Ӯ дар дили миллионҳост

Ӯ дар дили миллионҳост

Ӯ дар дили миллионҳост

Зиндагии Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад ﷺ

Таввалуд.

Паёмбари Худо ﷺ дар шаҳри Маккаи мукаррама субҳи рӯзи душанбе 12-уми Рабиул-аввал мувофиқ ба 20-уми апрели соли 571 мелодӣ ба дунё омадааст.

Насаб ва тарбия.

Ӯ аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба Банӣ Ҳошим мансуб аст. Падари ӯ Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва баъди 2-моҳи ҳомиладории завҷааш аз дунё рахти сафар баст. Баъд аз шаш сол модараш Омина, низ зиндагиро падруд гуфт. Тарбияи Паёмбари Худо ﷺ -ро аввал бобояш Абдулмуталлиб ба зимма гирифт, аммо дар синни 8-солагии Паёмбар бобояш низ аз дунё мегузарад, сипас парастории ӯро амакаш Абутолиб ба зимма мегирад. Ҳанӯз дар айёми наврасӣ Паёмбари Худо ﷺ амакаш Абӯтолибро дар сафарҳои тиҷоратиаш ба Сурия ҳамроҳӣ кардааст ва ҳамон вақт дар шаҳри Бусро, аз рӯи ривоятҳо, роҳибе бо номи Буҳайро ояндаи бузурги Паёмбар ﷺ -ро ба Абӯтолиб пешгӯӣ намудааст. Ҳазрати Муҳаммад ﷺ то бистучорсолагиаш дар хизмати амакҳояш буд ва ҳангоми хизмат дар байни ҳамқабилаҳояш бо покӣ, баимонӣ, хушгуфторӣ ва бовиҷдонӣ маъруфият ёфт ва аз ин рӯ ӯро «Амин» мехонданд.

Аминӣ ва бовиҷдонии он Ҳазрат ﷺ таваҷҷуҳи Бибӣ Хадиҷа ﷺ * - яке аз занҳои сарватманди Маккаро ба худ ҷазб кард, аз ин рӯ, Паёмбари Худоро дар корҳои тиҷоратии хеш ҷалб намуд. Ҳазрати Хадиҷа (рз) - зани бешавҳари бодавлат, аз хешовандони дури Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), духтари Хувайлид, набераи Абдуманоф буд. Паёмбари Худо ﷺ корвони тиҷории Хадичаро ба Сурия бурд ва бо фоидаи зиёд баргашт. Баъд аз ин сафар ва соле баъд тӯйи хонадории онҳо баргузор шуд. Он замон Ҳазрати Хадиҷа (рз) чил сол дошт ва Ҳазрати Муҳаммад ﷺ биступанҷсола буданд. Издивоҷ ҳаёти онҳоро рангин сохт. Ҳазрати Муҳаммад ﷺ дар умум ҳафт фарзанд дошт, ки аз онҳо 3-тояш писар буд. Писарон дар айёми тифлӣ оламро падруд гуфтанд. Духтаронашон Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум ва

Фотима ба воя расиданд. Духтари охирин ҳангоми 51-солагии Хадиҷа ба дунё омад, баъд аз ин ӯ боз 14 соли дигар зиндагӣ кард ва дар синни 65-солагиаш ин дунёро падруд гуфт.

Ҳаёти шахсии Паёмбар ﷺ муътадил буд. Ӯ завҷа ва фарзандонашро дӯст медошт. Духтари калонӣ ба шавҳар баромадаву дуюмӣ дар фотиҳа буд.

Паёмбари Худо ﷺ ба Ҳазрати Алӣ (разиаллоҳу анҳу) писари амакаш Абӯтолиб ва ба писархондаш Зайд ибни Ҳориса (разиаллоҳу анҳу) меҳри беандоза мепарварид. Зайд ғулом буд. Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ӯро озод намуд ва писархонд гирифт. Ҳамаи наздикону ҳамсуҳбатон Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро барои некию накӯкориашон дӯст медоштанд.

Аз рӯи ривоятҳо Ҳазрати Муҳаммад ﷺ шаш моҳ қабл аз паёмбариаш моҳеро дар кӯҳи Ҳиро, наздикии Макка, дар танҳоӣ ба ибодат сипарӣ мекард. Ақли гиро, заковати беҳамтояш он донишҳоеро, ки аз зиндагии ҳаррӯза мегирифт, ҳазм менамуд ва меомӯхт. Дар ниҳоди ӯ ﷺ ақидае устувор мегашт, ки бутҳои берӯҳу беқувват худои онҳо нестанд, Худои ҳақиқӣ ягона аст, бузургу беҳамтова ғолиб бар ҳама аст.

