Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

(аввалаш дар шумораи гузашта)

61. Дар назди мардум худатро аз наздикону муқаррабони даргоҳ муаррифӣ накун, агарчи ҳақиқат чунин бошад, чунки мардум барои анҷоми корҳояшон назди султон туро восита хоҳанд кард, агар восита шавӣ, аз чашми султон меафтӣ ва агар восита нашавӣ, ба ту бадгумон хоҳанд шуд.

63. Ҷуз дар фанни худат, ки илм аст, худро дар радифи оммаи мардум овар.

64. Дар корҳои ғалату нописанд ба мардум пайравӣ макун, балки ҳамеша дар корҳои хубу писандида ба онҳо пайравӣ намо.

65. Агар шахсеро ба бадӣ шинохтӣ, бадияшро пеши мардум зикр макун, балки хубие дар вай ҷустуҷў кун ва бо ҳамин хубӣ аз ў ёд кун, ба ҷуз дар умури динӣ, ки бояд мардумро огоҳ кунӣ, то аз бадияш ҳазар намуда, ба ў пайравӣ накунанд, зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: «Бадиҳоеро, ки дар шахси фоҷир аст, барои мардум баён кунед, то аз вай ҳазар кунанд». (Табарони)

66. Агар шахси фоҷиру нофармоне, ки зарараш ба дин мерасад, аз ҷоҳу ҷалоли дунявӣ бархўрдор бошад, ту масъулияти худатро анҷом бидеҳ ва аз ҷоҳу ҷалоли ў парво макун, зеро ки Худованд ёвару мададгори динаш аст ва туро ёрӣ хоҳад кард. Агар як бор чунин кардӣ, аз уббуҳати ту хоҳанд тарсид ва дар оянда касе ҷуръат нахоҳад кард, то дар ҳузури ту ва дар минтақае, ки ту ҳастӣ, ҷасорат кунад ва бидъатеро дар дин эҷод ё изҳор намояд. Дар ин росто умуми мардумро метавонӣ омода кунӣ, то бо ту ҳамнаво бошанд ва дар дигар масоили динӣ низ ба ту пайравӣ кунанд.

67. Агар аз султон ё ҳокими вақт чизе мушоҳида кардӣ, ки мухолифи шариат буд, ба вай тазаккур бидеҳ, албатта ҳангоми чунин коре лозим аст итоату фармонбардории худро аз ў зикр кунӣ, зеро вай аз ту қавитар аст.

Масалан, мегўӣ: «Дар масоиле, ки ту бар онҳо тасаллут дорӣ, аз ту фармонбардорӣ мекунам, аммо банда бинобар тахассуси илмӣ ва масъулияти динии худам аз рафтори шумо чизе мушоҳида кардам, ки аз назари шаръӣ дуруст нест (аз ин рў, хостам ин амрро ба шумо ёдовар шавам). Албатта лозим нест, ки ин суханро чанд бор такрор кунӣ, чунки мумкин аст атрофиёнаш туро аз байн бибаранд ва аз байн бурдани ту зарбае ба дин хоҳад буд, ҳадди аксар ду бор насиҳатро такрор кун, то ин ки барои дигарон низ мушаххас шавад, ки ба масоили динӣ аҳаммият медиҳӣ ва дар амр ба маъруф ҳарис ҳастӣ, то авом сукути туро бар чизи дигаре накунанд. Агар султон аз иштибоҳаш даст набардошт, ба хонааш бирав ва аз сари нав ўро дар танҳоӣ насиҳат кун ва бо далелҳое аз Қуръону суннат, ки ба ёд дорӣ, барояш тавзеҳоти лозимро бидеҳ, агар бидъаткор буд, бо ў мунозира кун, агар пазируфт, бисёр хуб, вагарна аз Худованд бихоҳ, ки туро аз шарри золим маҳфуз бидорад.

68. Маргро пайваста ба ёд овар ва барои устозону касоне, ки аз онҳо дин омўхтаӣ, омурзиш бихоҳ.

69. Ба тиловати Қуръон пойбанд бош.

70. Қабристону маконҳои муқаддасро зиёрат кун ва ба мулоқоти уламо ва машоих бештар рав.

