Фазилат ва ҷойгоҳи қурбонӣ

Фазилат ва ҷойгоҳи қурбонӣ

Фазилат ва ҷойгоҳи қурбонӣ

Иди Қурбон яке аз идҳои исломӣ ба шумор рафта, ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад. Дар истилоҳи мардуми кишвари мо тоҷикон ин идро иди Қурбон мегӯянд, зеро дар ин рӯз тибқи суннати Иброҳим ва фармудаи Худову Расул ﷺ бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, ба камбизоатон қисме аз он гӯштро садақа мекунанд.

 

Чи тавре, ки дар иди Фитр, яъне ифтор ва хӯрдани баъди моҳи рӯза ё худ додани садақаи Фитр, ид ба Фитр нисбат дода шудааст, дар ин ҷо бошад, ид ба ҳамон суннати қадимаи қурбон нисбат дода шудааст, ки маънои иди наздик шудан ба Худост.

Аммо ин ид миёни мардуми араб иди Азҳо ном гирифта мешавад, ки ин ҳам ҳамон маънои иди қурбонӣ карданро дорост. Чорвое, ки дар ин рӯз кушта мешавад, узҳия, яъне қурбонӣ гуфта мешавад.

Дар дини мубини Ислом рӯзҳои хурсандиовару кӯмак ба якдигар ва зиёрати ҳамдигар хеле зиёд аст, аммо рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзи иди саиди Қурбон барои мусалмонон хеле машҳуру маъруф аст. Дар ин рӯзи ид чандин корҳое вуҷуд дорад, ки бо анҷом додани онҳо мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем, ҳамчунон ки Паёмбари гироми Ҳазрати Муҳаммад ﷺ фармудаанд: «Парвардигори шумо барои шумо ду рӯзеро ихтиёр кардааст, ки он аз ҳама рӯзҳо беҳтар аст».

Мақсад аз ин ду рӯз иди саиди Фитр ва иди саиди Қурбон мебошад. Дар дигар ҳадисҳои Паёмбари гиромии Ислом ﷺ омадааст, ки ин рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ, дӯстиву бародарӣ ва бахшидан аз якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан кӯмак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон аст. Шайх Фаридуддини Аттор дар ҳамин маъно мефармояд:

Ҳарки хандонад ятими хастаро,

Дар кушояд Ҷаннати дарбастаро.

Бояд мо бидонем, ки иди саиди Қурбон аз замони ҳазрати Иброҳим сарчашма мегирад. Ҳазрати Иброҳим бо фармони Худо ба сарзамини Фаластин рафт. Вақте ки аз ҳамсараш Соро фарзанд нашуд, бо Ҳоҷар издивоҷ кард ва аз ӯ фарзанде ба номи Исмоил ба дунё омад. Фармони Худованд шуд, ки Иброҳим бо ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил ба сарзамини Маккаи Мукаррама, ки дар он вақт танҳо як ҷазираи бе обу гиёҳ буд, сафар намуда, он ҷоро барои ҳамсару фарзанди азизаш ватан ихтиёр намуд.

Дар синни 12-солагии фарзандаш Исмоил ҳазрати Иброҳим мавриди имтиҳони бузурги Худованд қарор гирифт. Он рӯз 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа, ки рӯзи саиди Қурбон аст, ба қурбонӣ кардани фарзандаш маъмур шуд. Иброҳим бо фарзандаш Исмоил машварат намуд ва ҳар ду ба майдони қурбонгоҳ рафтанд, то ҷигаргӯшаашро қурбонӣ кунад. Дар ин ҳолат тамоми фариштагони осмон нолаву зорӣ ба боргоҳи Худованд менамуданд, то Иброҳим аз имтиҳони Худованд комёб шавад ва дуои онҳо иҷобат шуд. Ҳазрати Ҷабраил  бо гӯсфанде иваз аз Исмоил бо фармони Худованд бар замин фуруд омад ва Иброҳим ба ҷои фарзандаш гӯсфандро қурбонӣ намуд. Ба ҳамин хотир аст, ки тамоми мусалмонон дар рӯзи иди Қурбон гӯсфанд қурбонӣ мекунанд.

