Намози Иди фитр

Намози Иди фитр

Нияти намози Иди фитр. Ният кардам, бигузорам ду ракаъат намози Иди фитри Рамазон бо ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллилоҳи таъоло Аллоҳу акбар.

 

Ғайр аз он (пас аз кушойиши таҳрима) имом ва намозгузорон дуои ифтитоҳ (сано) -ро мехонанд, ки пас аз он ҳамаи онҳо се такбири иловагӣ мехонанд ва ҳар яки онҳо дастҳояшонро баланд мекунанд.

Пас аз он Имом оромона Аузу ва Бисмилоро тиловат мекунад ва пас Фотиҳа ва Сураро (баланд) мехонад. Беҳтар аст, ки ин сура «Саббиҳисми раббикал-аъла ...» бошад. Намозгузорон хомуш истода имомро гӯш мекунанд. Сипас рукуъ ва ду саҷдаро мекунад ва бо ин ракъатро ба итмом мерасонанд.

Дар ракъати дуввум истода, имом бо Бисмилоҳ оғоз мекунад (оромона), пас аз он Фотиҳа ва (беҳтараш) сураи Гошия (ҳарду баланд хонда мешаванд) намозгузорон хомушона гӯш мекунанд. Сипас, дар ин ракъати дуввум се такбири иловагӣ мехонанд ва дастҳояшонро барои ҳар кадоми онҳо боло мебардорад.

 Пас аз намоз, имом ду хутба мехонад, ки дар он (ҷамоъат) аҳкоми марбут ба садақаи фитрро меомӯзонад.

 

Амалҳои суннат дар рӯзи Ид

 Дар рӯзи ид (якуми шаввол) пеш аз намози ид миқдори тоқе хурмо ё чизи дигаре (ширин) бихӯред, тавре ки пайғамбар Муҳаммад ﷺ , рӯзи ид хурмо хӯрд ва ба миқдори тоқ хӯрд.

Ғусл кардан, бухур кардан, истифодаи мисивок, пӯшидани либоси беҳтарин, садақа додан. Пеш аз оғози намози ид шахс бояд пиёда равад ва оромона такбир хонад ва барои бозгашт (ба хона) ӯ роҳи дигарро пеш мегирад.

 

 

 

Азимов Мухаммад фарук

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...