Дини сулҳу ваҳдат

Дини сулҳу ваҳдат

Дини сулҳу ваҳдат

Дини мубини Ислом дини сулҳу оромиши инсонҳо аст. Пайғамбари ислом ﷺ низ гуфтааст, ки суханоне, ки боиси ислоҳи муносибати байни одамон мешаванд ва миёни онҳо оштӣ меандозанд, дурўғ ҳисобида намешаванд (Бухорӣ). Мисоли дигаре аз рўзгори Пайғамбари ислом ﷺ: ҳангоми фатҳи Макка мушрикон қатли ом шуданро интизор буданд, вале Пайғамбар ﷺ рехтани хуни касеро нахоста, боварии душманони хуниашро ҳифз карда, онҳоро озод гузоштааст. Мусулмонон пайравони дигар динҳоро дар ҳар давру замон муҳофизат карда, пеши роҳи боварӣ ва эътиқодоти онҳоро нагирифта, онҳоро озод гузоштаанд.

 

Бар мо лозим аст, ки мардумро ба сулҳу амонӣ даъват кунем ва бифаҳмонем, ки Ислом аз террору зўроварӣ безор аст. Ҳар гоҳе ки инро бидонанд, силоҳҳо ба гулҳо табдил мешаванд ва дар байни ҳамагон дўстӣ ва муҳаббат пайдо мешавад, бо вуҷуди он ки дину оинашон дигаргун бошад.

Ислом як қонуни илоҳист ва ҳаргиз дида нашудааст, ки бо тамаддуне бархўрд карда бошад, валекин таассуби кўркўрона ва ноогоҳӣ аз ҳақиқати Ислом – афсўс, ки – сурати мусулмононро тағйир додааст. Вақте ки мусулмонон дар Макка бо мушрикон буданд, ҳамеша мехостанд, ки зиндагонии сулҳомез дошта бошанд. Вақте ки ба Мадина рафтанд, ин ҷамъият васеътар гардид. Мусулмонон ҳамроҳи яҳудиҳо, насрониҳо ва ғайримусулмонон якҷоя зиндагӣ мекарданд. Худованд дар сураи «Мумтаҳина», ояти 8 мефармояд: «Худованд шуморо бознамедорад аз касоне, ки ҳамроҳи шумо дар дин наҷангидан ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, ин ки бо онҳо накўӣ кунед».

Моро зарур ва ҳатмӣ аст, ки ҳамеша бо ҳамдигар, хусусан бар ҷавонон неъмати оромӣ ва осудаҳолиро бифаҳмонем. Одатан инсон ҳангоме ки дар оғуши неъмат бошад, қадри онро намедонад, он гоҳ ки неъмат аз ӯ дур шавад, пас дарк мекунад, ки неъмати оромӣ чӣ будааст.

Дар Қуръон ва аҳодиси Паёмбар ﷺ низ ин масоил возеҳ ва равшан баён шудааст. Худованд дар Қуръон аз забони ҳазрати Иброҳим  чунин мефармояд:

«Эй Парвардигори ман, ин маконро шаҳри боамн бисоз ва аз сокинонаш касеро, ки ба Худо ва рӯзи бозпасин имон оварад, аз меваҳо рӯзӣ деҳ!»  (сураи «Бақара» ояти 126).

Дар ин оят ҳам масъалаи амният ва ҳам масъалаи иқтисод мадди назар қарор гирифтааст.

Акнун ба аҳодиси Паёмбар ﷺ назар меафканем, то дар ин маврид чи гуфтаҳо пайдо хоҳем кард.

Имоми Бухорӣ  ривоят мекунад, ки Расули Худо ﷺ фармудаанд:

«Кадом нафаре аз шумо субҳ аз хоб хезад, ҳоло он ки дар ҳолати амну оромӣ қарор дорад ва ҳеҷ хавфу хатар ӯро таҳдид намекунад ва сиҳату саломат мебошад, беморие дар худ намебинад, дар назди ӯ рӯзии якрӯза мебошад, пас мисли ин аст, ки тамоми дунё бо хушиҳояш ба суроғи ӯ омада бошад» (Бухорӣ).

Маълум аст, ки агар оромӣ ва тани сиҳат набошад, тамоми шириниҳои дунё ба коми инсон талх хоҳад буд ва инсон розӣ мешавад, ки ҳамаи дунёро диҳад ва ин ду неъматро ба даст орад.

Дар ҳадиси дигар омадааст: «Ду неъмати бузург аст, ки аксари мардум аз он ду  неъмат ғофиланд, яке оромӣ дигаре тани сиҳат» (Бухорӣ).

Пайғамбарамон ба мо адаб омўхта мефармоянд, ки дар ҳолати ҷанҷоли байни якдигарӣ ба салом гуфтан шитоб кунед. Салом калимаест, ки башарият ба он сахт эҳтиёҷ дорад. Дар ҳама гўшаву канори олам ҷангҳо, таркишҳо ва харобиҳо ба вуқуъ меоянд, ки шайтонҳои инсӣ ин оташро меафрўзанд. Худо паноҳ диҳад. Аз аввалин рўзҳо Ислом ба сулҳу саломатӣ даъват мекунад. Худованд мегўяд: «Эй мардум, ҳамагӣ сулҳ бандед ва пайрави шайтон набошед». (Сураи «Бақара», ояти 208).

 

Азимов Мухамадфарук

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...