Ҳангоме ки синни мубораки Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ба чил солагӣ расид, дар моҳи Рамазони соли 610, дар ғори Ҳиро фариштаи ваҳй аввалин пайғоми илоҳӣ, яъне панҷ ояти сураи «Алақ»-ро ба ӯ нозил кард:

«(Эй Расули Худо, бархезу Қуръонро) ба номи Парвардигорат, ки Худой офаринандаи олам аст, бар халқ қироат кун. Он Худое, ки одамиро аз хуни баста биофарид. Бихон! Парвардигори ту каримтарини каримони олам аст. Он Худое, ки башарро илми навиштан ба қалам омӯхт ва ба одам он чиро, ки намедонист, ба илҳоми худ таълим дод» (Сураи «Алақ», ояти 1-5).

Ҳазрати Муҳаммад ﷺ бо як ҳаяҷони зиёде ба хона баргашт. Ҳазрати Хадиҷа бо диққат ва бо бовари том нақли ӯро шунид. Варқа, хеши Хадиҷа, ки ба ин муносибат даъват шуда буд, гуфт: «Эҳтимол суханат рост аст. Эй Хадиҷа, шояд ба ӯ Номуси Акбар (Ҷибраил) омадааст, оне, ки ба Мӯсо (алайҳисалом) меомад ва дар ин ҳол Муҳаммад ﷺ Паёмбари ин уммат хоҳад шуд».

Баъд аз ин ваҳйи дуюм ба Ҳазрати Муҳаммад ﷺ нозил шуд:

«Ало, ай Расуле, ки худро бо либоспечидаӣ. Бархез ва халқро худотарс гардон. Ва Худоро ба бузургӣ ва кибриёӣ ёд кун. Ва либос (ҷону тан)-ро аз ҳар айб ва олойиш пок ва покиза дор. Ва аз нопокӣ (бут ва бутпарастон) ба куллӣ дурӣ гузин. Ва ба ҳар кӣ эҳсон кунӣ, абадан миннат магузор. Ва барои Худо сабру шикебоӣ пеш гир». (Сураи «»Мудассир», ояти 1-7)

Баъд аз ваҳйи дуюм Ҳазрати Муҳаммад ﷺ баҳри иҷрои дастуроти аз осмон нозилшуда пардохт. Дини мубини Ислом рӯз ба рӯз рушд меёфт. Дар соли 617 қурайшиҳо бо мусалмонон ҳамаи доду гирифтро қатъ намуданд. Соли 619 Ҳазрати Хадиҷа ва баъд аз чанд ҳафтаи дигар Абӯтолиб аз дунё реҳлат карданд. Зиндагӣ дар Макка ба мусалмонон, ки таъқиб мешуданд, танг гашт. Ҳазрати Муҳаммад ﷺ бо умматонаш ба Ясриб (Мадинаи мунаварра) ҳиҷрат намуд. Дар ин шаҳр муттасил одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба ислом мегаравиданд. Охири соли 629, аввали соли 630 Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ба Макка баргашт. Наздик шудани сафари охиратро Паёмбари Худо ﷺ эҳсос намуд. Моҳи марти соли 632 бо 124 ҳазор мусалмон маросими Ҳаҷро ба ҷо овард, дар назди ҳозирин ваъз гуфт ва бо овози баланд таъкид кард, ки вазифаашро ҳамчун Паёмбари Худо ба ҷо овард. 8-уми июни соли 632 ба масҷид омад, бо намозгузорон видоъ намуд, баъд аз чанд соат дар рӯи дасти завҷаи маҳбубаш Ҳазрати Оиша (рз), духтари халифаи Расулаллоҳ Ҳазрати Абубакри сиддиқ (рз), аз олам чашм пӯшид.

Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва салам) рӯзи душанбе, 12-уми рабиул-аввали соли 11 ҳиҷрӣ, баробар ба 8-уми июни соли 632 дар Мадинаи мунаварра маъвои абадӣ ёфт ва оромгоҳаш зиёратгоҳи мусалмонон гардид. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шуморо ба моҳи милоди Паёмбар(салаллоҳу алайҳи ва салам) табрик менамоям!!!

Мавлуд муборак!!!

Ҳомидов Абдулвоҳид, мутахассиси Раёсати фатво

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Саволу ҷавоб

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад? Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ...


Фазилати Иди Курбон

Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон саршор аз меҳру саховат ва ҳимматбаландии мардуми мусулмон (чи марду чи зан) мебошад. Пинҳон нест, ки маънӣ ва фалсафаи бузурги иди Қурбон ба қадри якдигар расидан ва боҳамдигар наздик шудан маҳсуб гардида, ин рўз...


Чаро кӯдак дар хобаш гап мезанад?

Дар хобаш гап задани шахсро дар тиб «сомнилоквия» меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад.   Бояд гуфт, ки ин...


Чемпионати Осиё: Парвиз Каримов ба финал рох ёфт

Дар шахри Улан-Батори Мугулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рузи нухуми мусобика ракобатхои мархили нимнихой баргузор шуда истодаанд. Дар ин мархилаи мусобика кишвари моро Мичгона Самадова (57 кг), Некруз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагй карданд. Мичгона ва Некруз...


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...