Сифатҳои хилофи бандагӣ

Сифатҳои хилофи бандагӣ

Сифатҳои хилофи бандагӣ

 

Бидон, сифатҳое, ки монеъи роҳёбии соҳибаш ба ҳузури Худои азза ва ҷалл мешаванд, ҳатто дар намоз, чаҳор қисманд: раббоният, шайтоният, баҳимият ва сабуият.

 

Раббоният монандӣ ба сифатҳои Ҳақ таоло аст, ки бандагонашро аз чунин рафтор мутлақо манъ кардааст. Он ҳам иборат аст аз бузургворӣ, талаби баландқадрӣ, аз қабили бузургӣ, такаббур, арҷмандӣ, тавонгарӣ, ғалаба бар бандагон ба ғайри ҳақ ва худро аз мусулмоне бартар дидан.

Шайтоният монандӣ ба сифатҳои Шайтон аст, аз қабили ҳасад, ситам, ҳилаву фиреб ва найранги бисёр, нифоқ, майл ба аҳли бидъатҳо ва гумроҳӣ.

Баҳимият1, чун майли фаровон ва ҳарисӣ бар бароварда сохтани шаҳвати ишкам ва шармгоҳ, ки аз он сабаб соҳибашон ба гуноҳи зино ва дуздӣ меафтанд.

Сабуият2 хашми баноҳақ ва кинаварзӣ буда, қатли инсон, ки Худованд ﷻ онро ҳаром гардонидааст, зарбу лат кардан ва озору азият додан.

Нахуст бар инсон сифатҳои баҳимӣ ғолиб мешаванд, чун бузургтар ва фаҳмаш бештар шуд, сифатҳои баҳимӣ бар вай нуфуз мекунанд, вақте фикраташ қавӣ гашту Худои таоло муваффақ нагардонидаш, ақлашро дар макру найранг ба кор мебарад ва аз Шайтон кумак мехоҳад. Чун аз Шайтон кумак хост, ӯ дар вай сифатҳои рубубиятро ҷой медиҳад.

Ҳар кӣ хулқе аз ахлоқи Шайтонро пазирад, Ҳақ ﷻ ӯро аз ҳузури Худ берун кунад ва ҳар киро Ҳақ ﷻ аз ҳузури Худ берун кард, душманонаш бар вай мусаллат шаванд. Гӯё Ҳақ ﷻ ба Иблис ва лашкари ӯ мегӯяд: «Мар шуморо бар аҳли ҳузури Ман роҳе нест, лекин ҳар кӣ аз ҳузури Ман берун шуд, пас шуморо бар вай ҳукмфармоӣ аст».

Худованд ﷻ гуфт: «Ва ҳар киро тавонистӣ, бо овози худ таҳрик кун ва ба лағзиш афкан ва бо ҷумлаи лашкари савору пиёдаат бар онҳо битоз ва дар амволу авлод ҳам бо эшон шарик шав ва ба онҳо ваъда бидеҳ! Ва Шайтон онҳоро ҷуз ғурур ваъда нахоҳад дод» (Исро, 64).

Ба дурустӣ ки дар ин ғояти таҳдид аст. Баёни қавли Ӯ таоло: «ва дар амволу авлод ҳам бо эшон шарик шав» – ба ин маъност, ки ба касби амвол аз роҳи ҳаром ва сарфи он дар ҳаром ва барои ноилшавӣ ба фарзандон ба сабабҳои ҳаром онҳоро барангез! Аммо қавли Ӯ таоло: «ва ба онҳо ваъда бидеҳ!», яъне ваъдаҳои дурӯғин бидеҳ! Пас, Ӯ таоло гуфт: «Ва Шайтон онҳоро ҷуз ғурур ваъда нахоҳад дод», яъне оростани хато аст, чунонки пиндоранд, ки он савоб бошад. Дар ҳадис омадааст: «Чун Иблис ба замин фуруд омад, гуфт: Парвардгоро ﷻ, маро ба замин фурӯд овардӣ ва сангсоршуда гардонидӣ, пас, бароям хонае қарор бидеҳ! Гуфт: Ҳаммом3. Гуфт: Пас, бароям нишастангоҳе қарор бидеҳ! Гуфт: Бозорҳо ва сари чорроҳаҳо4. Гуфт: Бароям таоме бигардон! Гуфт: Он чӣ номи Аллоҳ ﷻ бар вай бурда нашавад. Гуфт: Бароям ошомидание бигардон! Гуфт: Ҳар масткунандае. Гуфт: Бароям муаззине қарор бидеҳ! Гуфт: Най. Гуфт: Бароям хонише қарор бидеҳ! Гуфт: Шеър. Гуфт: Бароям навиштае қарор бидеҳ! Гуфт: Холкӯбӣ бар бадан. Гуфт: Бароям гуфторе қарор бидеҳ! Гуфт: Дурӯғ. Гуфт: Бароям фиристаҳое қарор бидеҳ! Гуфт: Коҳинон5. Гуфт: Бароям домҳое қарор бидеҳ! Гуфт: Занҳо».

 

________________________________________________

1 Баҳима – чаҳорпо, чорво, монанди гов, гӯсфанд, асп, шутур, хар ва ғ.

2 Сабуъ – даранда, ҷонвари ваҳшӣ.

3 Мурод ҳоҷатхона аст.

4 Ҷойҳои ҷамъоварии одамҳо дар назди роҳҳо.

5 Коҳин – касе муддаӣ аст, ки аз ғайб ва оянда хабар медиҳад, фолбин.

 

«Боғи ахлоқи накӯкорон»

 

 

 

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...