ДИН

ДИН

Аҳамияти рӯза

Рукни сеюуми Ислом дар моҳи шарифи Рамазон доштани рӯза мебошад. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон дар соли дуввуми ҳиҷрӣ барои мусалмонон фарз гардид. (Ҳиҷрати Паёмбар Муҳаммад ﷺ аз Макка ба Мадина дар соли 622 солшумории мелодӣ рост меояд).

Мусалмонон солшумории худро аз ин соли муборак шурӯъ намудаанд). Рӯза ин худдорӣ намудан аз ғизо ва нӯшокиҳо ва робитаи ҷинсӣ аз субҳ то шом, яъне то фурӯ рафтани офтоб мебошад. Рӯза, вобаста ба миқдори рӯзҳои моҳи Рамазон гоҳе 29 ва гоҳе 30 рӯз давом мекунад. Худи Паёмбар Муҳаммад ﷺ дар давоми ҳаёти худ 9 маротиба рӯза гирифтааст.

Рӯзаҳои гирифтаи Паёмбар ﷺ дар чор моҳи 29 рӯз дошта ва панҷ моҳи 30 рӯз дошта рост омадаанд. Барои мусалмонон моҳи шарифи Рамазон моҳи муборак мебошад. Маҳз дар ҳамин моҳ барои пешвои мо мусалмонон Муҳаммад ﷺ рисолати Паёмбарӣ нозил гардид, он чун оғози эҳёи дини Ислом дониста мешавад. Дар ин моҳи муборак ҳамчунин Қуръони карим нозил гардид. Дар моҳи Рамазон “Лайлатул-қадр” рост меояд, ки ин шаб аз ҳазор моҳ беҳтар дониста мешавад. Дар ин моҳ мусалмонон рӯза дошта аз гуноҳ пок гашта, аз фикру андешаи бад ва рафтору кирдори номатлуб бештар канорагирӣ мекунанд. Аллоҳ Таъоло ҳукм мекунад: «Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед». (Сураи Бақара-183).

«Ва ҳар ки аз шумо он моҳро (Рамазонро) дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад». (Сураи Бақара-185). Рӯза яке аз намудҳои муҳимми ибодат мебошад. Дар ин дунё он моро аз корҳои бад ва дар рӯзи Қазо бошад, аз оташи Дӯзах муҳофиза намуда, барои омӯрзиши гуноҳҳоямон назди Аллоҳ Таъоло кафил мегардад. Паёмбар ﷺ мегӯяд: «Агар одамон моҳи шарифи Рамазонро аз рӯи манзалаташ қадр менамуданд, он гоҳ онҳо мехостанд, ки он яксоли пурра давом кунад». (Ибни Ҳузайма, “Саҳеҳ” 3,190 ). «Оғози моҳи Рамазон, ин раҳмат, миёнаи он мағфират ва охираш озодгардӣ аз Дӯзах аст». (Ибни Ҳузайма, “Саҳеҳ” 3,191).

Рӯза дар моҳи Рамазон ба кӣ фарз аст

Фарзҳои дохили рӯза:

1. Мусалмон бошад;

2. Боақл бошад;

3. Ба балоғат расида бошад . Ба ҳар як мусалмони мард ва зани ба синни балоғатрасида гирифтани рӯза дар моҳи Рамазон фарз аст.

Ба бачае, ки ба балоғат нарасидааст, рӯза доштанаш ҳатмӣ нест. Беҳтараш он аст, ки ӯро дар хурдсолӣ ба доштани рӯза одат кунонанд ва ин корро тавре бояд анҷом дод, ки он монеаи ташаккули ҳамаҷонибаи бача нагардад. Занон дар рӯзҳои ҳайз ва нифосашон рӯза намегиранд ва пас аз анҷоми онҳо рӯзаи қазоӣ медоранд.

Саҳарӣ ва ифтор

Саҳарӣ ин ғизои то субҳи рӯзадор мебошад (Пеш аз азони намози Бомдод). Хӯрдани ғизои саҳарӣ мустаҳаб мебошад. Паёмбари Худо ﷺ гуфтааст: «Саҳариро барпо созед ва ҳамин тариқ худро барои доштани рӯза қавитар гардонед.» (Ибни Моҷа, “Сиём”, 22).

Паёмбари Худо ﷺ гуфтааст: «То дамидани субҳ ғизо хӯред, чунки дар ин баракат аст». (Бухорӣ, “Савм”, 20; Муслим, “Сиём”,45). Дар шарҳи саҳеҳи Бухорӣ ва ибни Моҷа омилҳои зерини баракати саҳариро овардааст:

1) Саҳар амали суннат мебошад.

