Ёрии таъҷилӣ ба шахси офтобзада

Ёрии таъҷилӣ ба шахси офтобзада

Ёрии таъҷилӣ ба шахси офтобзада

Дар тобистон аз таъсири нурҳои тафсони офтоб бемор шудан хеле осон аст. Нишонаҳои асосии офтобзадагӣ сарчархзанӣ, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, паридани ранг, сурхшавии пӯст, тез-тез тапидани набз, дарди шикам, дилбеҳузурӣ, садо дар гӯш ва дард кардани мушакҳои бадан мебошанд. Дар сурати сари вақт ягон чора наандешидан одами офтобзада метавонад ҳатто аз ҳуш равад, бинобар ин, дарҳол ба чунин шахс кумаки фаврӣ расонидан лозим аст.

 

Чӣ бояд кард?

  1. Шахси офтобзада, агар аз ҳуш нарафта бошад, ӯро ба ҷои соя бурда, тавре сари зону шинонед, ки сараш ба мобайни пойҳояш хам шавад. Ба пушти калла ва гардани бемор оби хунук резед.
  2. Одами офтобзадагӣ, агар мустақилона роҳ гашта натавонад, ӯро ба ҷои соя бурда хобонед. Таги сарашро баланд карда, барои паст кардани ҳарорати баданаш доруи табпасткунанда (парасетамол) диҳед.
  3. Тугмаҳои куртаашро кушоед ва чанд сачоқчаро дар об тар карда, ба пешонӣ, қафаси сина, таги каш, оринҷ ва пойҳояш гузоред.
  4. Ба шахси офтобзада оби начандон сардро бо иловаи намак (1 қошуқча намак дар 1 литр об) диҳед. Бигзор обро кам-кам нӯшад.
  5. Барои нигоҳ доштани гармӣ дар ҷисм дасту пойи беморро маҳс кунед.
  6. Рафту ҳолати бемор хуб нашуд, фавран ба ёрии таъҷилӣ занг занед.

Кадом амалҳо манъ аст?

Баъзан мо ба ин ё он шахс кӯмак расонидан хоста, баръакс бо амалҳои ноҷои хеш ҳоли беморро бадтар месозем. Чанд амале ҳаст, ки ҳангоми офтобзанӣ ба ҷойи фоида зарар мерасонанд.

  1. Шахси офтобзадаро ба оббозӣ кардан дар дарё маҷбур намудан ё аз сараш як сатил оби хунук рехтан лозим нест. Ба бадани бемор чизҳои аз ҳад сард, аз қабили ях гузоштан низ зарар расонида, ҳолашро бадтар месозад.
  2. Ба шахси офтобзада машрубот, қаҳва, нӯшокиҳои энергетикӣ додан манъ аст. Ин нӯшокиҳо рагҳоро танг карда, ҳатто боиси варами мағзи сар гашта метавонанд.
  3. Ба шахси офтобзадае, ки аз ҳуш рафтааст, маҷбуран об нӯшонидан манъ аст. Дар ин ҳолат бемор метавонад аз дармондани об дар гулӯ вафот кунад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...