Кибр

Кибр

Худро дӯст доштани инсон як ғаризаи табиист ва ин ӯро ба сӯи боландагиву хурсанди аз хеш мекашад. Аз боландагӣ бо худ кибр ва бартариҷӯӣ бар бандагони Худо, нигаристан ба онҳо ба назари таҳқир ва андаку ночиз шумурдани онҳо бархезад. Ҳар кӣ мардумро ҳақир шуморад, онҳоро сазовори ҳаққе намебинад, ҳурматеро барояшон қоил намешавад, аҳдеву паймонеро барояшон дар назар намегирад ва нисбати онҳо ситамгортарин нафар мегардад.

Кибр Иблисро ҳалок гардонид

би ӯ ба хештан буд, ки мегуфт, ӯ аз оташ офарида шудааст ва ӯ аз Одам беҳтар аст ва худро аз вай бартар дид. Аз қавитарин нишонаҳои аз байн рафтани эътибори банда он аст, ки нафаре аз аҳли кишвараш, чӣ аз уламо бошад ва чӣ аз некукорон, дар назараш писанду мақбул набошад. Ӯ бо ин аз баракати ҳамаи халқ маҳрум мегардад ва аз нафаре аз онҳо ба вай мададе намерасад. Мисдоқи ин чунин қавли инсон аст: «Дигар касе намондааст, ки ба илмаш амал кунад ва нафаре ҳам аз некукорон дар ин диёр намондааст». Ва монанди ин гуна суханҳо. Сабаби ин дар он аст, ки сифатҳои худи ӯ дар мардум таҷаллӣ кардааст. Аз Худо офият металабем. Рост гуфт он ки фармуд: «Аз бародарон нақс наҷӯяд, магар ҳар ноқис»

Илоҷи кибр

лоҷи кибр Азбаски ин дард бархоста аз уҷб аст, Худои I дар Қуръони карим зикрашро дар пайи зикри дармоне овардааст, ки онро аз бунёд барканад. Судмандтарин дармон барои бемории худписандии инсон сустиву нотавонии худро ба ёд овардани ӯст. Худои таоло гуфт: «Ва дар замин хиромон1 марав, ту заминро намешикофӣ ва на дар баландӣ ба кӯҳҳо мерасӣ» (Исро, 37). Мурод наҳй аз роҳ рафтан бо такаббур ва худбузургбинӣ аст. Қавли Ӯ таоло «ту заминро намешикофӣ» ба ин маъност, ки бо задани пойҳо ба зӯр заминро на рахна карда метавонӣ ва на метавонӣ онро бишикофӣ. Ва қавли Ӯ таоло: «Ва на ба баландӣ ба кӯҳҳо мерасӣ», яъне ба гарданфарозӣ. Мурод аз ин ранҷу заҳмати зиёди бенатиҷае аст, ки шахси мутакаббир мекашад. Ин худ масхара кардани мутакаббир ва баёни сабаби наҳй аз такаббур мебошад, чун он танҳо аҳмақие асту бас. Инсон аз кибр варзидану бузургманишӣ карданаш фоидае ба даст намеорад. Ва он, яъне кибр, даҳумин хислати даҳгона аст2 .

Дар ҳадис омадааст: «Ҳар он ки бузург-манишӣ намояд ё бо кибру ғурур хиромад, Худовандро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки Ӯ I аз вай дар ғазаб аст».

ПОРАЕ АЗ «БОҒҲОИ АХЛОҚИ НЕКУКОРОН»

Муаллиф шайх Аҳмад пир ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

1. Хиромон – арабҳо гӯянд: الفرس امرح –асп маст гашт, вақте аз ҷав сер шуд ва ба ҷастухез даромад; الرجل مرح – мард бо кибру ғурур хиромид, ин ҳангоми аз худ шод шудан ва бо худ нозидану болидани ӯ рух медиҳад.

2. Хислатҳои даҳгона ҳамонҳоеанд, ки Худои таъоло дар сураи Исро аз онҳо наҳй кардааст. Инак оғози қавли Ӯ I: «Ва Парвардгори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Ӯ I (дигареро) напарастед ва бо модару падар некукорӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба куҳансолӣ бирасанд, пас ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо боадабона сухан бигӯ ва дар баробарашон аз рӯи меҳрубонӣ сари тавозуъ фуруд овар! Ва бигӯ: «Парвардгоро I, бар онҳо раҳм бикун, ҳамчунонки маро дар кӯдакӣ тарбият карданд!» Парвардгори I шумо он чиро, ки дар дилҳои шумо аст, хуб медонад. Агар аз некукорон бошед, пас Ӯ I бозгашткунандагонро меомурзад. Ва ба хешованд ҳаққи ӯро бидеҳ ва ҳам ба муҳтоҷу мусофир ва ҳеч исрофкорӣ макун! Ба дурустӣ ки исрофкунандагон бародарони шайтонҳоянд ва Шайтон нисбат ба Парвардгораш I носипос аст. Ва агар дар интизори меҳрубоние, ки аз Парвардгори хеш умед дорӣ, аз онҳо рӯй бигардонӣ, пас ба онон сухани нарм бигӯ! Дасти худро ба гардани худ баста макун (аз бахилӣ) ва онро ба тамом кушод ҳам магир (ба исрофкорӣ), ки он гоҳ маломатшуда (дар сурати бухл) ва ҳасратзада (дар сурати исроф) бинишинӣ! Парвардгори I ту ризқро барои ҳар кӣ бихоҳад, фарох месозад ё танг мекунад, зеро Ӯ ба бандагони Худ донои бино аст. Ва фарзандони худро аз тарси тангдастӣ накушед, Мо онҳорову шуморо рӯзӣ медиҳем; ба дурустӣ ки куштани онҳо хатое бузург аст! Ва ба зино наздик нашавед, ки он беҳаёӣ ва бад роҳе аст! Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром кардааст, макушед, магар ба ҳақ! Ва ҳар кӣ ба ситам кушта шавад, пас ба вориси ӯ қуввате додаем, пас, ӯ бояд дар куштан зиёдаравӣ накунад; ба дурустӣ ки вай ёрӣ дода шудааст. Ва ба моли ятим наздик нашавед, магар ба тариқе, ки он нек аст, то он гоҳ, ки ӯ ба балоғат бирасад. Ва ба паймон вафо кунед; ба дурустӣ ки аз паймон пурсида хоҳад шуд. Ва чун (чизеро) паймона кардед, паймонаро комил кунед ва ба тарозуи рост баркашед, ки ин беҳтар ва саранҷомаш некутар аст. Ва дар пайи чизе мабош, ки аз он хабар надорӣ; ба дурустӣ ки аз гӯш, чашм ва дил – аз ҳар яки онҳо пурсида хоҳад шуд! Ва дар замин хиромон марав! Ба дурустӣ ки ту заминро нахоҳӣ шикофт ва дар (қомат) баландӣ ба кӯҳҳо нарасӣ. Бадии ин ҳама (корҳо) назди Парвардгори ту нописандида аст (оятҳои 23 – 39).

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...