Иди Қурбон

Иди Қурбон

Маънои калимаи «қурбон» наздикшавӣ мебошад. Қурбонӣ кардан, ба хотири наздик шавӣ ба Аллоҳ Таъоло аз молу амволи эҳсонкардаи Худованд, ҳайвонеро (гӯсфанд, уштур, гов) қурбонӣ кардан аст.

Қурбонӣ кардан дар рўзҳои иди Қурбон ин ибодатест, ки бо василаи мол анҷом ёфта, амри воҷиб ҳисобида мешавад. Дар соли дуюми ҳиҷрӣ дар бораи ба ҷо овардани чунин намуди ибодат ваҳй нозил гардид. Қурбониро ба номи Аллоҳ Таъоло чун нишонаи шукру сипосгузорӣ барои неъматҳо ва наздик шудан ба раҳмату марҳамати Ў ба ҷо меоваранд. Чун қурбонӣ ибодати молист, дар дини ислом ҷойгоҳи хосса дорад. Қурбонӣ яке аз шиорҳои ислом аст, ба он хотир ки мутобиқи суннати Иброҳим ҷонвареро сидқан барои ризои Худо забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша ривоят аст, ки Пайғамбар ﷺ фармудаанд: “Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорвои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шоху мӯй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорвои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед”. (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа)

Расулуллоҳ ﷺ дар Мадина бардавом қурбонӣ мекард ва дар айёми Ҳаҷ 63 қурбонӣ кардааст, ки шояд солҳои умрашонро ба инобат гирифтааст. Дар яке аз ҳадисҳои мубораки Паёмбар ﷺ гуфта шудааст: “Аз ҳама бадтарини одамони хасис – онҳоеанд, ки қурбониро ба ҷо намеоранд, гарчанде бояд инро анҷом медоданд”. Паёмбар ﷺ дар рўзи иди Қурбон ду ҳайвонро қурбонӣ мекард. Якеро аз барои худ, дигареро аз барои уммат. Мусалмонони сарватманд бо мақсади боз бештар соҳиб шудани марҳамати Парвардигор шудан доранд, ҳамчунин ду ва ё зиёда ҳайвонро қурбонӣ мекунанд. Қурбонӣ кардан на танҳо ба покизашавии рўҳонии шахси боимон мусоидат мекунад, балки инчунин қисми гуруснаи аҳолии дунёро, ҳатто агар чанд вақт ҳам бошад, ба ғизо таъмин мекунад.

Барои кӣ Қурбонӣ кардан ҳатмӣ мебошад

Аллоҳ Таъоло мефармояд: «Пас, барои Парвардигори худ намоз гузор ва қурбонӣ кун!». (Сураи Кавсар, 2).

Бояд шахси қурбоникунанда:

1) Мусалмон;

2) Оқил;

3) Ба балоғат расида;

4) Озод (ғулом набошад);

5) Дар мусофират набошад;

6) Ба миқдори нисоб (моле, ки арзишаш баробари 80 г тилло бошад тақрибан 370 хазор рубл мебошаб) мол дошта (тамоми сол доштани нисоби мол ҳатмӣ нест) бошад;

Кай ва чӣ гуна Қурбонӣ ба ҷо оварда мешавад

Қурбониро дар се рўзи иди Қурбон ба ҷо меоваранд. Беҳтараш рўзи аввали ид мебошад. Дар шаҳрҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин, куҷое, ки намози ид баргузор мегардад, баъд аз анҷоми намоз маросими қурбонӣ ба ҷо оварда мешавад. Вале дар рустоҳое, ки дар он ҷо намози ид хонда намешавад, қурбониро баробари фаро расидани субҳидам ба ҷо меоваранд. Дар ҳадиси муборак гуфта шудааст: “Имрўз (яъне дар рўзи ид) кори аввалини мо ин хондани намози (идона), баъд қурбониро ба ҷо овардан мебошад. Касе, ки чунин мекунанд, ў суннати моро ба ҷо меоварад. Агар касе қурбониро пеш аз ин (намоз) анҷом бидиҳад, ин чиз гўшти оддии барои аҳли хонадон додашуда ҳисобида мешавад”. (Бухорӣ ва Муслим).

Қурбониро дар шаб кардан макрўҳ мебошад, чунки дар торикӣ шахс метавонад ба хатое роҳ диҳад. Агар ҷои қурбонӣ хуб равшан бошад, ин амал макрўҳ ҳисобида намешавад. Баъди намози хуфтани рўзи сеюми ид қурбонӣ кардан манъ аст. Ҳар касе, ки қурбониро сар бурида метавонад, бояд ин корро худаш анҷом диҳад ва агар натавонад, метавонад дигар мусалмонро фармояд. Ҳайвони барои қурбонӣ пешбинӣ шударо эҳтиёткорона мебояд забҳ намуд. Барои он ки он азоб накашад, корд бояд тез бошад. Ҳайвонро аз пояш кашола карда, то ҷои сарбурӣ бурдан дуруст нест. Дар ҳолате, ки пойҳои он баста шудаанд, баъд кордро ҷустуҷўй намудан, ё кордро дар ин вақт тез кардан, ё ки дар пеши чашми як ҳайвон ҳайвони дигарро сар буридан, аз амалҳои нодуруст дониста мешаванд. Ҳамаи ин таъкидҳо ва дигар амалҳои дақиқу боназокат аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бояд муносибат ба ҳамаи махлуқи Аллоҳ Таъоло бодиққат ва боадабона сурат бигирад. Ҳайвони ҳомиладорро қурбонӣ кардан макрӯҳ аст. Вақти қурбонӣ ҳайвонро набояд азият дод. Ҳайвонро задан аз ахлоқи мусулмонӣ нест. Корди тез ва макони тоза шарт аст. Баъди қурбонӣ кардан, маконро дубора тоза бояд кард. Тозагӣ аз имон аст.

