Пешгирӣ аз гепатити А

Пешгирӣ аз гепатити А

Гепатити вирусии А бемории шадиди сироятӣ буда, бо расонидани осеби аввалия ба ҷигар ҷараён мегирад ва аз шахс ба шахси дигар дар сурати якҷо хӯрок хӯрдан интиқол дода мешавад.

 

Гепатити А нисбат ба дигар гепатитҳои вирусӣ одатан хеле сабук ҷараён гирифта, ба хуруҷи фароянди музмин тамоюл надорад. Маҳз ҳамин патологияро дар зиндагии рӯзмарра «бемории Боткин» меноманд. Омили ангезандаи гепатит вирусе мебошад, ки ба гурӯҳи вирусҳои рӯда мансуб аст. Вируси мазкур дар муҳити беруна тобовар буда, дар ҳарорати +40 дараҷа тӯли чандин моҳ боқӣ мемонад, аммо ҳангоми ҷӯшонидан вирус пас аз 15 дақиқа нобуд мешавад.

Манбаи сироят одами бемор мебошад. Аз шахси мариз вирус асосан аз тариқи наҷосат ҷудо мешавад, аммо тавассути пешоб камтар.

 

Сироят чӣ гуна сурат мегирад?

Вирус дар организми инсон ба воситаи дастҳои чиркин, ё ҳангоми хӯрдани маводи ғизоӣ, сабзавот ва меваҳо ворид мешавад. Инчунин, ҳангоми шино кардан дар обанборҳое, ки ба заҳоби партовҳои корхонаҳои саноатӣ олуда шудаанд, эҳтимоли ба ин беморӣ гирифтор шудан вуҷуд дорад. Вуруди вирус ба бадани инсони солим ба таври ноаён, ба истилоҳ дар давраи инкубатсионӣ, ки бо гепатити А аз 14 то 35 рӯз тӯл мекашад, сурат мегирад. Сипас, тазоҳуроти беморӣ ба таври зерин оғоз меёбад: ҳарорати бадан афзоиш меёбад, сардард пайдо мешавад, иштиҳо коҳиш меёбад, сустии бадан, баҳамхӯрдани дил (дилбеҳузурӣ) ва қай кардан мушоҳида мешавад. Дар бештари беморон падидаҳои пурхӯрӣ ва сурхшавии раҳм (зева) ба вуҷуд меояд. Пешоб хиратоб шуда, ба худ ранги оби ҷавро мегирад, аммо моддаи мадфуъ (фекалий) баръакс рӯшан мешавад.

Гепатити А метавонад дар шакли зардча, яъне бо тазоҳури ранги зард аз чашмҳои обраванда (слизистый) ва илтиҳоби пӯст ҷараён ёбад. Аммо мумкин аст, ағлаб дар кӯдакон бидуни шаклҳои зардча вуҷуд дошта бошад. Бо ин ва дигар шакли беморӣ пеш аз ҳама ҷигар осеб мебинад, ки ин бо эҳсоси сангинӣ дар зерқабурғаҳои рост ва афзоиши андозаи ҷигар ба мушоҳида мерасад.

Вируси гепатити А пеш аз зоҳиршавии зардча бо наҷосати шахси бемор хеле зудтар, яъне пеш аз давраи гирифтор шудан ба зардча, ба мушоҳида мерасад. Маҳз дар ҳамин давраи беморӣ беморон барои атрофиёни худ бо расонидани сироят бештар хатарафзоянд. Баробари пайдошавии давраи зардии ранги склер ва илтиҳоби пӯст тахсиси вирус ба шиддат коҳиш меёбад ва манбаи сирояти он зуд паст мешавад. Аз ҳама бештар беморони гирифтори гепатити бидуни шакли зардча хатарноктаранд, зеро дар онҳо аломати асосии дифференсиалии гепатит, яъне зардча вуҷуд надорад, аммо ҷудошавии вирус идома меёбад. Бояд донист ва дар ёд дошт, беморе, ки ба ҳар шакли гепатити А гирифтор аст, манбаи сироят ба атрофиёни худ мебошад. Азбаски гепатити вирусии А гузаранда аст, ҳангоми мулоқот бо бемор мебояд қоидаҳои бехатариро риоя кард. Микробҳо ба воситаи зарфҳои хӯрок (корду шохача) мунтақил мешаванд, инчунин, дар дигар ашё, дастаи дар, розетка, калиди барқ (включатель) ва ғайра низ боқӣ мемонанд. Бемор ҳатман пас аз қазои ҳоҷат бояд дастони худро бо собун бишӯяд. Зарфи хӯроки бемор бояд алоҳида бошад, дигар ашёи ошхонаро дар об мебояд ҷӯшонд ва ё бо воситаҳои зиддиафунӣ бояд безарар кард.

 

Тадбирҳои пешгирии гепатити А сода ва барои ҳама дастрас аст:

Иҷрои ҳатмии қоидаҳои беҳдоштии (гигиена) шахсӣ. Шустани дастҳо пеш аз хӯрдани таом, пас аз қазои ҳоҷат, итмоми кор, сайругашт ва монанди ин.

Сабзавот, меваҳою тутҳо, кабудиҳоро дар зери ҷараёни тези лӯлаоб (водопровод) шустан.

Танҳо оби ҷӯшонидаро хӯрдан.

Дар обанборҳо шино накардан.

Дар айни замон аз ҳама усули самараноки пешгирии гепатити вирусии А эмкунӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, ба истилоҳ «гурӯҳҳои хатарноке» вуҷуд доранд, ки одамони шомили ин гурӯҳ агар иммунитеташон заиф бошад, пеш аз ҳама ҳатман аз маъракаи эмкунӣ гузаранд. Гузашта аз ин, гурӯҳи одамоне низ ҳастанд, ки хатари зуд олудашавӣ ба ин беморӣ доранду ба мамлакатҳое сафар мекунанд, ки дар он ҷо мизони баланди сирояти беморӣ мавҷуд аст. Ба ин гурӯҳ кормандони соҳаи тиби шуъбаҳои сироятӣ, низомиён, мураббиён ва омӯзгорони муасисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, кормандони ҷамъияти матлубот ва таъминоти об, бахусус, канализатсия шомиланд. Хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ низ қишри зуд осебпазир маҳсуб мешаванд. Азбаски бемории вирусии гепатити А мавсимӣ аст, нуқтаи авҷи он ба моҳҳои аввали хониш, яъне сентябру октябр рост меояд. Ана дар ҳамин вақт чун нахустин бор аҳли синф ҷамъ меоянд, маҳз дар ҳамин гурӯҳҳо хатари гирифтор шудан баланд мешавад. Ин, пеш аз ҳама, ба паст будани таҷрибаҳои беҳдоштии (гигиена) бачагон дар ҳамин синну сол, инчунин, аз назорати калонсолон дур будани онҳо вобастагӣ дорад. Барои муассисаҳои таълимӣ гурӯҳ-гурӯҳ ба ин беморӣ гирифтор шуданашон борҳо мушоҳида шудааст. Бинобар ин, бачагон пеш аз фаро гирифта шудан ба таҳсил бояд ҳатман аз маъракаи эмкунӣ бар зидди бемории гепатити А гузаранд.

 

 

Холмирзо Ибрагимов, духтури оилавии МСД Равоти шаҳри Панҷакент Pressa.tj

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...