Аҳкоми ҳаҷ ва умра

Аҳкоми ҳаҷ ва умра

Ҳаҷ дар луғат ба маънои қасди амри бузург ва азимеро гӯянд. Дар истилоҳи шаръ иборат аз зиёрати ҷои махсус, дар замони махсус, бо амалҳои махсус аст.

Ҳаҷ яке аз аркони ислом буда, касе, ки фарзияти онро инкор намояд аз миллати ислом хориҷ мегардад. Худои мутаол дар мавриди ҳаҷ мефармояд: «Ва лиллоҳи ъла- н-носи ҳиҷҷу-л-байти манистатоа илайҳи сабило». Яъне: «Ва Худорост бар мардум ҳаққи ҳаҷ кардани Хона ҳар ки ба сӯи он роҳ ёфта тавонад». (сураи Оли Имрон, ояи 97)

Ба ҷо овардани ҳаҷ дар соли нўҳуми ҳиҷрӣ фарз дониста шуд. Ҳаҷ ибодатест, ки ба василаи тан ва мол ба ҷо оварда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани ҳамаи шароит, як маротиба ба ҷо овардани ҳаҷ фарз мебошад. Бар тан пўшидани эҳром доро ва камбағалро баробар мегардонад. Гирд омадани шумораи бузурги мусалмонон дар замини мубораки Макка рўзи Маҳшарро ба хотир меоварад, ки бо амру қудрати Аллоҳ Таъоло одамон аз нав зинда шуда, барои ҷавоби корҳои кардаашон дар назди Ў ҷамъ мегарданд. Сафари ҳаҷ маърифати инсонро бештар намуда, ҷаҳонбинии ўро васеъ мегардонад. Инсон ин ҷо дар муқобили мушкилиҳо тобу тоқат карданро ёд мегирад, дар дилаш ҳисси муҳаббату шавқат ва дилсузӣ ба камбағалону нодорон қавӣ мегардад. Дар ҳаҷ шахс хоксору шикастанафс ва парҳезгор гардида, барои ҳар як ибодати худ аҷри пурқадру қимматро соҳиб мегардад. Ҳар касе, ки аз барои Аллоҳ Таъоло маросими ҳаҷро ба ҷо меоварад, аз озори мардум даст бозмедорад, Аллоҳ Таъоло ҳамаи гуноҳҳои ўро мебахшад, ба ҷуз гуноҳи поймол кардани ҳуқуқи дигаронро.

Дар Қуръони карим гуфта мешавад: «Ба дурустӣ, аввалин хонае, ки [барои ибодати] мардум муқаррар карда шуд, ҳамон аст, ки дар Макка бувад, муборак ва барои оламиён ҳидоят аст. Дар он хона нишонаҳои равшан, (аз он ҷумла) мақоми Иброҳим аст; ҳар ки он ҷо дарояд, эмин бувад. ҳаҷи хона (-и Каъба) барои Худо бар мардум, бар касе фарз аст, ки тавоноии рафтани ба сўи онро дорад. Ва ҳар ки кофир шавад, пас, Худо аз ҳамаи оламиён бениёз аст». (Сураи Оли Имрон, 96-97).

Дар бораи эътибор ва қадру қимати намоз дар се масҷиди бузургу муборак Паёмбар гуфтааст: «Хондани намоз дар Масҷидулҳаром монанди хондани 100 ҳазор намоз дар масҷиди муқаррарӣ мебошад. Хондани намоз др масҷиди ман (масҷиди Паёмбар дар Мадина) баробар аст ба 1 ҳазор намоз. Хондани намоз дар Байтулмуқаддас (масҷиди Ақсо) баробар аст ба 500 намоз». (Ибни Моҷа).

Паёмбар гуфтааст: «Ҳар касе ҳаҷ кунад, бе он ки тан ба фисқ олуда кунад ва забон ба беҳудаву ношоиста машғул дорад, аз ҳама гуноҳон берун ояд, ҳамчунон ки он рўз аз модар бизода бошад».

(Бухорӣ).

Ҳаҷро чӣ гуна ба ҷо меоранд

Ҳаҷро бо маблағи ҳалол бояд анҷом дод. Зоир пеш аз он ки ба сафари ҳаҷ барояд, агар қаздор бошад, бояд онро пардохт кунад ва агар касеро ранҷонида бошад, аз ў узрхоҳӣ намояд. Пеш аз сафар ду ракъат намози нафл мегузорад. Аз аҳли хонадон, хешу ақрабо ва ёру дўст узрхоҳӣ намуда, бо онҳо видоъ карда, аз хона мебарояд. Дар рафти зиёрат бояд, зоир аз суханони қабеҳ ва зишт худдорӣ намуда, ба ҳамсафарон ва дигар одамон хушмуомила бошад. Дар Миқот (маконе, ки зоирон ба эҳром медароянд) зоир эҳром мепўшад. Барои ин нохунҳояшро мегирад, мўи лабашро кўтоҳ мекунад, аз мўйҳои зери каш ва ноф худро тоза намуда, ғусл мекунад. Агар имкони ғусл набошад, вузў барпо медорад. Сипас, марди зоир бо эҳром, ки аз ду пораи матоъ иборат аст; як пораашро изор ва дигарашо ридо мегўянд, ворид мегардад. Дар ҳолати «эҳром» сар бояд бараҳна бошад (барои мардон). Барои занон иҷозат аст, ки бо либосҳои ҳаррўзашон вориди эҳром гарданд. Баъд дар Миқот ду ракъат намози суннатро ба муносибати вориди эҳром гардидан, мехонад, нияти ба ҷо овардани намуди ҳаҷро карда (намуди Ифрод ё Таматтуъ ё Қирон), дуои «Талбия»-ро мехонад.