Нафаре, ки мехоҳад қурбонӣ кунад, нафареро вакил мекунад ва маблағи қурбониро ба он фард медиҳад ва ё равон мекунад ва он фард қурбонӣ мекунад. Нафаре мехоҳад, ки қурбонӣ кунад, аммо дар дасти дигарон пул дораду дар дасти худ пули нақд надорад, ки чорвое барои қурбонӣ гирад. Он вақт метавонад, чун қарз чорвое гираду қурбонӣ кунад. Қарз гирифта чорво харидорӣ намуда қӯрбонӣ кардан ҳам ҷоиз аст. Ҳар як шахс метавонад, савоби қурбониро ба рӯҳи Расулуллоҳ e, падар ва ё модар ва ё дилхоҳ шахсе бубахшад. Ҳайвони қурбониро ба паҳлуи чап хобонида, сарашро ҷониби қибла гардонидан лозим аст.

“Бисмиллоҳ, Аллоҳу Акбар” гуфта, сурхрўда, роҳи нафас ва раги вариди онро мебуранд. Такбири “Ташриқ”-ро низ мехонанд: “Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар ва лиллоҳи-лҳамд». “Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст, нест худованде ба ғайри Аллоҳ, Аллоҳ бузург аст ва ҳама ҳамду сано бод Аллоҳро”. Нияти қурбонӣ: “Худовандо, ба хотири ризои Ту қурбонӣ мекунам”. То он даме, ки ҷони ҳайвон танашро тарк накунад, сарашро аз тан ҷудо намудан ва пўсти онро кандан нодуруст аст. Дар вақти сар буридани қурбонӣ гуфтани “Бисмиллоҳ” ҳатман лозим аст. Агар забҳкунанда дидаву дониста “Бисмиллоҳ” нагўяд, гўшти ҳайвони кўшташуда ҳаром мегардад. Агар ў аз рўи фаромўшӣ нагуфта бошад, онгоҳ бахшида мешавад ва ҳалол хисобида мешавад.

Ҳайвоноте, ки Қурбонӣ кардани онҳо иҷозат аст ва ҳайвоноте, ки Қурбонӣ кардани онҳо иҷозат нест

Барои қурбонӣ танҳо ҳайвонҳои зеринро забҳ кардан иҷозат дода мешавад; гўсфанд, буз, гов ва шутур. Гўсфанд ва буз бояд аз яксола хурд набошанд. Гов бояд на камтар аз ду сол умр дошта бошад. Шутур бояд панҷсола бошад. Гўсфанди шашмоҳаро қурбонӣ кардан иҷозат аст, ба шарте, ки тану ҷисми он монанди гўсфанди яксола бошад. Барои буз пур кардани яксолагӣ шарти ҳатмӣ мебошад.

Беҳтар он аст, ки якчанд рўз пештар аз рўзи қурбонӣ мол харида, оварда шуда, дар оғилхона нигоҳ дошта шавад. Агар чанд ҳайвони барои қурбонӣ пешбинишудаи якхела, дар як оғилхона нигоҳдорӣ карда шаванд, беҳтараш он аст, ки қурбонии ҳудро бояд нишонӣ гузошт. Як гўсфанд ва ё як бузро як одам метавонад қурбонӣ кунад.

Як гов, ё ки як шутурро аз як то ҳафт одам метавонанд дар якҷояги гирифта, қурбонӣ кунанд. Дар оила қурбонӣ кардани шахсе, ки таъмини оила бар дўши ўст, кифоят мебошад. Агар ҳайвон каме норасоӣ дошта бошад, масалан: шохаш шикаста бошад, чанд дандонҳояш шикаста бошанд, ё ки каме лангад барои қурбонӣ кардан иҷозат дода мешавад. Аммо норасоиҳое мавҷуданд, ки ҳайвонро барои қурбонӣ кардан тамоман нодаркор мегардонанд:

1) Агар як, ё ҳарду чашми ҳайвон кўр бошад;

2) Агар як, ё ҳарду шохи он аз бех шикаста бошад;

3) Агар ними гўш ё думи ҳайвон бурида бошад;

4) Агар ҳайвон ланг буда, ба по хеста натавонад;

5) Агар бе гўшу дум зоида шуда бошад;

6) Бештари дандонҳояш шикаста бошанд, ки ҳайвон чарида натавонад;

7) Агар ҳайвон касал бошад;

8) Агар ҳайвон хеле бемадор бошад;

9) Агар синаҳои ҳайвон зарар дида бошанд;

10) Агар гўсфанд, ё ин ки буз як синааш хушк шуда бошад, агар гов ду синааш хушк гардида бошад.

АСОСҲОИ МАЪРИФАТИ ИСЛОМӢ

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Ҷарроҳии бидуни буриш дар Тоҷикистон

Табибони тоҷик аввалин маротиба ҷарроҳии ғадуди зери меъдаро тариқи эндоскопӣ анҷом доданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст. Тавре ки гуфта мешавад, амалиёт дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо муваффақият анҷом ёфта,...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи...


Тақвими ду даври аввали бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард.   Мавсими 35-уми Чемпионати Тоҷикистон рӯзи 6-уми март оғоз мешавад. Мавсими нави Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом...


Шириние, ки шифо мебахшад

Набот яке аз шириниҳои маъруфи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он шакли булӯрӣ дошта, аз қиёми шакар омода мешавад. Набот на танҳо ҳамчун ширинии болаззат, балки як воситаи табобатӣ дар тиби мардумӣ аз қадим истифода мешавад. Набот танҳо ширинии одӣ нест, он хусусияти шифобахшӣ...