ТАҲҚИРИ НОМ Магар Муҳаммадро Муха, Абубакрро Абу, Усмонро Монӣ, Умарро Марик гуфтан таҳқири номи пайғамбар ва чорёр нест?

ТАҲҚИРИ НОМ Магар Муҳаммадро Муха, Абубакрро Абу, Усмонро Монӣ, Умарро Марик гуфтан таҳқири номи пайғамбар ва чорёр нест?

Чанде пеш дар як шабакаи иҷтимоӣ назарам ба навиштае афтод, ки он ҷо дар бораи «мӯд» будани кадом ном дар соли 2022 сухан мерафт. Муаллиф навиштааст, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли гузашта мардум ба фарзандони хеш бештар номҳои исломӣ гузоштаанд. Аз қабили Муҳаммад, Абубакр, Умар, Оиша, Марям, Хадича ва ғайра…

 

Баъзеҳо гузарониданд...

Баъзеҳо дар ин росто шарҳи худро навишта, гуфтаанд, ки ҳангоми шаҳодатномагирӣ масъулин номи гузоштаи онҳоро ба фарзандашон напазируфтаанд. Яъне «номи гузоштаи шумо дар китоби фарҳанги номҳо нест»-у бояд номи дигар ҷўед… Ҳамватанони азизи мо дар ин ҷо ҳам аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ карда наметавонанд, зеро китоби ба қавли масъулин «ном»-ҳо тавсияномаест, ки ҳаргиз наметавонанд ба воситаи он моро маҷбур созанд чӣ номро барои ҷигарбанди худ интихоб кунем. Ин китоб ёрӣ ба он ашхосест, ки дар ёфтани ном душворӣ мекашанд ё номи зебо меҷўянд. Ман дар шумули ҳамон нафароне ҳастам, ки намехоҳам касе маҷбурам намояд, ки ба фарзанду набераат ин ном ё он номро мон! Аммо аз тарафи дигар бо масъулин ҳам ҳамфикр ҳастам, зеро баъзеҳо ба қавле «гузарониданд»…

 

Муха, абу, монӣ ва марик кистанд?

Бисёриҳо ба хотири Худотарсу бузург шудани ҷигарбанди хеш ба онҳо номи пайғамбарон, ба қавли маъмул номҳои исломӣ мемонанд. Ин ягон ҷойи бадӣ надорад, вале гап дар сари ҳақорати ин номҳо меравад… Модареро мешиносам, ки чор писар дорад - Муҳаммад, Абубакр, Усмону Умар. Модари хушбахт, соҳиби чор шоҳписар, вале… Ин модар, ки худ хатмкардаи факултаи суханшиносии яке аз донишгоҳҳои бонуфузи пойтахт аст, номҳои писаронашро кўтоҳ ва ба гуфти худаш бо навозиш мегирад: Муха, Абу, Монӣ ва Марик… Дар бораи Муха ва Абу шумо низ мушоҳида кардаед, хонандаҳои азиз, вале ман бори аввал аз забони ҳамин модари суханшинос шакли кўтоҳшудаи номҳои Усмон ва Умарро шунидаам. Оё ин ҳақорат ва таҳқири ин бузургони дини мубини ислом нест?! Шояд масъулин ба ҳамин хотир супориш додаанд, ки мондани номи авлиёву анбиё ва саиду хоҷаро манъ кунед? Ва ба ин супориш тарафдор набуда ҳам намешавад. Вақте ки номи бузургеро ба фарзандони хеш мегузоред, онро бешикаст ба забон оред ва ҳар дафъа таъкид кунед, ки сазовори номи баланди хеш бош! Акнун тасаввур кунед, ки чӣ гуна Муха ҷавонмарде мешавад бо фазилату салтанту шаҳомат ва ахлоқи ҳамидае, ки ҳазрати пайғамбарамон доштанд, ё аз Абу марде чун ҳазрати Абубакр тарбия меёбад?! Ба ҳамин хотир, пеш аз он, ки номеро барои фарзандатон интихоб мекунед, шиори «Аввал ҳафт бор чен карда, баъд бибур!»-ро ба хотир биёред…

<figure><img src="//as-salam.press/storage/_content/2022/12/29/1672330657_63adbda168c6e.jpg"></figure>

 

