Табрики муфтии Ҷумҳурии Доғистон

Табрики муфтии Ҷумҳурии Доғистон

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Бародар ва хоҳарони азиз!

 

Ҳамду сано бар Худое, ки моҳи омурзиши гуноҳон ва раҳмат моҳи Рамазонро ба мо ато кардааст.

Рамазон барои ҷамъи мусалмон муҳимтарин ва шарифтарин моҳ аст. Худи калимаи «Рамазон» дар қалби ҳар як муъмин эҳсоси шодӣ ва лаззати муайянеро бедор хоҳад кард. Моҳи Рамазон – моҳи имтиҳону ибодат ва савоби бепоён, ки танҳо онро Худованди меҳрубон медонад, низ қадрдонӣ хоҳад кард.

Шукри Офаридгор, ки сол то сол сафи муъминоне, ки бо имони амиқ ва фурӯтанӣ рӯзҳои моҳи Рамазонро ба рӯзадорӣ ва шабҳоро ба ибодат мегузаронанд, афзойиш дорад, аммо то ҳол нафароне ҳастанд, ки аз тарси он, ки 1 моҳ тоқат карда наметавонанд, рӯзадорӣ намекунанд. Ҳатман ба онҳо ҳадиси Расули Худо ﷺ-ро ёдрас бояд кард, ки: «Касе, ки 1 рӯз рӯза бигирад, Худованди Мутаъол дар миёни ӯ ва оташи дӯзах хандақе меофарад, ки бараш ба масофаи аз замин то осмон баробар аст». (Табаронӣ).

Бидон, ки барои ҳар як лаҳзаи рӯзадорӣ ту метавонӣ аз ҷониби Аллоҳ чунон савобе бигирӣ, ки ба ҳеҷ савоби дигаре дар дунё баробар нест. Дар ин моҳ мо кӯшиш бояд кунем, то худро ба сӯйи беҳтар тағйир диҳем. Нисбат ба ҳамдигар, ба хусус ба онҳое, ки ба нигоҳубин ва кӯмаки мо ниёз доранд, бодиққат бошем.

Расули Худо ﷺ фармудаанд, ки: «Касе, ки моҳи Рамазонро бо имон ва умеди савоби Худоﷻ рӯза гирад, гуноҳи гузаштаи ӯ бахшида мешавад». (Бухорӣ, Муслим).

Воқеан умедворам, ки ҳамаи мо аз ҷумлаи касоне бошем, ки гуноҳи гузаштаи моро Худованди мутаъол бубахшад ва рӯзадории моро низ қабул фармояд.

Ҷамъи муъминро бо фарорасии ин моҳи шариф табрик гуфта, аз самими дил орзумандам, ки ҳамаи мо онро дар ибодати холисона сарф кунем, то аз ҳар 1 дақиқаи аз даст додашуда, пушаймонӣ ҳосил накунем.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...