2) Дар амали саҳар мо аз аҳли китоб фарқ мекунем. Мо бояд чунин рафторе намоем, ки ҳамеша аз онҳо фарқкунанда бошем.

3) Саҳар ба мо қуввати ибодатро медиҳад.

4) Саҳар самимияти моро нисбат ба ибодат бештар мегардонад. Ба туфайлии барвақтар истеъмол намудани ғизо, мо на он қадар гуруснагӣ ва сустиро дар худ эҳсос мекунем, ки он моро аз ибодат дур созад.

5) Саҳар ба мо имконият медиҳад, ки феълу рафтори худро дар зери назорат гирем, зеро ки дар бештар маврид гуруснагӣ хасму ғазабро ба вуҷуд меоварад.

6) Саҳар вақти хосси мақбули дуо мебошад.

7) Саҳар мо аз рахти хоб боло шуда, имконияти бештари хондани намози таҳаҷҷуд ва зикро пайдо мекунем. Олимони бузурги Ислом мефармоянд: “Касе, ки дар Рамазон, дар вақти иҷозаи хӯрдану ошомидан нисбатан гурусна мешавад, ӯ аз макри шайтон дар муддати кулли сол то Рамазони дигар эмин мемонад». Ифтор-ин рӯзакушоии баъди шом мебошад. Ифтор ба мусалмонон дар рӯзи Қиемат хурсандӣ ва инъоми беҳамторо насиб мегардонад, зеро ки ӯ тамоми рӯз рӯза дошта, ибодатро ба ҷо оварда аст. Паёмбар ﷺ мегӯяд: «Барои шахси рӯзадор ду хурсандӣ мавҷуд аст: Яктои он ҳангоми баргузор намудани ифтор, дигараш вақте, ки он дар назди Аллоҳ Таъоло ҳозир мегардад». (Бухорӣ “Савм”, 9; Муслим, “Сиём”, 163).

Паёмбар ﷺ мегӯяд: «Ҳар касе ба рӯзадор ғизо медиҳад, савоби ӯро кам нагардонида, ба монанди савоби рӯзадор савоб мегирад». (Тирмизӣ, “Савм”,81). Паёмбар ﷺ мегӯяд: «Агар кадоме аз шумоён рӯза мекушоед, бошад, ки бо хурмо рӯзаи худро кушоед, зеро ки дар он баракат ҳаст, агар хурмо наёфтед, бо об рӯза кушоед, барои он, ки он пок аст». (Тирмизӣ, “Закот”, 26; Абӯдовуд “Савм”, 21).

НАМОЗИ ТАРОВЕҲ

Намози таровеҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад.

Ин намоз аз 20-ракъат иборат мебошад. Намози таровеҳ ҳам барои мардон ва ҳам занони рӯзадор ва онҳое, ки бо сабабҳои беморӣ ва мусофират рӯза нагирифтаанд, суннати муаккада мебошад. Гузоридани намози таровеҳ дар масҷид суннат мебошад, ки барои хондани ин намоз дар ин ҷо савоби бисёр ваъда гардидааст. Паёмбар ﷺ гуфта аст: «Ҳар шахсе, ки дар моҳи Рамазон таровеҳ мехонад ва ба моҳи муборак будани он боварӣ дошта, бо умеди гирифтани савоб фақат аз Аллоҳ рӯза медорад, ҳамаи гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд». (Бухорӣ, “Имон», 27; Муслим, “Мусофирин”, 174).

Паёмбар ﷺ гуфта аст: «Аллоҳ моҳи Рамазонро барои шумо фарз гардонид. Ман рост истода намоз барпо доштам ва ҳамчунин намози таровеҳ дар шаби он суннат гашт. Ҳар шахсе, ки дар моҳи Рамазон бо дили пур аз эътиқод, бо умеди гирифтани савоб дар моҳи Рамазон рӯза дошта, намози таровеҳро барпо месозад, аз гуноҳҳояш халос гардида, монанди тифли навзод мегардад». (Аҳмад ибни Ҳанбал, Намаӣ).

Барпо доштани намози таровеҳ.

Намози таровеҳро танҳо баъд аз намози хуфтан мегузоранд. Намози Витр одатан дар моҳи шарифи Рамазон баъди намози таровеҳ гузошта мешавад. Дар намози 20- ракъатаи таровеҳ баъди ҳар ракъати дуввум ва ё чаҳорум “Салом” дода мешавад.

АСОСҲОИ МАЪРИФАТИ ИСЛОМӢ

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...