Таҳсил дар хориҷа. Имконот ва мушкилот

Таҳсил дар хориҷа. Имконот ва мушкилот

Таҳсил дар хориҷа. Имконот ва мушкилот

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир зиёда аз 41,2 ҳазор шаҳрвандони кишвар берун аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Аз теъдоди умумии донишҷӯёни машғули таҳсил дар хориҷа бештарашон — 33 ҳазору 178 нафар дар Федератсияи Русия ба хондан машғуланд. Ба сегонаи аввали кишварҳо Чин — 2 ҳазор 900 донишҷӯ ва Қазоқистон — 970 донишҷӯ шомил мешаванд. Боқимонда илмомӯзон дар кишварҳои Туркия, Амрико, Қазоқистону Ӯзбекистон, Ҷопон ва дигар мамлакатҳо таҳсил доранд.

 

Вазъи донишҷӯён дар Русия

Донишҷӯёни тоҷик бо чанд роҳ ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ дохил мешаванд. Қисми аввал тариқи маркази “Дурахшандагон”, қисми дувум ба воситаи бурсҳои омӯзишӣ, қисми сеюм мустақил ба макотиби олии кишвари дигар имтиҳон месупоранд.

Тавре ишора намудем, бештари донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, дар макотиби олии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.

Тавре маълум аст, баъди қазияи “Крокус” муносибат бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия сард шуд. Вале Ёқуб, яке аз донишҷӯҳои тоҷике, ки дар Русия таҳсил мекунад, аснои суҳбат иброз дошт, ки “муносибати мардуми рус нисбат ба мо хуб аст, ин ҷо айб пеш аз ҳама дар худи мост, чун ба қонунҳои ин кишвар амал намекунем. Вақте ин гуна рафтор мекунем, албатта моро ҳар гуна мепиндоранд. Баъд аз «Крокус» тамоман”.

Ба таъкиди мавсуф, вазъи маориф дар ин ҷо нисбатан беҳтар аст: “Дар мактабҳо бе ягон маблағи зиёдативу даводавҳо имтиҳонро месупорӣ, ҳатто метавонӣ ба тариқи онлайн бисупорӣ. Муаллимон дастгирӣ мекунанд, муносибаташон хуб аст. Умуман, ҳама чиз аз саводу рафтори донишҷӯ вобаста аст. Лекин ман дар макотиби худамон инчунин дастгириро ҳеҷ надидам. Яъне инҷо савод ба кор меояд, дониш бошад, мегузарӣ. Ҳама кор бо пул ҳал намешавад”.

Бештари донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, ки таҳсил дар Русия аз он ҷиҳат бартарӣ дорад, ки онҳо метавонанд барои худ шуғл низ пайдо кунанд.

“Барои дастгирии донишҷӯён як барнома мавҷуд аст, метавонӣ аз рӯйи ихтисосат кор пайдо намоӣ. Яъне бе кор намемонӣ. Лек, азбаски донишҷӯ ҳастӣ, масалан аз 100 фоиз 40 фоизи ҳақи корро мегирӣ. Ин як навъи кумак ба донишҷӯён аст аз тарафи Русия”,- мегӯяд ҳамсуҳбати дигари мо Аслан, ки давоми як соли охир дар Русия кору таҳсил дорад.

Амалия бештар аст, на назария…

Илмомӯзи дигар Умедҷон Амонӣ, ки таҳсили дуюми хешро дар Туркия гирифтааст, дар бораи бартарии таҳсил дар хориҷи кишвар мегӯяд: “Аслан омӯзиши илмҳои замон барои ҷавони муосир як қувваи пурҷозибаи рӯзмарраи айём маҳсуб меёбад. Омӯхтан хуб аст, вале ҳамқадами замона будан — ин боз як падидаи дигар. Хуб аст, ки мо низ пайи иҷрои рисолати имрӯзини хеш ба қитъаи Аврупо раҳсипор гардида будем. Шаҳри Истамбул як шаҳри азимеву пур аз одамони нажоду миллатҳои гуногун аст. Мо хеле чизҳоро он ҷо дидем, омӯхтем. Самти мо соҳаи ҳуқуқ буд ва бо стандарти байнулмилал сабақ мегирифтем. Лек ягона норасоие, ки банда даркаш намудам, ин ихтиёран ва бо саводи миёнаи нокифоя роҳ пеш гирифтани қисме аз ҷавонон ба шаҳрҳои бузурги аврупоӣ баҳри таҳсил аст, ки метавонад онҳоро ба саргардонӣ оварда расонад”.

