Табобати захми меъда бо давоҳои халқӣ

Табобати захми меъда бо давоҳои халқӣ

Ман қариб 10 сол захми меъда дорам. Панҷ сол пеш дар ҳолати вазнин маро ба беморхона бурданд. Хунравӣ қариб ҷони ҷавонамро рабуда буд, вале табибон қариб маро муолиҷа намуда, захми меъда ва рӯдаи 12 ангуштаамро шифо бахшиданд.

 

Пас аз ин як соли дароз парҳез кардам. Ҳолам хуб шуда буд, вале баъди се сол беморӣ аз нав хурӯҷ кард. Шароити имрӯза ба ҳама маълум, буҳрони иқтисодӣ ҳар як оиларо фарогир аст. Пул надорам, ки дар беморхона хобида табобат бигирам. Аксар вақт дар сомонаи шумо табиби машҳури мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ба табибон маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Ман ҳам бо умед муроҷиат намудам, ки шояд ин марди донишмнад ягон усули табобати халқии захми меъдаро мегӯянд.

СИРОҶИДДИН, аз Бохтар Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ: - Дар муолиҷаи захми меъда ва рӯдаи 12 ангушта нақши аз ҳама муҳимро парҳез мебозад. Аз хӯрдани ғизоҳои сахт, бирёнӣ ва тезу тунд худдорӣ намуда, тавсияҳои моро иҷро кунед, албатта шифо меёбед. Инак, чанд даво барои дарди шумо! Давои аввал 50 гр решаи гиёҳи ширинбӯяро дар 1 литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонда, сипас оташро хомӯш намоеду монед 6 соат истад. Пас аз 6 соат онро ба андозаи ним истаконӣ рӯзе 3 маротиба пеш аз хӯрок ё 1 соат пас аз истеъмоли таом нӯши ҷон намоед. Давои дуюм Дар мавриди захми меъда ва рӯдаи 12 ангушта осонтарин роҳи табобат он аст, ки ҳар саҳар пеш аз ношто як қошуқ асали тоза хӯрда, давоми 1 соат ягон чизи дигар нахӯранд. 40 рӯз ё ақаллан 1 моҳ ҳамин амалро ҳар субҳ иҷро кунед, пурра шифо меёбед. Давои сеюм Рӯз дар миён 20 гр барги тозаи газнаро дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонда, дар давоми 48 соат онро бинӯшед. Касоне, ки аз захми меъда азоб мекашанд, ҳамчунин бояд рӯзе 3 маротиба 1 қошуқӣ шираи барги зуф хӯрад. Шираи гиёҳи мушхор низ муфид аст. Ҳангоми хурӯҷи дарди меъда 1 соат ё ним соат пеш аз хӯрок 1 қошуқ равғани ангат хӯред.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...