АХБОР

АХБОР

Зоирони тоҷик интизори ҳаҷ кардананд

Зоирони тоҷик умед ба он доштанд, ки аз оғози моҳи апрел имкони зиёрати хонаи Худоро пайдо мекунанд Намояндаи ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ки то ҳол дар мавриди оғози сафари ҳаҷҷи умра иттилое дар даст надоранд. Масъулони вазорати ҳаҷҷи давлати Арабистон ҳам ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Абдулмаҷид Зокиров, масъули ширкати сайёҳии «Расулсохтмон» дар суҳбат гуфтааст, ки мансабдорони вазорати ҳаҷҷи Арабистон ҳалли ин масъаларо то 31 март гузошта буданд. Эҳтимол аст, ки чунин рафтори мансабдорон идома хоҳад ёфт ва то ҳол ягон хабари нав дар даст надорем», -афзуд намояндаи ин ширкати сайёҳӣ. Чанде пеш мансабдори Арабистони Саудӣ дар мавриди ҳаҷҷи фарзӣ муқаррароти нав ҷорӣ кард. Нафари зиди коронавирус эм гирифта, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ба бемории вирус дучор нашуда, имкони сафари ҳаҷҷи фарзиро пайдо хоҳад кард.

Зоирони эмнашударо мансабдорон ба Арабистон роҳ намедиҳад. «Шарти асосии адо намудани ҳаҷ ин эм гирифтан аст», - изҳор намудааст вазири тандурустии ин кишвар Тауфиқ ар Рабия. Ин шарт ба ҳамаи хоричиён таалуқ дорад. Роҳбари Арабистони Саудӣ бинобар авҷ гирифтани навъи нави коронавирус аз 26 феврал ба кишвар омадани хориҷиёнро манъ кард.

Давлати Қувайт дар Душанбе сафорат мекушояд

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Давлати Қувайт Маҷдӣ аз-Зафирӣ бо сафири Тоҷикистон дар Қувайт Зубайдулло Зубайдзода мулоқот кард. Сафири тоҷик номаи Рустами Эмомалиро ба раиси маҷлиси Қувайт супорид. Дар суҳбат намояндагони кишварҳо дурнамои муносибат, роҳи густариш ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Дар ин суҳбат, масъалаи дар Душанбе кушодани Сафорати Давлати Қувайт пешниҳод карда шуд. Мустаҳкам кардани муносиботи ду кишвар, барои кушодани роҳҳои нави густариш ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун таъкид карда шуд.

Чӣ гуна тоҷик дар Россия шуҳрат пайдо кард

Маҳмад Неъматов зодаи Тоҷикистон, аз деҳаи Оббурдони ноҳияи Масчоҳи аст. Пас аз мактаб дар Душанбе ба ҳайси духтури дандон таҳсил кардааст. Баъди хатми Донишгоҳ аввал дар муассисаҳои тиббии вилоятӣ кор карда, сипас ба зодгоҳ баргашт. «Бо гузашти вақт, муовини сардухтур шудам, ва ҳамзамон раиси иттифоқи касаба будам. Ҳамааш қонеъкунанда буд», - мегӯяд, Неъматов.

Дандонпизишк Маҳмад Неъматов боре ният карда, қадами ҷасуронае гузорад ва барои кор ба Россия равад. Ин иқдоми ҷасурона ҳаёти ӯро ба куллӣ дигар карда, шуҳратмандаш сохт.

Дандонпизишк Маҳмад Неъматов ба дӯсташ ваъда доду аз Тоҷикистон ба Россия кӯчид. Шуъбаи табобати дандонро дар Сахалин барқарор кард. Соли 2007 дӯст ва ҳамкораш Маҳмадро ба Сахалин даъват кард. «Ман розӣ шуда бошам ҳам, лекин даъват ҷиддӣ набуд. Ногаҳон дар тамос шуд.

