Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод?

Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани маҳсулот беҳтар аст. («Мроки Фалох»)

 

 

 

Агар мард ба занаш гўяд, ки “ҷавобатро додам, ҷавобатро додам”, оё бо ин суханаш ду талоқ воқеъ мешавад?

Дар сурати мазкур фақат як талоқи боин воқеъ мешавад, на ду талоқ. Пас аз ин моҷаро таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр лозим мегардад, ба шарте ки байни шумо қаблан ду талоқ воқеъ нашуда бошад, дар акси ҳол никоҳ байни шумо дигар дуруст нест. («Любоб»)

 

 

 

Дар гўши навзод кӣ бояд азон гўяд ва то чанд рўз ин амалро бояд анҷом дод? Агар пас аз як ҳафта гуфта шавад, дуруст аст ё на?

Пас аз таваллуди тифл ҳар гоҳе фурсат шавад, ин амалро анҷом додан дуруст аст, вале набояд, ки таъхир кунад. Падари тифл ё бобои ў ва ё каси дигаре метавонанд дар гўши тифл азон гўянд, муҳим ин аст, ки шахси ботақво ва солеҳ бошад ва дар ҳаққи навзод дуои нек кунад. («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Лутфан бигўед, ки пешоби кўдак либосро бенамоз мекунад ё на? Дар ин ҳолат оё таҳорат кардан лозим аст?

Дар ҳолати расидани пешоби кўдак ба либос ё бадан он либос ва узви бадан бенамоз мешавад ва шустани он лозим мегардад, лекин таҳорат намешиканад, бинобар ин, таҳорат кардан лозим намегардад. («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Марде ба ҳамсари ҳомилааш “се талоқ” мегўяд ва бисёр пушаймон мешавад. Касе ба ў гуфтааст, ки агар занаш писардор шавад, талоқ ҳисоб намешавад, агар духтардор шавад, як талоқ мешавад. Ҳукми ин масъала чӣ гуна аст?

Ҳомила будани зан ба талоқ ҳеҷ рабте надорад, агар мард ин лафзро гуфта бошад, албатта талоқ воқеъ мегардад, хоҳ ҳамсараш писар таваллуд кунад ё духтар. Бар ҳар ҳол, шумо барои посухи дуруст гирифтан ба Муфтиёт муроҷиат кунед, зеро масъалаи талоқ шарҳу тафсил мехоҳад. («Ихтиёр»)

 

 

 

Лутфан дар бораи намози қаср ва масофаи сафар маълумоти муфассал медодед?

Вақте ки шахсе аз маҳалли зисташ азми сафар кунад ва масофа то макони мақсудаш 120 км роҳ бошад, намозҳоро қаср мегузорад. Агар дар аснои сафар намози чаҳорракъатие қазо шуд, онро низ ба сурати қаср, яъне ду ракъат ба ҷо меорад. Яъне дар ин ҳолат намозҳои чаҳорракъатии фарзро ду ракъат мегузорад, вале суннатҳоро пурра мехонад. Намози бомдод ва шомро низ пурра мехонад, зеро намози бомдод худ ду ракъат аст ва намози серакъатӣ қаср надорад. Агар шахси мусофир ният кунад, ки дар шаҳре ба муддати 15 рўз иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Аммо дар ҳолати камтар аз 15 рўз истодан дар он шаҳр намозро қаср мегузорад. («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Агар зан ба суханони шавҳараш амал накунад, балки сухани падарашро иҷро кунад, дар дини Ислом чӣ ҳукм дорад?

Итоати ҳамсар аз шавҳараш амри воҷиб аст, модоме ки дар он маъсият набошад. Агар ҳамсар ҳуқуқи шавҳарашро риоя накунад ва ба суханону дастуроти ў амал накунад, албатта гунаҳгор мешавад. Ҳар як нафар қабл аз издивоҷ бояд қонун ва одоби муоширати занушавҳариро биёмўзад ва онро дар зиндагии худ татбиқ кунад, дар ин сурат зиндагии гуворо ва саодатмандонаро ба даст меорад.