Баробари ба Макка расидан ғусл ё вузў мекунанд. Баъд ба Масҷидулҳаром мераванд, дар атрофи Каъба тавофи Қудумро ба ҷо меоварад, баъди тавоф ду ракъат намози нафл мехонад. Сипас саъйро ба ҷо меоваранд. Дар рўзҳои минбаъда аз эҳром набаромада, дар Макка меистанд. Аз рўи имкон намозҳоро дар Масҷидулҳаром барпо мекунанд. Дар рўзи Таврия (8-уми Зулҳиҷҷа) ба Мино рафта, дар рўзи Арафа (9-ум Зулҳиҷҷа) баъди намози бомдод ба сўи водии Арафот равон мегарданд ва то баромадани офтоб дар он ҷо меистанд. Дар ин ҷо вақтро бо дуо ва ибодат мегузаронанд. Ин рўз дар вақти намози пешин намозҳои пешин ва асрро якҷоя мегузоранд. Баъди фуруди офтоб роҳ сўи водии Муздалифа пеш мегиранд ва дар ин ҷо намози шом ва хуфтанро якҷоя мегузоранд. Шабро рўз карда, баъди субҳидам ба Мино бармегарданд.

Дар рўзи аввали ид дар ҳаҷ чи амалҳоро бояд иҷро куни?

Амали рўзи аввали ид дар маросими ҳаҷ:

  1. Партофтани ҳафт санг ба сўи Ҷамараи (шайтони);
  2. Тарошидани мўи сар ва баромадан аз эҳром; Барои шахсоне, ки нияти ҳаҷи Ифродро ба ҷо овардаанд, чӣ тавре маълум аст қурбонӣ воҷиб нест ва ҳамоно мўи сар гирифта аз эҳром мебароянд. Шахсоне, ки нияти ҳаҷи Таматтўъ, ё ин ки ҳаҷи Қирон кардаанд, санг партофта, қурбонӣ намуда, мўи сар тарошида, сипас аз эҳром мебароянд;
  3. Тавофи Ифодаро ба ҷо овардан.

Амали рўзи дуввуми ид:

Дар ҷамараи хурд, миёна, калон 7 сангӣ мепартоянд. Касе, ки дар рўзи аввал тавофи видоъ накарда бошад, онро дар рўзи дуввум ва сеюми ид ба ҷо меоварад.

Амали рўзи сеюми ид:

Дар Ҷамараи хурд, миёна, калон 7 сангӣ мепартоянд. Баъд ҳамон рўз ба Макка бармегарданд. Пеш аз баромадан аз Макка ҳаҷи видоъро ба ҷо меоваранд. Дар боло тартиби ҳаҷи Ифрод шарҳ дода шуд. Тартиби ҳаҷи Таматтўъ ва ҳаҷи Қирон як қадар фарқ мекунанд.

Умра

Умра вақти муайян надорад. Эҳром баста тавоф карда, саъйро ба ҷо оварда, баъд мўи сарро мегиранд. Умра суннатест, ки дар ҳар вақти сол ба ғайр аз рўзи «Арафа» ва рўзҳои «Ташриқ» ба ҷо оварда мешавад. Паёмбари Худо гуфтааст: «Умра то умра (-и дигар) каффорати он (гуноҳоне) аст, ки дар байни ин ду (содир) мешавад. Ва подоши ҳаҷи мабрур (мақбул) ҷуз Ҷаннат нест».

(Бухорӣ).

Умраро чӣ гуна анҷом медиҳанд

Баъди покшавии зарурӣ дар «Миқот» ҳар касе, ки умраро ба ҷо оварданӣ мешавад, аввал ният мекунад, баъд дуои «Талбия»-ро хонда, эҳром мебандад. Ба Макка омада, тавофи умраро ба ҷо меоварад, ду ракъат намози тавофро мехонад, баъд саъйи умраро анҷом дода, мўи сар мегирад ва аз «эҳром» мебарояд.

Дуруд ба аҳли муъмин! Ҳаҷи соли 2022 ҳам наздик омада истодааст. Аз хоҳару бародароне, ки нияти Ҳаҷ карданро доранд, хоҳиш карда мешавад, то сари вақт омодагии хешро бубинад. Умед аз он дорем, ки Ҳаҷи кардаи Шумо қабул хоҳад шуд. Омин!

«Фиқҳу Муяссар»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...