Ба гуфтаи Неъматов, иҷрои ваъда кори осон набуд. Оила ин иқдомро бо хушнудӣ қабул кард. Падар ошкоро зидди он буд ва баҳс мекард, ки ҳоҷат ба тарки вазифа ва гузошта рафтани оила нест, аммо Маҳмад ба ин гуфтаҳо гӯш накарду оиларо дар Ватан гузошта, роҳ сӯйи Россияро пеш гирифт.

Оғози муваффақиятҳои табиби тоҷик дар Россия

Ҷои кори аввалини Неъматов бахши дандонпизишкӣ дар Александровск-Сахалинский дар шимоли вилоят буд. Сахалин пеш аз ҳама ӯро бо барфи зиёд мутаассир кард. «Ҳолатҳое мешавад, ки Шумо дар канори роҳраве, ки ҳар рӯз аз барф тоза мекунанд, мегузаред ва дар канори роҳрав барф болотар аз қомати шумост. Мисли нақб. Саҳар, баъзан вақт аз даромадгоҳи иморат баромада намешавад. Ман аз тирезаи ҳамсояҳояи дар ошёнаи якум будаам, ба берун мебаромадам «,- ба ёд меорад Маҳмад.

Пас аз панҷ сол, Неъматов ба деҳаи Смирних кӯчид. Бо як ҳамшаҳрияш вохӯрда, фаҳмид, ки беморхонаи маҳаллӣ мутахассис надорад. Маҳмад ба беморхонаи марказии ноҳиявии Смирниховский ба кор даромад. Ӯро мудири шӯъбаи дандонпизишкӣ таъин карданд. Духтури дандон дар ихтиёри худ се ҳуҷра дошт: ду ҳуҷра барои қабул ва як ҳуҷра барои табобат.

Чӣ гуна тоҷик дар Россия дандонпизишкиро тағйир дод

Барои шуъбаи куҳнаро беҳтар кардан кори зиёд лозим буд. «Деворҳо дер боз таъмир нашудаанд. Таҷҳизот аз замони Шӯравӣ буд», - гуфт табиб. Шуъбаро таъмир карда, таҷҳизоти нав оварда шуд. Неъматов мутахассисони ҷавон ва кадрҳои ботаҷрибаро фаъолона ба кор ҷалб кард. Ҳоло беморон дар чор ҳуҷра қабул карда мешаванд. Маҳмад 13 корманд дорад: панҷ табиб, техник-стоматолог, ҳамшираҳои тиббӣ ва фаррош. Ифтихори алоҳидаи шуъба- стоматологияи сайёр мебошад.

Барои дар касб шуҳратамнд шудан, маҷбур буд, ки оиларо дар Ватан монада, 13 сол аз дур зиндагӣ кунад. Ҳамсараш ҷуръат накард, ки то калон шудани фарзандон ба Россия ояд, лекин писари калонӣ назди падар омада, дар касби техники дандон таҳсил карда, таҳти назорати ӯ тахассусашро такмил медиҳад. Писари миёнааш ду сол пеш Донишгоҳи давлатии Чувашияро хатм карда, ба Сахалин кӯчид. «Ҳоло набераҳоям низ калон шуда истодаанд. То он даме, ки қувват дорам, кор мекунам ва ҳамзамон донишамро ба ҷавонон меомӯзам. Ман як вазифа дорам - ба одамон кӯмак расонидан. Чӣ фарқ дорад, ки дар куҷо? Мо ҳама дар як Замин зиндагӣ мекунем. Барои табиб фарқияти ҷинс, миллат ва дину ойин вуҷуд надорад “, - гуфт Неъматов.

Маҳмад мегӯяд, ки ӯ худро аллакай мардуми Сахалин ҳис мекунад, аммо нақша дорад, ки пас аз нафақа ба зодгоҳ, ба Тоҷикистон баргардад. Бародарон ва Хахарони азиз мо бояд дар куҷое, ки набошем бояд барои одам фоидабахш бошем. Муҳим он аст, ки худамон ва фарзандонамонро ба дониш ва илм раҳнамойӣ кунем. Он касбе ки фарзанди мо интихоб кардааст бояд ба ӯ кумак кунем, то онро хуб аз худ кунад.

Сарчашма: «Спутник»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...