Саидамир Боқиев, муҳассили курси чоруми АИНПҶТ, ки дар Қазоқистон таҳсил намудааст, аз низоми таҳсил дар ин кишвар ва ҷузъиёти дигари мавзуъ бароямон тавзеҳ дод: “Соли 2022 вақте мо курси дуюм мехондем, барои таҳсил ва касби таҷриба ҳамчун табодул ба кишвари Қазоқистон барои таҳсил дар риштаи ҳуқуқшиносӣ равона шудем. Мо он ҷо тӯли як семестр (нимсола) таҳсил намудем. Шароитҳо хуб буданд, аммо хароҷот ва дигар масрафҳо барои хӯрок, роҳкиро аз ҳисоби худамон буд. Мо дар Донишгоҳи байналмилалии авруосиёгии ба номи Л. Н. Гумилёв таҳсил мекардем, ки яке аз муассисаҳои олии бонуфузи Қазоқистон ва ҷаҳон мебошад. Дар раванди таҳсил мо бештар дар амалия кор мекардем, фарқияташ аз мо дар он мебошад, ки 30 дарсад теория, яъне назария буду 70 дарсад амалия. Ин барои азхудкунии касб хело ҳам муфид аст. Муносибати мардуми Қазоқистон, махсусан мардуми шаҳри Остона дарвоқеъ хуб аст, яъне як фазои озодро мемонад, ки он ҷо касе ба касе кор надорад”.

 

Дониш дар мадди аввал аст, на сарулибос

Омӯзгор Азиз Иброҳим, ки аз ҳолати таҳсил дар хориҷи мамлакат огаҳ аст, дар суҳбат бо мо қайд намуд, ки фарқи асосии таҳсили хориҷа аз мо дар озод будани илмомӯзон аснои дарсҳо мебошад: “Масалан мо дар чанд кишвари хориҷа будем, вақте бо донишҷӯёнашон вомехӯрдем ё аз рафти дарсҳояшон дидан мекардем, онҳо тамоман дар як фазои озод таҳсил мекарданд. Бо либоси озод ба дарс ҳозир мешуданд ва бештар дар амалия кор мекарданд. Яъне ин кишварҳо донишро дар дараҷаи аввал мегузоранд, на сарулибосро. Вақте донишҷӯ озод набошад, аз куҷо дар ӯ шавқи таҳсил ё ин ки омӯхтан пайдо мешавад?».

Ба гуфтаи ин омӯзгор, дарсҳои вобаста ба ихтисос дар хориҷ нисбат ба дарсҳои ғайриихтисосӣ зиёдтар мебошанд, ки ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, то нозукиҳои соҳаи интихобкардаашонро ба пуррагӣ омӯзанд.

“Масалан, агар ихтисоси донишҷӯ муҳандис бошад, ӯ бояд бештар дарсҳои ба соҳаи худаш заруриро омӯзад. Агар мо донем, ки дар макотиби олӣ фанҳо куллан тағйир меёбанд, ин гапи дигар, аммо барномае, ки дар мактаби миёна мехонанд, аксар ҳамонҳоро мегузаранд. Агар дар кишвари мо низ аз ин методҳо кор гирифта шавад, ҳамзамон таъмини моддию техникӣ ва ашёҳои вобаста ба самти тахассус иҷро гардад, он гаҳ донишҷӯ ба таҳсил шавқу рағбати бештар пайдо мекунад”, - мегӯяд Азиз Иброҳим.

 

Беҳрӯз Сайфуллоев, рӯзноманигор

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...