АХБОР

АХБОР

АХБОР

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИҶШС (СССР) соҳибистиқлол шуд. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр — “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Иди Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст.

Таърих

Дар нимаи дуюми солҳои 80-ӯми асри XX баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ ба миён омад. Сиёсати ислоҳоти демократӣ ва махсусан “ошкорбаёнӣ”, ки аз ҷониби роҳбарияти ҳизби коммунистӣ (КПСС) ба миён оварда шуд, имоконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсати миллӣ дар ҷумҳуриҳои миллии ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ, муҳокима карда шаванд. Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиклолияти Тоҷикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал “Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ” (ИҶШС) қабул шуда буд, вале ин ҳуҷҷат, истиқлолияти комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.

Пас аз “табадуллот”-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода (КДВФ – русӣ: ГКЧП), ки коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар ш. Москва ташкил намуда, аз нав муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлолияти комили Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар ш. Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд ва эълон намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазоҳуркунандагони гирдиҳамоиҳо дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”– ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

Баргузории ид

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 9 сентябр — ҳамчун “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайан гардид. 9 сентябр иди расмии давлатӣ аст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Дар рӯзи ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд. Тоҷикистон марзубуми Оли Сомони ман аст, Хоки покаш дар шабистони ман аст. Тоҷикам ман Тоҷикистон кишварам, Дар фазояш чун кабутар мепарам.

Сарчашма: Комрон.инфо

44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Россиягӣ шуд

Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна тақрибан 210 тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Россия мешаванд, бармеояд аз омори расмии имсола. Тоҷикистониҳо аз рӯи теъдоди гирифтани шаҳрвандии Россия баъди Украина дар мақоми дуюм қарор доранд. Аз оғози соли равон беш аз 44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Россия шуда, аз рӯйи теъдод дар зинаи дуюм ҷой гирифтаанд, бармеояд аз оморе, ки дар сомонаи ВУД Россия нашр шудааст. Украина дар ин самт пешсаф мебошанд, ки тайи ҳафт моҳи аввали соли равон 184 ҳазор нафарашон шаҳрвандии Россияро қабул кардаанд. Дар маҷмуъ ба шаҳрвандии Россия аз аввали соли равон 351 ҳазору 670 хориҷӣ қабул пазируфта шудаанд. Дар ин миён ҳудуди 23 ҳазор нафар қазоқистонӣ мебошанд, ки макони нави зиндагияшонро Россия интихоб кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои қаблӣ низ шаҳрвандони Украина ва Тоҷикистон аз пешсафон дар гирифтани шаҳрвандии Россия буданд. Бар асоси омори расмӣ, бештари онҳое, ки шаҳрвандии Россияро қабул мекунанд, аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди шӯравӣ мебошанд.

Муфтии Ӯзбекистон даргузашт

Сомонаи ин созмон менависад, раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон (УМУ), муфтии ин кишвар Усмонхон Алимов бар асари бемории вазнин даргузашт. “Аз номи Шӯрои уламо, уламо, имомон ва мудариёни Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ба аъзои оила, фарзандон, хешовандон ва наздикони муфтиёт Усмонхон Алимов ҳамдардӣ баён мекунем”, – омадааст дар хабар.

Ба гузориши РИА Новости, муфтии 71-сола ҳангоми табобат дар Маскав бар асари бемориҳои шуш ва рагҳо фавтидааст. Охири моҳи июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дар бораи вазъи бади саломатии Алимов пайдо шуд. Аммо УМУ хабар дод, ки вазъи муфтӣ мӯътадил аст ва табобати ӯро мутахассисони соҳибихтисос анҷом медиҳанд. Ҳамзамон шӯъба эълон кард, ки Алимов дар яке аз клиникаҳои шаҳри Маскав барои бемориҳои шуш ва рагҳо табобат мегирад. Сарчашма: Пресса.тж

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...