Номҳои «худӣ» ва «бегона»…

Аксарияти номҳои мо решаи арабӣ доранду кайҳо дигар барои мо бегона нестанд, вале танҳо баъди солҳои навади асри пор баъзе номҳои нав вориди фарҳанги номгузории тоҷикон шуданд. Номҳое, ки шахсан ман пештар нашунида будам, аз қабили Анас, Судайс, Сумая, Асмоа имрўз хеле мӯд шудаанд. Аммо боз номҳои писаронае шунидаам, ки одамро ба ҳайрат меоранд… Ал-хаттаб, Ал-ямин, Амор. Ин номҳоро падару модари тоҷик ба писаронашон гузоштаанд. Шояд китоби феҳристи номҳои тоҷикӣ барои ҳамингуна волидайн бошад?! Ин дар бораи номҳои «бегона» буд, акнун мегузарем ба номҳои сирф тоҷикӣ… Шояд коршиносони соҳа дар баробари пешниҳоди номҳои хушоҳангу зебо ба мардум фаҳмонанд, ки баъзе номҳои тоҷикиро услубан хато менависанд. Масалан мардуми мо ба номҳои зебои духтаронаи Мижгон, Гулноз, Шаҳноз, Марҷон, Парвин, Ҳилол ва ғайра пасванди “а” илова мекунанд, ки хатост… Шояд ба назари баъзеҳо ин майдагапӣ тобад, вале чун ба як масъала дахл мекунем, бояд онро бо чанд паҳлуяш таҳлил кунем. Ростӣ, китоби фарҳанги номҳоро нахондаам, вале бояд дар он таъкид карда шавад, ки ном дар баробари хушоҳанг будан бояд дорои маънии баланд бошаду услубан бехато навишта шавад.

 

Гургаку санчилу поргӣ…

Хонумеро бо исми Садбарг мешинохтам. Мо бо ў чанд сол ҳамкор будему муносибатҳои хуб доштем. Боре назарам ба шиносномааш афтод, дар бари насабаш Санчил навишта шуда буд. Ман ба ў гуфтам, ки чаро номат дар ҳуҷҷатҳоят нодуруст қайд шудааст, ў дар ҷавоб хандиду гуфт: “Фарзандони модарам пеш намерафтаанд, баъди таваллуд ҳамагӣ се ё чор моҳ умр дида, мефавтидаанд. Бо тавсияи як мулло модарам номи маро Санчил, яъне сангреза гузоштаасту номи додарамро бошад, Гургалӣ. Ту инро афсона напиндор, аз ёздаҳ нафар фарзанди волидайн танҳо мо зинда мондем. Номи додарам ҳамонгуна Гургалӣ монду ман бошам, баъди дохил шудан ба донишгоҳ Садбарг шудам, зеро аз номам шарм медоштам… Ҳоло номи мондаи волидайнам танҳо дар ҳуҷҷатҳо мондааст, баъзан мехоҳам ҳуҷҷатҳоямро иваз кунам, вале умр гузашт, ба қарибӣ ба нафақа мебароям… Аммо дар зодгоҳам маро то ҳол Санчил мегўянд, як умр аз номам шарм дошта омадам, вале модари пирам ақида дорад, ки маҳз ҳамин ном маро аз марг наҷот додааст ва ношукрӣ накунам”. Хонуми дигарро модар ба хотири аз чашми аҷал пинҳон доштан Поргӣ, яъне дарбеҳ ном кардааст. Аммо ин бону ба хотири оянда шарм надоштани фарзандону наберагонаш ҳуҷҷатҳояшро аз нав карда, номашро ба Баргӣ иваз намудааст. Шахсан худам бонувонеро бо номҳои Майна, Зоғак, Товус, Сангчагул мешиносам… Аввалин вазифаи волидайн дар пеши фарзанд - ин гузоштани номи хушоҳангу бомаънӣ мебошад. Пас биёед ин вазифаи ҷонӣ ва нахустини худро тарзе ба анҷом расонем, ки оянда ҷигарбанди моро дар банди хиҷолат нагузорад...

 

Лолаи Саидакбар, рӯзноманигор

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ: Бисёр чизро метавон иваз кард, аммо Ватанро ҳаргиз!

Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ бо ҷиу-ҷитсу Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад   Моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи бонуфузи Abu Dhabi Grand Slam аз рӯи ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгари 20-сола Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ (вазни то 77 кг), ки дар...


Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».   Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ...


Дин ва арзишҳои милли

Худованд дар Қуръон сураи Ҳуҷурот ояти 13 ба одамон чунин хитоб кардааст: «Эй мардумон, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабила сохтем, то ин, ки якдигарро шиносед». Ин ояти карима аз мардум даъват ба амал овардааст, ки одамон якдигарро шиносанду...


10 сабаби фарбеҳӣ

Фарбеҳӣ дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фарбеҳӣ натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба саломатӣ низ зиён дошта, боиси пайдоиши як қатор бемориҳо мегардад. 10 сабаби гирифторӣ ба фарбеҳиро пешкаши шумо мегадонем.   1. Сустшавии...


Тарбуз давои фарбеҳӣ

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ азоб мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд бо истеъмоли тарбуз вазнашонро кам кунанд.   Тарбуз дар таркиби худ 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда...