуъи шахс комил нагардида намозаш саҳеҳ намешавад.

Ҷуроби муҷаллад–он қисм ҷуроберо мегӯянд, ки тарафи боло ва поёнаш чарми бошад пас ба ингуна ҷуробе ки боло ва поёнаш чармӣ аст, ба иттифоқ масҳ ҷоиз мебошад (ингуна ҷуроб ба монанди масҳи аст).

Ҷуроби сахин – бояд чанд шартро доро бошад:

1.Тунук ва нозук набошад, ки обро гузаронаду ба расидани об пойҳо тар шаванд.

2.Ниёз ба баста кардан надошта бошад яъне бидуни (резин, ва банд) худ мустақилона дар пой истаду ҳангоми роҳ рафтан нафарояд.

3.Ҷуробе бошад, ки бидуни пӯшидани пояфзол ба он роҳ рафта шаваду дар андак роҳ рафтан пора нашавад (надарад).

Дар ҷуроби сахинайн ки чунин шартҳоро доро бошад назди аксари уламо масҳ кашидан бар он ҷоиз аст, ва имом Абуҳанифа дар ибтидо масҳ бар болои ҷуроби сахинайнро ҷоиз намедонистанд аммо дар авохир иҷоза доданд.

Имом Абуҳанифа–раҳимаҳул-лоҳ–дар охири ҳаёти хеш ба чунин ҷуробҳое дорои шартҳои зикр гардида бошанд масҳро иҷоза додаанд на он тарзе ки баъзе ваҳм мекунанд, ки гӯё болои ҷуроби тунук иҷоза дода бошанд, инро хуб дар хотир дошта бошед!.

Масҳ бар ҷуроб назди мазҳаби ҳанафӣ:

Чигунае ки дар боло ишора кардем масҳ кашидан болои ҷуроб ба шарте ки мунаъъал ё муҷаллад ё сахинайн бошанд ҷоиз аст назди аксари уламои мазоҳиби чаҳоргона ва ҷуроби сахин чигунае гуфтем он чуробест, ки дорои се шарти дар боло зикр гардида бошад. Имом Сарахсии ҳанафӣ–раҳимаҳуллоҳ– мегӯяд: «Аммо масҳ кашидан болои ҷуроб пас агар ҷуроби сахинайн ва мунаъъал(поёнаш чарми) бошанд бар онҳо масҳ кашидан ҷоиз аст, зеро пайиҳам роҳ рафтану сафар кардан бо инҳо имкон дорад.

Ва агар ҷуробҳо тунук бошанд болои онон масҳ кашидан ҷоиз нест, зеро ҷуроби тунук ба манзалаи лифофа (карбос) аст...» (Ал-мабсут аз Имом Сарахсӣ).

Имом ибни Мавдудии Мусилии ҳанафӣ–раҳимаҳуллоҳ– мегӯяд: «Ва ҷоиз аст масҳ кашидан бар болои ҷуробҳо агар сахинайн бошанд ё муҷаллад(боло ва поёнашон чармӣ) бошад ё мунаъъал( танҳо поёнашон чармӣ) бошад» (Ихтиёр литаълил-мухтор).

Имом ибни Нуҷайми–раҳимаҳуллоҳ– ҳанафӣ мегӯяд: «Ва ҷоиз аст масҳ кашидан бар болои ҷуроб агар муҷаллад ё мунаъъал ё сахин бошад»

Дар идома каме баҳс намуда сипас гуфтааст: «Масҳ кашидан бар болои ҷуроб агар мунаъъал бошад ба иттифоқ ҷоиз аст, ва агар мунаъъал набошаду ҷуроби тунук бошад ба иттифоқи уламо ҷоиз нест масҳ бар он»

(Баҳрур-роиқ шарҳи канзуд-дақоиқ).

Имом Акмалиддини Бобартии ҳанафӣ –раҳимаҳуллоҳ– мегӯяд:

Масҳ бар ҷуроб се навъ мешавад:

1.Навъи аввал, ки ба иттифоқ ҷоиз аст ва он инки агар ҷуроб сахинайн (ғафсе ки роҳ рафта шаваду дар роҳ надаранду обро нагузаронанд) ё мунаъъал (поёнаш чармӣ) бошад.

2.Навъи дуввум агар ҷуроб сахинайн ва мунаъъал набошанд ба иттифоқи уламо ҷоиз намебошад.

3.Навъи саввум агар ҷуроб сахинайн бошаду мунаъъал набошад пас назди имом Абуҳанифа ҷоиз набуда назди шогирдони эшон ҷоиз аст». (Ал-ъиноя фӣ шарҳил-ҳидоя).

Хонандаи азиз чигунае мебинед китобҳои фиқҳи мазҳаби имом Абуҳанифа–раҳимаҳуллоҳ– масҳ кашидан бар болои ҷуроби тунукро ба иттифоқ ҷоиз надониста рад намудаанд.

Тахиякунанда: Зайдуллои Хамадони.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...