Издивоҷ дар ислом

Издивоҷ дар ислом

Ҳукми издивоҷ аз дидгоҳи шариъат дар баъзе ҳолатҳо воҷиб ва дар баъзе ҳолатҳои дигар суннат ва инчунин мубоҳ ва ҳатто макруҳ низ мегардад.

Аммо воҷиб буданаш дар шароитест, ки шаҳваташ зиёд аст, ва агар издивоҷ накунад, мумкин аст, муртакиби гуноҳ, яъне зино, ливота ва ё дигар кори ҳаром бишавад.

Расули карим алайҳис-салоту вас-салом мефармояд:

{إذا تَزَوَّجَ العَبْدُ فَقَدِ اسْتَكْمَلَ نِصْفَ الدِّينِ فَلْيَتَّقِ الله في النِّصْفِ الباقِي.} (ورواه الطبراني و البيهقى فى شعب الإيمان :4/382 ،حىيث رقم 5486 و رواه الحاكم و صححه فهو حديث حسن لغيره .انظرصحيح الجامع حديث رقم:430)

«Шахсе, ки зан бигирад, ба ростӣ нисфи динашро комил кардааст, пас дар нисфи боқимондаи динаш аз Худо битарсад.»

Уламои киром ба оятҳои Қуръони карим ва аҳодиси набави назар карда, гуфтаанд, ки афъоли зишт, мисли зино ва ливота дар шариъат ҳароманд ва иҷтиноб аз ҳаром воҷиб аст. Бинобар ин издивоҷ, ки сабаби дӯр будан аз ҳаром шуда метавонад, ҳукмаш воҷиб аст, то ба сабаби издивоҷ, аз афъоли ҳаром парҳез карда битавонад.

Ин воҷиб будаи никоҳ бар уҳдаи шахсонест, ки қудрати зан гирифтанро доранд; яъне ба адои маҳр, нафақа, хона барои зиндагии якҷояи ҳамсарон қодиранд, вале ашхосе, ки ба адои маҳру нафақа қодир намебошанд, издивоҷ бар онҳо воҷиб нест. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки пас ин ашхос чӣ кор бикунанд, то муртакиби гуноҳ нашаванд?

Ҷавоб: Бояд чунин ашхос яке аз ин умури зеринро ихтиёр намоянд:

1. Агар ба издивоҷи духтари бикр қодир нест, вале издивоҷи зани шавҳардида барояш муясар аст, бо чунин зан издивоҷ бикунад, агарчӣ он зан аз вай бузургсолтар ва соҳиби чанд фарзанд ҳам бошад. Зеро пешвои башарият ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салам ҳангоми бисту панҷ солагияш бо модари муъминон ҳазрати Хадиҷа разияллоҳу анҳа издивоҷ кардааст, ки ҳазрати Хадиҷа разияллоҳу анҳа чиҳил сол умр доштанд ва соҳиби чанд фарзанд буданд.

2. Босаброна ҳамроҳ бо ҷаҳду кушиш барои ҳосил кардани пӯлу мол аз Аллоҳ таъоло талаб намояд, то ҳосил кардани маҳру нафақро барояшон осон бигардонад. Зеро розигӣ ва мадади Аллоҳ бо шахсонест, ки дар умури дину дунё сабркунандаанд:

{إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ} ( البقره : 153)

«Ҳар оина Аллоҳ бо собирон аст»

3. Иқдом ба ӯмуре бикунад, ки сабаби паст шудани ҷунуни шаҳват шуда битавонанд. Ба таври мисол ба тоъату ибодат, касбу кор ва меҳнати ҳалоли пурмашаққат, ки боиси масрафи зиёди неру ва қудрати ҷисмонӣ мебошанд, машғул шавад. Чуноне медонем аз ҷумлаи василаҳои муфид барои кам кардани шаҳват рӯза доштан аст ва дар ин мавзуъ Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва салам мефармояд:

{يَا مَعْشَرَ الشَّبَابِ مَنِ اسْتَطَاعَ مِنْكُمُ الْبَاءَةَ فَلْيَتَزَوَّجْ، وَمَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ فَعَلَيْهِ بِالصَّوْمِ فَإِنَّهُ لَهُ وِجَاءٌ} (متفق علیه)

«Эй ҷамоъати ҷавонон! Ба касе аз шумоён масорифи издивоҷ муяссар аст,пас бояд издивоҷ бикунад. Аммо касе чунин қудрат надошта бошад, пас бояд рӯза бигирад,чун рӯза (сабаби) ҳифзи вай ҳоҳад шуд.»

Аммо суннат будани издивоҷ дар ҳолати иътидол аст; яъне дар ҳолатест, ки шаҳват зиёд набошад, ва худро аз амалҳои зишт, амсоли зино ва ливота нигаҳ карда битавонад.

Дар ин мавзуъ аз Расулуллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам чунин ривоят шудааст:

{لما كان من أمر عثمان بن مظعون الذي كان من ترك النساء بعث إليه رسول الله صلى الله عليه و سلم فقال يا عثمان اني لم أومر بالرهبانية أرغبت عن سنتي؟ قال: لا يا رسول الله! قال: ان من سنتي ان أصلي وأنام وأصوم وأطعم وأنكح وأطلق فمن رغب عن سنتي فليس مني يا عثمان! ان لأهلك عليك حقا ولنفسك عليك حقا .} (رواه الدارمي و قال حسين سليم أسد : إسناده صحيح والحديث متفق عليه کما فی سنن الدارمي – :2 / 179 )

«Ҳангоме Усмон ибни Мазъун иродаи тарки издвоҷ кард, Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам ба вай гуфт: Эй Усмон, ман маъмур нашудаам, ки роҳибиро суннат бикунам ва анҷом бидиҳам, оё ту аз суннати ман эъроз менамоӣ? Усмон гуфт: Не! Пайғамбар саллалоҳу алайҳи ва саллам гуфт: Аз ҷумлаи суннати ман ин аст, ки қисмате аз шабро намоз мехонаму ва қисмати дигари онро хоб меравам, баъзе рӯзҳоро рӯза медорам ва баъзе рӯзҳои дигарро ифтор мекунам ва издивоҷ мекунам ва талоқ медиҳам. Аз ин рӯ бидон Усмон, ки касе аз суннати ман рӯ мегардонад аз уммати ман намебошад. Завҷаи ту болоят ҳақ дорад ва нафсат болоят ҳақ дорад.»

Аммо мубоҳ будани издивоҷ дар ҳолатест, ки як зан дорад, вале мехоҳад, ки боз издивоҷ бикунад ва макруҳ буданаш дар ҳолатест, ки қодир ба алоқаи ҷинсӣ нест ва бо чунин ҳолат занеро фиреб медиҳад ва бо вай издивоҷ мекунад.

ПОРАЕ АЗ КИТОБИ «ИЗДИВОҶ»

Муаллиф

Ғайбулло Мирзозода

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...