Пардохти Закот аз гуноҳҳо пок месозад

Пардохти Закот аз гуноҳҳо пок месозад

Пардохти Закот аз гуноҳҳо пок месозад

 

Закот дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд, ин кор барояшон хуб аст. Балки ин кор барояшон хеле бад аст. Он чизеро, ки бахилӣ кардаанд, рўзи қиёмат дар гарданашон овезон карда мешавад» (Сураи «Оли Имрон», ояти 180).

 

Ҳазрати Паёмбар ﷺ низ фармуданд: «Ҳар киро ки Худованд мол додааст ва ў закоти онро намедиҳад, дар рўзи қиёмат он ба сурати мори сиёҳ мешавад, ки ду то сиёҳӣ бар рўи чашмонаш дорад ва ўро дар ҳалқа мегирад ва ўро бо дандонаш мегазад ва мегўяд: «Ман моли туям, ман кони туям». Пас ояти болоро тиловат намуданд» (Бухорӣ).

 Закот барои чор намуд мол воҷиб мешавад, ки он пул, моли тиҷоратӣ, чорво ва ҳосилоти замин аст. Инчунин закот дар чизҳои қиматбаҳо монанди тилло ва нуқра ва он варақҳои пулие, ки дар ин рўзҳо истеъмол мешаванд, воҷиб аст. Илова бар ин, закот дар молҳое аз қабили матоъҳо, хўрокворӣ, нўшокӣ ва монанди инҳо, ки ба нияти тиҷорат ворид гардида, дар дўкону мағозаҳо ба фурўш монда шудаанд, воҷиб мегардад. Ба ҷуз инҳо закот дар он донагиҳо ва меваҳое, ки аз замин мерўяд, ҳамчунин дар чорво ба монанди шутур, гов, гўсфанду буз бо шартҳо ва равишҳои махсус, ки дар китобҳои фиқҳи исломӣ ҷамъоварӣ шудаанд, воҷиб аст.

Он чизе ки барои мо дар ин ҷо баёнаш муҳим аст, ду навъи закот аст: Яке закоти пул, дигаре закоти молҳои тиҷоратист, зеро аксари мардуми шаҳрнишин бо ин намуд муомилаҳо сарукор доранд.

Худованди ҳакиму доно ҳикматҳои волое дорад, ки закотро машруъ гардонидааст. Худованд бандагонашро ба пардохти закот амр намудааст, зеро бо додани закот фоидаҳои азим ва оқибатҳои накў ҳосил мешавад ва асари он ҳам дар диҳанда ва ҳам дар гиранда дида мешавад, агар он холис барои ризои Худованд ва ба пайравӣ аз Паёмбар ﷺ бошад. Молро барои ризои Худо сарф кардан бо вуҷуди дўст доштани мол нишонаи имон ва сабаби комёбӣ ба савоби азим ва мукофоти гароне аз ҷониби Худованди бениёз аст. Худованд мефармояд:

«Ва касоне, ки амволи худро шабу рўз, ошкору ниҳон нафақа мекунанд, пас барои онҳост аҷрашон дар назди Парвардигорашон ва ҳаросе барои онҳо нест ва на онҳо ғам мебинанд» (Сураи «Бақара», ояти 274).

Закот соҳиби худро аз гуноҳҳо пок месозад, ўро аз бахилию ҳарисӣ ва дигар ахлоқи паст ҳифз мекунад ва лоиқи ҳамҷавор будан ба Худованди мутаол дар ҷаннатулфирдавс мегардад. Худованд дар қазо навиштааст, ки бахил ҳаргиз ҳамҷавори ў намешавад. Дар адо намудани закот инсон аз бисёре аз азобҳои гуноҳ раҳо ёфта чандин мусибату балоҳо аз сараш дур мешаванд. Худованд мефармояд: «Ту аз амволи эшон садақа бигир, ки бо он эшонро тоҳиру пок месозӣ ва барои онҳо дуо намо. Ҳамоно ки дуои ту барояшон оромибахш аст ва Худованд шунаво ва доност» (Сураи «Тавба», ояти 103).

Дар баровардани закот мол покиза шуда он аз талафу нестӣ дар амон мемонад, ки ин ба сабаби омадани баракат дар амвол ва нумў кардани он аст. Дар «Саҳеҳ»-и Муслим омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳаргиз мол аз садақа кардан кам намешавад». Худованд низ мефармояд:

«Ва ҳар он чизеро, ки нафақа мекунед, пас Худованд онро бармегардонад. Ва ў беҳтарин ризқдиҳандагон аст» (Сураи «Сабаъ», ояти 39).

Яъне Худованд дар иваз аз он беҳтареро бармегардонад. Дар ҳадисе аз Паёмбар r ривоят шудааст, ки фармуданд: «Худованди таоло мегўяд: «Эй фарзанди Одам, молатро (барои Худо) бидеҳ, бароят медиҳанд. Худованди мутаол ғанӣ аст ва он чи дар назди Ўст, тамомшуданӣ нест, Ў каримест, ки бо фазлаш миннат мегузорад ва сипоспазирест, ки савоби нафақаро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират чанд баробар медиҳад» (Табаронӣ).

Ҳамчунин аз Паёмбар ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: «Ҳар ки закоти молашро адо намояд, аз ў бадии он дур мешавад».

Пас, бояд бо хушии дил закоти молро адо намуд, то хайру баракати он дар дунё ба даст омада дар охират аз савоби он бархўрдор шавем. Худованд ба ҳамагон тавфиқи аъмоли некў ва эҳсону саховат ато фармояд ва ҷумла амалҳои моро холис барои ризои худ гардонад. Омин.

 

Муҳаммадфарух Азимов

 

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...