 

 

 

Муддати сездаҳ сол аст, ки шавҳарам бо ман хонадорӣ намекунад ва боз мегўяд, ки тоқат кун, зан бояд сабр кунад. Аз нигоҳи шариат ин чӣ ҳукм дорад?

Аз нигоҳи шариат зан болои шавҳараш ҳуқуқи зиёде дорад, аз ҷумла муоширати ҷинсӣ ва баровардани ниёзҳои ғаризию майлҳои фитрии зан низ яке аз талаботи никоҳ мебошад. Агар дар шавҳар норасоии ҷинсӣ вуҷуд дошта бошад, бояд худро табобат кунад, то ин мушкил рафъ гардад ва фазои ҳусни тафоҳум дар оилаи шумо пойдор гардад.

 

 

 

Оё намозгузор аз паси имом замми сура карда метавонад?

Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам аз паси имом хондани сураи “Фотиҳа” ё дигар сураҳо барои муқтадӣ ҷоиз нест, хоҳ намози ҷаҳрӣ бошад ё намози хуфя. Балки муқтадӣ фақат сано (“Субҳонакаллоҳумма”) хонда, дар вақти қироати имом хомўш меистад, аммо дигар тасбеҳҳои рукуъу суҷуд, “Аттаҳийёт” ва салавоту дуоҳоро мехонад. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Ҳар касе имом дошта бошад, пас қироати имом барои ў низ қироат маҳсуб мешавад». (Ибни Моҷа) («Мухтасарул-виқоя»)

 

 

 

Намози ҷумъа чанд ракъат аст ва чигуна хонда мешавад?

Намози ҷумъа яке аз намозҳои фариза аст, ки дар рўзи ҷумъа ба ҷои намози пешин баргузор карда мешавад. Намози ҷумъа ба ҳар касе, ки дорои шароити зерин бошад, фарзи айн аст: Болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқими шаҳр будан. Бинобар ин, намози ҷумъа барои ноболиғ, зан, ғулом, мариз, нобино ва мусофир фарз нест. Бо вуҷуди ин, агар афроди мазкур ҳозир шаванд ва якҷо бо мардум намози ҷумъаро адо намояд, ин намозашон ба ҷойи фарзи пешин ҷойгузин хоҳад шуд. Рўзи ҷумъа ду бор азон гуфта мешавад. Бо азони аввал мардум харидуфурўш ва дигар корҳои дунявии хешро раҳо сохта ва ба сўйи масҷид мешитобанд. Қабл аз хутба чаҳор ракъат суннат гузорида мешавад. Сипас имом болои минбар баромада, рў ба ҷамоат қарор мегирад ва азони дувум гуфта мешавад. Баъд аз он имом ду хутба мехонад ва дар миёни он андаке менишинанд. Ҳар гоҳ хутбаи дувумро ба поён расонд, ду ракъат намози ҷумъаро бо мардум адо мекунад. Пас аз адои фарзи ҷумъа чаҳор ракъат суннати дигар гузорида мешавад. Дар охир имом бо мардум якҷоя дуо мекунанд. («Нурул Изоҳ”)

 

 

 

Тоҷир закоти молашро чӣ гуна мепардозад? Оё аз маҷмўъи моли тиҷораташ закот медиҳад ё фақат аз он молҳое, ки фурўхтааст? Барои ба нисоб расидани маблағ нархи хариди мол ба эътибор гирифта мешавад ё нархи гузошташуда ва ё нархи фурўш? Масалан, молеро бо нархи 300 рубл ворид мекунад ва 450-500 рубл нарх мегузорад, аммо онро бо нархи 350-400 рубл мефурўшад. Дар ин ҳолат нисоби закот бо кадом яке аз ин нархҳо ҳисоб карда мешавад?

Нисоби закот аз тамоми моли тиҷорат ҳисоб мешавад ва дар пардохти закот ҳамон нархи фурўшатон, яъне 350-400 рубл эътибор карда мешавад. («Ихтиёр»)

 

 

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...