Зиндагиномаи Имом Бухорӣ

Зиндагиномаи Имом Бухорӣ

Вай имоми муҳаддисин, қудваи ҳуффоз ва-л-муҳаққиқин, мустанаду-л-мутақаддимин ва-л-мутааххирин Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардазбеҳи Бухорӣ аст.

 

Номбурда баъд аз намози ҷумъаи рӯзи сездаҳуми моҳи шаввол соли 194-и ҳиҷрии қамарӣ (20 июл 810) дар шаҳри Бухоро, ки яке аз шаҳрҳои машҳури Ӯзбекистони феълӣ аст, ба дунё омадааст.

Ҳазрати имом Бухорӣ g аз моли ҳалол нашъунамо ёфта, бузург шудааст. Падараш Исмоил, ки яке аз муҳаддисини машҳури асри худ мебошад, ҳангоми вафоти худ гуфт: “Ба хотир надорам, ки дар тамоми моли ман як дирҳаме аз ҳаром махлут шуда бошад.”

Вай аз хурдсолӣ ба шунидан ва таълими ҳадис рӯй оварда ва дар соли 205-и ҳиҷрии қамарӣ ба синни ёздаҳсолагӣ шурӯъ ба фарогирии ҳадис аз уламои шаҳри худ намуд. Баъд аз он дар соли 210-и ҳиҷрӣ бо модар ва бародараш ба ҳаҷ рафта ва ҷиҳати таҳсили илми ҳадис муддати замоне дар Маккаи мукаррама боқӣ монд, баъд аз он барои ҳамин ғараз ба аксари шаҳрҳои машҳури он вақт аз қабили Хуросон, Шом ва Миср ва шаҳрҳои Ироқ мусофират намуда ва чандин бор ба Бағдод рафтуомад намуд.

Ва билохира ба Бухоро баргашта ва дар ҳамон ҷо ба синни шастудусолагӣ дар соли 256-и ҳиҷрии қамарӣ (1 сентябр 870, 60 сол бо солшумории милодӣ) вафот намуда ва ба раҳмати ҳақ пайваст, раҳимаҳуллоҳу раҳматан восиъатан бифазлиҳи ва карамиҳи, омин.

Имом Бухорӣ дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шуд. Оромгоҳи вай имрӯз ҳам зиёратгоҳи хоссу ом аст ва дар канори он китобхонае ба номи ӯ бино кардаанд.

Ғолиб ибни Ҷабраил мегӯяд: “Баъд аз он, ки имом Бухорӣ вафот намуд, ӯро кафан карда ва бар вай намоз хонда ва дар қабраш ниҳодем, аз қабраш бӯйи хуше, монанди мушк баланд гардид ва ин бӯйи хуш чандин рӯз идома ёфт ва мардум рафта, аз хоки қабраш бармедоштанд, билохира маҷбур гардидем, ки дар атрофи қабраш панҷарае қарор диҳем.”

Абдулвоҳид ибни Одами Тавовисӣ мегӯяд: “Паёмбари Худо ﷺ-ро бо иддае аз асҳобашон ба хоб дидам, ки дар ҷое истодаанд, пурсидам: “Ё Расулаллоҳ! Сабаби истодани шумо дар ин ҷо чист?” Фармуданд: “Интизории Муҳаммад ибни Исмоилро мекашам.” Ва ҳамон буд, ки баъд аз чанд рӯз хабари марги имом Бухорӣ g барои мо расид ва чун ҳисоб намудам, дидам, ки вай дар ҳамон соате вафот намудааст, ки ман Паёмбари Худо ﷺ-ро ба хоб дида будам.

 

Шахсияти Имом Бухорӣ дар назди уламо

Ҳама касоне, ки дар илми шариат ба таври умум ва дар илми ҳадис ба таври хусус машғулият доранд, худро марҳуни хадамоти шоёни ин шахсияти бузурги олами ҳадис дониста ва аз мақоми арҷмандаш дар ин илм тавсиф ва тамҷид намудаанд ва имом ибни Ҳаҷар g дар муқаддимаи «Фатҳу-л-борӣ», ки дар шарҳи «Саҳеҳу-л-Бухорӣ» навишта шудааст, таъриф ва тавсифи беш аз сад олими исломиро дар мавриди имом Бухорӣ g зикр менамояд, ки албатта ин мухтасар ғунҷоиши зикри ҳамаи онҳо ва ҳатто қисмате аз онҳоро надорад ва мо барои намуна ва мисол фақат қавли чанд нафар аз он уламоро зикр менамоем.

Муҳаммад ибни Ҳотами Варроқ мегӯяд: “Имом Бухориро дар хоб дидам, ки дар пушти сари Паёмбари Худо ﷺ равон аст, чун Паёмбари Худо ﷺ қадами худро бармедоранд, имом Бухорӣ g қадами худро ба ҷойи қадами он ҳазрат ﷺ мегузорад.”

Фарабрӣ мегӯяд: “Паёмбари Худо ﷺ-ро ба хоб дидам, аз ман пурсиданд:

– Азми куҷоро дорӣ?

Гуфтам:

– Мехоҳам назди Муҳаммад ибни Исмоил биравам.

Фармуданд:

– Саломи маро ба ӯ бирасон.”

Раҷо ибни Раҷо, ки яке аз ҳуффози ҳадис аст, мегӯяд: “Имом Бухорӣ ояте аз оёти Худованди мутаъол дар рӯи замин аст.”

Имом Яҳё ибни Ҷаъфари Бекандӣ мегӯяд: “Агар қудрат медоштам, аз умри худ ба умри имом Бухорӣ меафзудам, чун марги ман, марги як инсон ва марги имом Бухорӣ сабаби аз байн рафтани илм аст.”

Имом ибни Хузайма мегӯяд: “Дар зери осмон шахси донотаре дар илми ҳадис аз имом Бухорӣ вуҷуд надорад.”

Абдуллоҳ ибни Ҳаммоди Элӣ мегӯяд: “Эй кош, ман мӯйе дар ҷасади имом Бухорӣ мебудам.”

Ва билохира Абӯаҳмад Ҳоким мегӯяд: “Агар тавсифи ҳамаи оммаро дар мавриди имом Бухорӣ зикр намоям, коғаз ба итмом расида ва нафас аз ҳаракат мемонад, зеро ӯ дарёест, ки поён ва соҳил надорад.”

 

Китоби “Саҳеҳ-ул-Бухорӣ”

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...