Намозу рӯза ибодати баданӣ ва ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ аст. Қурбонӣ низ яке аз ибодатҳои молӣ ба шумор меравад. Худованд дар Қуръон мефармояд: “Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ӯ қурбонӣ кун”. (“Кавсар”; 2)

Аз ҳазрати Оиша ривоят аст, ки Пайғамбар ﷺ фармуданд: “Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорпои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шоху мӯй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорпои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед”. (Тирмизӣ)

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар мефармояд: “Пайғамбари Ислом баъди ҳиҷрати худ аз Маккаи Мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи Мунаввара зиндагӣ ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд”.

 

Қурбонӣ ба кӣ воҷиб аст?

Қурбонӣ дар назди Имоми Аъзам воҷиб аст ва фатво низ бар ҳамин аст. Қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Нисоби закот ба ҳисоби имрӯза тақрибан ба 500 ҳазор рубл баробар мебошад. Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа аст. Агар дар ин рӯзҳо қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардан авлост. Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, бояд қимати моли қурбониро ба муҳтоҷону тангдастон садақа намояд. Агар шахсе хоҳад, ки қурбонии солҳои гузаштаашро диҳад, метавонад, ки пули қурбониро ба камбизоатон диҳад.

Агар дар як хона чанд бародар зиндагӣ кунанду ҳамагӣ соҳибнисоб бошанд, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб бошанду ҳамагӣ дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад.

 

Ин ақида ғалат аст

Бархе аз мардум бар ин ақидаанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан бар онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд. Ин ақида ғалат аст ва асоси шаръӣ ва илмӣ надорад, зеро ки шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватмандӣ аст.

 

Моли қурбонӣ

Қурбонӣ танҳо аз чорпоёни хонагӣ, яъне шутур, гов, говмеш ва бузу гӯсфанд дуруст мешавад. Забҳ кардани ҳайвони ваҳшӣ дар қурбонӣ ҷоиз нест.

Моли қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Бузу гӯсфанд бояд аз яксола боло бошад, вале агар аз 6-моҳа боло буда, чунон солиму фарбеҳ бошад, ки монанд яксола ба назар намояд, қурбонӣ кардани он ҷоиз аст. Гов бояд аз дусола ва шутур аз панҷсола боло бошад. Шир ё пашми моли қурбониро гирифтан ва фурӯхтан ҷоиз нест. Агар касе чунин кард, бояд ба миқдори он садақа кунад.

Агар ҳайвон хилқатан шох надошта бошад, забҳи он барои қурбонӣ ҷоиз аст. Агар як қисмати шохи ҳайвон шикаста ё қатъшуда бошад, забҳи он низ дуруст аст. Аммо агар шикастагии он аз бехи шох бошад, қурбонӣ кардани он дуруст нест.

Ҳамчунин агар ҳар ду чашми ҳайвон ё як чашми он нобино бошад ё бағоят лоғар бошад, ки дар устухони он мағз набошад ё дандонҳояш шикаста бошад ё гӯш ва ё думаш қатъ шуда бошад, забҳи он ҷоиз нест. Аммо агар аз се ду ҳиссаи гӯши ҳайвон боқӣ бошад, забҳи он ҷоиз мебошад.

 

Барои қурбоникунанда чӣ ҷоиз аст?

Барои қурбоникунанда ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонии худ бихӯрад. Ҳамчунин барои ӯ ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонӣ ба фақирону сарватмандон таом диҳад. Афзал ин аст, ки гӯшти қурбониро ба се ҳисса тақсим намуда, як ҳиссаи онро садақа диҳад, як ҳиссаи дигарро барои хонаводаи худ сарф кунад ва як ҳиссаи боқимондаро ба ятимону маъюбону бепарасторон тақсим намояд.

Аз Анас ривоят аст, ки Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ӯ шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ӯро вориди биҳишт мекунад». (Байҳақӣ).

Ҳамон тавр ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.

Ҳар шахси мусалмон бояд тибқи фармудаи Худованд ва Расулаш амал намуда, барои дастгирӣ намудан аз бенавоёну бечорагон кӯшиш намояд. Ҳама гуна хайру саховате, ки аз ҷониби инсон иҷро мегардад, агар дар ҳамон ҷое, ки шариат фармудааст, анҷом наёбад, онро Худованд қабул нахоҳад кард. «Хошияти Таҳтовӣ»

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...