Шириние, ки шифо мебахшад

Шириние, ки шифо мебахшад

Набот яке аз шириниҳои маъруфи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он шакли булӯрӣ дошта, аз қиёми шакар омода мешавад. Набот на танҳо ҳамчун ширинии болаззат, балки як воситаи табобатӣ дар тиби мардумӣ аз қадим истифода мешавад. Набот танҳо ширинии одӣ нест, он хусусияти шифобахшӣ дорад.

 

Наботро барои дарди гулў, сулфа, бемориҳои меъдаю рўда ва барқарор кардани узвҳои дарунӣ истеъмол мекунанд. Набот ба кас нерў мебахшад ва бархе бар он назаранд, ки истеъмоли пайвастаи набот инсонро дарозумр мекунад. Яке аз хусусиятҳои муҳими набот таъсири он ба фаъолияти меъдаву рӯда мебошад. Набот метавонад ҳазми ғизоро беҳтар намояд. Наботро асосан бо оби гарм ё чойи гиёҳӣ истеъмол мекунанд, то кори меъдаро фаъол намоянд. Ин усул махсусан пас аз хӯроки вазнин муфид дониста мешавад. Азбаски набот манбаи зудтаъсири энергия мебошад, он барои одамоне, ки хастагӣ, заъф ё камқувватӣ эҳсос мекунанд, муфид аст. Наботро бештар беморон, навхонадорон ва бонувон пеш аз таваллуд истеъмол мекунанд. Истеъмоли пайвастаи набот метавонад иммунитетро баланд бардошта, ҳисси нерӯмандиро афзоиш диҳад. Наботро чун дигар шириниҳо дар як дег намепазанд. Дар аввал ба дегҳои махсус шакар андохта, каме об ҳамроҳ мекунанд. Онро то 110 дараҷа меҷўшонанд. Сипас, ба дигар дегҳо, ки тозаю озода нигоҳ доштаанду равған нарасидааст, андохта, дам мекунанд. Дар дохили ин дегҳо қариб то сад қатор ришта кашида шудаанд. Набот 4-5 рўз дар дег меистад. Вақте рўйи дегро мекушоед, қаймоқ (қаймоқи наботӣ) бастааст ва наботҳои кристалӣ дар дохили оби набот меистанд. Баъдан дар тобаҳои махсус гирифта, онро яктарафа мегузорем. Оби набот пурра рехта, набот мемонад. Ҳамин тавр, набот тайёр мешавад ва онро ба навъҳо ҷудо мекунанд. Наботҳо чунин намуд мешаванд: наботи дандона, наботмайда, марворид (наботи сафед), дандонамайда, таги дег, қаймоқи набот, хокаи набот ва оби набот. Хулоса, набот на танҳо ширинии одӣ, балки яке аз шириниҳои шифобахш буда, барои табобати як қатор бемориҳо васеъ истифода мешавад. Хусусан дар фасли сармо истеъмоли набот хеле муфид аст. Бо вуҷуди сода будани таркибаш, набот бо тарзи махсуси омодасозӣ ва намудҳои гуногуни худ арзиши хос дорад ва то имрӯз зеби дастурхони мардум аст.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...