Фазилати даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа

Фазилати даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа

Фазилати даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа

Аз фазлу раҳмати Худованд аст, ки дар тайи сол барои бандагони худ мавсимҳое қарор медиҳад, то дар он ба аъмоли солеҳ бипардозанд. Яке аз ин мавсимҳои исломӣ даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа аст.

 

Дар фазилат ва бузургии ин даҳаи муборак далелҳои бисёре аз Қуръону суннат ворид шудааст:

Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – мефармояд: «Қасам ба сапедадам ва қасам ба шабҳои даҳгона». (Фаҷр; 1-2).

Дар тафсири ин оят омада, ки: «Манзур аз ин даҳ шаб даҳаи Зулҳиҷҷа аст, ҳамон тавре ки Ибни Аббос, Ибни Зубайр, Муҷоҳид ва дигарон гуфтаанд». (Бухорӣ)

  1. Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – мефармояд: «Ва номи Аллоҳро ёд кунанд дар рўзҳои мушаххас». (Ҳаҷ; 28). Ибни Аббос дар тафсири худ мегўяд: «Яъне рўзҳои даҳгонаи Зулҳиҷҷа».
  2. Аз Ибни Умар ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Ҳеч айёме нест, ки амали солеҳ дар он маҳбубтар аз ин айёми даҳгона бошад, пас дар ин рўзҳо таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу Акбар) ва таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) бисёр бигўед». (Аҳмад)

 

Аъмоле, ки дар ин даҳа мустаҳаб аст

  1. Намоз: Дар ин айём зуд рафтан барои анҷоми фароиз дар масҷид ва бисёр анҷом додани ибодоти нафлӣ мустаҳаб аст, зеро ин аъмол аз ҷумлаи беҳтарин қурбатҳост. Савбон мегўяд: Шунидам, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Бар ту бод бисёр саҷда бурдан барои Аллоҳ, ки ту саҷдае барои Аллоҳ намебарӣ, магар он ки Аллоҳ туро ба хотири он дараҷае боло мебарад ва гуноҳеро аз гуноҳонат пок мекунад». (Муслим) Ин фазилат дар тамоми сол вуҷуд дорад.
  2. Рўза: Аз Ҳунайда ибни Холид аз ҳамсараш ва ў аз баъзе ҳамсарони Расули Худо ﷺ ривоят мекунад, ки «Пайғамбари Худо ﷺ нуҳуми Зулҳиҷҷа, рўзи Ошўро ва се рўз аз ҳар моҳро рўза мегирифт». (Аҳмад)
  3. Такбир, таҳлил ва таҳмид: Ба далели он чи дар ҳадиси Ибни Умар гузашт: «Пас дар ин рўзҳо таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу Акбар) ва таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) бисёр бигўед». Равиши гуфтани такбир чунин аст: «Аллоҳу Акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳу Акбару ва лиллоҳи-л-ҳамд».
  4. Рўзаи рўзи Арафа: Рўзаи Арафа ба далели он чи аз Пайғамбар ﷺ дар ин маврид ба субут расидааст, мустаҳаб мебошад. Пайғамбар ﷺ мефармояд: «Ман аз Худованди мутаъол умед дорам, ки рўзаи рўзи Арафа каффорати гуноҳони як соли қабл ва як соли баъд гардад». (Муслим). Аммо ҳоҷие, ки дар Арафот ҳозир бошад, рўза барояш мустаҳаб нест, зеро Расули Худо ﷺ дар ҳоле ки дар Арафа вуқуф намуданд, рўзадор набуданд.
  5. Фазилати рўзи қурбонӣ: Ба назари бархе аз донишмандон ин рўз мутлақан беҳтарин рўзи сол, ҳатто беҳтар аз рўзи Арафа аст. Чунонки дар Сунани Абўдовуд аз Расули Худо ﷺ ривоят аст, ки фармуданд: «Бузургтарин айём назди Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – рўзи Наҳр аст ва пас аз он рўзи Қар». Рўзи Қар рўзи истодан дар Мино, яъне рўзи ёздаҳуми Зулҳиҷҷа аст. Гуфта шудааст, ки Рўзи Арафа беҳтар аст, зеро рўзаи он каффорати гуноҳони дусола аст. Худованд моро ба қадрдонии ин мавсими хайр муваффақ бидорад! «Танбиҳул Ғофилин»

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...