Муҳосабаи нафс

Муҳосабаи нафс

Бузургтарин роҳи расидан ба салоҳи нафс ва тазкияи он муҳосабаи нафс аст дар мавриди ҳар он чӣ нафс мегӯяд ва соҳибашро ба он мефармояд.

Агар туро вакиле бошад, ки нафсашро муҳосаба кунад, пас ту ӯро муҳосаба намекунӣ, чунки ӯ худ нафсашро муҳосаба мекунад, вале агар вакиле дошта бошӣ, ки нафсашро муҳосаба накунад, пас ту ӯро муҳосаба мекунӣ ва дар муҳосаба карданаш зиёдаравӣ ҳам мекунӣ. Бинобар ин, бояд ҳамаи амалҳои ту аз барои Худои таоло бошад ва набояд пиндорӣ, ки ту кореро анҷом медиҳиву Худои таоло барои он туро муҳосаба намекунад. Ин роҳ равиши бузургони ба Ҳақ таоло расида буд. Шайх Макинуддин ал-Асмар (қдс), ки аз абдоли ҳафттан буд, гуфтааст: «Дар ибтидои амри худ ман дӯзандагӣ мекардам ва аз ин роҳ рӯз мегузаронидам. Суханони рӯзона гуфтаамро мешумурдам. Чун бегоҳӣ фаро мерасид, худро муҳосаба мекардам ва суханонамро андак меёфтам. Он чӣ аз хайр дар онҳо пайдо мекардам, барои он Худовандро ҳамду сано мегуфтам ва аз чизе, ки дар он ғайри инро пайдо мекардам, пеши Худо тавбаву истиғфор менамудам». То ин ки ӯ аз ҷумлаи абдол гашт. Абуҳафси Ҳаддоди Нишопурӣ (раҳ) гуфтааст: «Нафс ҳамагӣ зулмат аст ва чароғи он сирраш аст ва нури чароғаш тавфиқ аст». Мурод аз қавлаш: «чароғаш сирраш аст» сирри банда аст, ки байни ӯ ва Худои таолост ва он маҳалли ихлоси ӯст. Бо ин банда эътироф мекунад, ки ҳар он чӣ воқеъ мешавад, аз ҷониби Худост: на худ ба худ ба амал меояд ва на аз ҷониби худи ӯст, то дар тӯли замонаш аз тавону неруяш тиҳӣ шавад. Сипас, ба тавфиқи илоҳӣ худро аз бадиҳои нафсаш дур нигаҳ дорад». Яъне, нафси банда саропо зулмат аст ва чароғи он ҳамон сирре бошад, ки байни банда ва Парвардгораш аст. Чун банда аз тавону неруяш тиҳӣ гардад ва назди Худованд ба гуноҳу нотавониаш иқрор шавад ва вақте банда инро дар сирраш эътироф намояд, аз сӯи Худои таъоло тавфиқе ба вай мерасад, ки бо он ӯро аз бадии нафсаш нигаҳ медорад. Пас, мадори кор бар сирре аст, ки бо он банда аз нотавониаш дар назди Парвардгор иқрор мешавад ва ба тавфиқе аст, ки бо он Худованд бандаро имдод мекунад.

Аз ин рӯ, машоих гуфтаанд: «Ҳар он кас, ки ӯро сирр набошад, пас ӯ (бар гуноҳ) исрор меварзад». Бузургтарин коре, ки бандаро дар муҳосабаи нафсаш кумак мекунад, бо мавъиза аз хоби ғафлат бедор кардани ӯ ва ёдовар шудан аз фарҷому оқибатҳои он аст, то росту дуруст шавад. Яке аз содиқон нафсашро панд медод ва мегуфт: «Эй нафс! Оё набинӣ ононро, ки пеш аз ту гузаштанд, чӣ гуна бунёд карданду боло рафтанд, сипас гузаштанду раҳо карданд ва чӣ гуна Худованд заминашонрову диёрашонро ба душманонашон супурд? Магар набинӣ онҳоеро, ки чизе андӯзанд, ки худ нахӯранд; чизе бино кунанд, ки дар он маскун нашаванд ва чизе умед доранд, ки дарнаёбанд? Эй нафс! Аҷибтар аз кори ту чизе нест! Чӣ гуна чунин умури возеҳу ошкорро надидӣ?! Шояд туро, эй нафс, дӯстии ҷоҳ масту мадҳӯш гардонид, ки ба моҳияти он сарфаҳм нарафтӣ! Оё наандешидӣ, ки ҷоҳ, ҷуз барои ба даст овардани дилҳо, дигар маъное надорад? Пиндор, ки ҳар он кӣ бар рӯи замин аст, ба ту саҷда овард ва итоат кард, оё надонӣ, ки пас аз панҷоҳ сол на ту мониву на яке аз онҳое, ки бар рӯи замин туро парастиданду саҷда карданд ва замоне фаро мерасад, ки ёде аз ту намонад. Пас, чӣ гуна, эй нафс, чизеро, ки абадулобод боқӣ мемонад, дар бадали чизе мефурӯшӣ, ки беш аз панҷоҳ сол боқӣ намемонад?! Эй нафс, магар шарм намедорӣ?! Зоҳиратро барои халқ зебу зинат медиҳиву дар пинҳон бо азоим1 бо Худованд мубориза мебарӣ. Вой бар ту, магар Ӯ аз беарзиштарин назоракунандагон ба сӯи ту аст?! Вой бар ту, эй нафс, агар худро чунонки боястӣ, мешинохтӣ, ҳароина, яқин медонистӣ, ки ҳеч балое ба мардум намерасад, магар ба шумии ту! Шигифтову воаҷабо, ки ту ба афзуншавии моли худ хушнуд мешавӣ, вале ба косташавии умрат ғамгин намешавӣ; чӣ суд аз моле, ки афзун гардаду умр коста шавад?!»

1 Азоим – ҷамъи азимат.

ПОРАЕ АЗ

«БОҒҲОИ АХЛОҚИ НЕКУКОРОН»

Муаллиф шайх Аҳмад пир

ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...