71. Касоне, ки дар масҷидҳо ва маконҳои муқаддасу қабристон бо ту мулоқот мекунанд ва мегўянд, ки Паёмбари акрам e-ро дар хоб дидаанд, ба суханашон бовар макун.

72. Бо ҳавопарастон (аҳли бидъат, чӣ бидъати эътиқодӣ ва чӣ бидъати амалӣ) нишасту бархост макун, ба ҷуз ин ки бихоҳӣ онҳоро ба сўи дин ва сироти мустақим даъват кунӣ.

73. Аз лаънат фиристодани бисёр ва дашном додан парҳез кун. 74. Ҳамин ки муаззин садои азонро баланд кард, барои даромадан ба масҷид омода шав, то оммаи мардум пештар аз ту дохил нашаванд.

75. Дар ҳамсоягии ҳоким зиндагӣ макун. 76. Агар айбе аз ҳамсояаат мушоҳида кардӣ, онро бипўш, зеро ки он ба монанди амонате назди туст ва асрори мардумро фош макун.

77. Агар касе аз ту машварат талаб кард, ба ў машварате бидеҳ, ки туро ба Худо наздик гардонад.

78. Аз бухл бипарҳез, ки инсонро расво мекунад.

(давом дорад)

ТАЪЛИФ: МУФТӢ МУҲАММАД ОШИҚИ ИЛОҲИИ БАЛАНДШАҲРӢ

Тарҷума: Абдуллоҳи Ҳайдарӣ

ШЕЪР

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ибтидо мекунам ба номи Худо,
К-аз ду ҳарф офарид арзу само.
Номи ҳақ бар забон ҳамеронам,
Ки ба ҷону дилаш ҳамехонам.
Молику сониъу қадиму ҳаким,
Холиқу розиқу рауфу раҳим.
Ҳар чи ҳаст аз баландию пастӣ,
Ҳама з-ӯ ёфт сурати ҳастӣ.
Тоати ӯст фарзу айн шуда,
Бар ҳама халқ ҳамчу дайн шуда.
Дод моро китоб, то хонем
Кард моро хитод, то донем.
Ҳарчи ӯ гуфт , он кунем ҳама,
Тоати ӯ ба ҷон кунем ҳама.
Ҳарчи чи ӯ гуфт , ғайри он кардан,
Нест суде ба ҷуз зиён кардан.
Рӯзу шаб толиби қабули ваем,
Пайраву уммати расули ваем.

Хомӯшӣ ва саховат

Ҳосил ояд чор чиз аз чор чиз,
Ёд гир ин нуқта аз ман, эй азиз.
Хомӯширо ҳар кӣ созад пешае,
Гардад эмин, набвадаш андешае.
Гар саломат боядат, хомӯш бош,
Гашт эмин, ҳар кӣ некӣ кард фош.
Аз саховат мард ёбад сарварӣ,
Шукр неъматро диҳад афзунтарӣ.
Ҳар кӣ шуд сокиту лаб хомӯш кард,
Аз саломат кисвате бар дӯш кард.
Гар ҳамехоҳӣ, кӣ бошӣ дар амон,
Рав накӯи кун ту бо халқи ҷаҳон.
Ҳар киро одат шавад ҷуду карам,
Дар миёни халқ гардад мӯҳтарам.
Ҳар кӣ кори нек ё бад мекунад,
Он ҳама медон ки бо худ мекунад.
Эй бародар, бандаи маъбуд бош,
То тавонӣ, бо сахову ҷуд бош.
Бош аз бухли бахилон пурҳазар,
То насӯзад мар туро нори сақар.

Наъти саидулмурсалин саллалоҳу алайҳи васаллам

Шукри ҳақро , ки пешво дорем,
Пешвое чу Мустафо дорем.
Меҳтару беҳтару гузини ҳама,
Сарвару хотиму нигини ҳама.
Ӯ шариат баён кунад моро,
Ӯ тариқат аён кунад моро.
Саловоти Худой бар вай бод,
То ба рӯзи ҷазо паёпай бод.
Уммати ӯ , дӯстори ваем,
Дӯстори чаҳор ёри ваем.
Чун Абубакр, Уммару Усмон,
Муртазо дон алайҳим арризвон.

«Чаҳор китоб»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...