Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Ман мехоҳам дар бораи чи тавр рўзаи марям гирифтан маълумот гирам ва он чи тавр аст?

Ба номи рўзаи Марям рўза надорем ва он дар миёни аввом аст ва он дуруст нест ва ҳеҷ асли шаръӣ надорад.

 

 

 

Оё ман метавонам ба ҷои модари фавтидаам ҳаҷҷи умра кунам. Кадом намуди ҳаҷ барои модарам ҷоиз аст, зеро бисёр мехостанд, ки ҳаҷ кунанд, вале шароити рафтан надоштанд.

Шумо метавонед аз ҷониби модари марҳуматон ҳаҷҷи бадал ва умра анҷом диҳед ва савобашро ба модаратон ҳадя кунед. «Любоб»

 

 

 

Ман соли гузашта бе иҷозати шавҳарам кори хайри анҷом додам. Ба шахсе миқдоре пул додам, то ки дар масҷид хайр кунад ва инчунин ба каси дигаре маблағе додам, ки дар иди Қурбон гўсфанд қурбонӣ кунад. Ҳамаи инро барои ризои Худо кардам. Оё дар ин ҳолат ман гунаҳгор шудаам?

Хоҳари азиз, агар ин маблағҳо аз фарзандонатон бошад ва шавҳаратон онро дар ихтиёри шумо гузошта бошад, пас бе иҷозати ў ҳар амали хайре, ки анҷом диҳед, ҳақ доред. Аммо агар дар ихтиёри шумо гузошта шуда набошад, дар ин сурат бе иҷозати шавҳар дуруст нест.

 

 

 

Оё дар дини Ислом хунгузаронӣ аз як шахс ба шахси дигар ҷоиз аст?

Дар ҳолати зарурат хун додан барои беморон ҷоиз аст, вале фурўхтан ё нарх гузоштани он манъ аст. «Фикхи ислом ва адиллатуху»

 

 

 

Дирўз аз дорухона барои меъда доруи креатин харидам. Чун дорухатро хондам, таркибаш равғани хук доштааст. Вале барои саломатиам онро истеъмол кардам. Оё ин дору ҳалол аст ё ҳаром? Агар ҳаром бошад, пас аз истеъмол ман бояд чӣ кор кунам?

Шумо аз мутахассиси ҳамон соҳа дар ин маврид суол кунед, агар аз таҷриба маълум бошад, ки ин дору барои дарди шумо муфид аст ва ғайр аз он доруи дигаре мавҷуд набошад, ки таркибаш аз ин гуна маводи нопок холӣ бошад, пас дар ин сурат истеъмолаш ҷоиз аст. «Фикхи ислом ва адиллатуху»

 

 

 

Ба писар гузоштани номи Муқтадир дуруст аст?

Муқтадир яке аз номҳои Парвардигор аст, бинобар ин шакли дурусташ Абдулмуқтадир бояд шавад.

 

 

Ман як шабонарўз дар сафар будам ва намозамро хонда натавонистам. Акнун панҷ намози қазошударо дар кадом вақт ва чигуна гузорам?

Аз дидгоҳи шариат дар се вақт намоз гузоридан раво нест: ҳангоми тулуъи офтоб, вақти қиёми он ва дар вақти ғуруби офтоб. Дар ғайри ин вақтҳо шумо метавонед намозҳои қазоиро бо нияти қазо ба ҷо оред. «Хошияти Тахтови»

 

 

 

Домуллои муҳтарам мегуфтед, ки дар рўзи ҷумъа намози пешинро ҷамоат хондан мумкин аст ё не?

Агар дар шаҳр ҷойгир бошад, рўзи ҷумъа намози пешин бо ҷамоат хонда намешавад, вале агар дар деҳаҳое бошад, ки дар он ҷо намози ҷумъа хонда нашавад, пешинро бо ҷамоат хондан зарур аст. «Шарху л-Викоя»

 

 

 

Ман бояд издивоҷ мекардам, вале яке аз хешовандонам аз дунё гузашт. Оё ҳозир издивоҷ карда метавонам ё ки пас аз додани маъракаи солаш тўй кунам?

Аз нигоҳи шариат айёми таъзия се рўз аст, баъд аз ин зиндагӣ боз ба маҷрои худ идома медиҳад. Издивоҷ суннати Паёмбар ﷺ аст ва шитоб кардан дар анҷоми он мустаҳаб ва хуб аст. Онро як сол ба таъхир андохтан шарт нест. «Ихтиер»

 

 

 

Оё аз меваи дарахте, ки дар қабристонҳо рўидааст, истифода (истеъмол ва фурўш) намудан дуруст аст? Ҳамчунин алафҳои қабристонро барои чорвоҳои хонагӣ даравида ва захира кардан мумкин аст ё на?

Агар яқинан дониста шавад, ки дарахт ё алаф аз хоки қабр ғизо мегирад, дар ин сурат истифодаи меваи дарахти қабристон ва алафи сабзи он макрўҳ мебошад. Агар алафи қабристон хушк шуда бошад, дарав кардан ва истифодаи он кароҳат надорад. Худованд падару модар ва ҳамаи наздикони шуморо биёмурзад ва шомили раҳмати худ гардонад. «Фикхи ислом»

 

 

 

Номи духтарчаамро Парвона гузоштам, хоҳишмандам ин номро маънидод мекардед?

Хоҳари азиз, калимаи “парвона” дар асл як навъи ҳашарот аст, ки шабона дар гирди шамъ ё чароғ давр мезанад, маҷозан ба маънои муштоқ меояд. Гузоштани ин ном аз нигоҳи шариат ҷоиз аст ва монеъе надорад.

 

 

 

Оё ҳангоми рӯзадорӣ дандонҳо шустан мумкин аст?

Мумкин аст, вале бе истифодаи хамираи дандоншўӣ. Истифодаи хамираи дандоншўи макрўҳ аст, аммо истифода аз мисвоки табии боке надорад. «Мароки Фалох»

 

 

 

Намози таҳаҷҷудро чӣ тавр ва чанд ракъат мегузоранд?

Ақалли намози таҳаҷҷуд ду ракъат ва аксараш ба ихтиёри шахс вобаста аст, вале дар суннат ва фиқҳ аз ҳашт то дувоздаҳ ракъат омадааст. Дар ин намоз кадом сурае, ки хонда шавад, дуруст аст. Баъзеҳо мегўянд, ки сураи “Қадр” “Ихлос” хонда мешавад. «Хошияту Тахтови»

 

 

 

Дар рўзи сешанбе сар шустан мумкин аст?

Шустушў кардан дар рўзи сешанбе ҳеҷ монеъе надорад, зеро назофату покӣ аз ҷумлаи талаботи ҳатмии шариат аст ва вақти муайян надорад. Дар давоми ҳафта ҳар гоҳе ки лозим шуд, як бор шустани сару тан бар ҳар фарди мусулмон лозим аст, анҷом додани ин амал дар рўзи ҷумъа беҳтар аст. «Фикхи Ханафи»

 

 

 

Лутфан мегуфтед, ки гуноҳи ғайбат вазнинтар аст ё аз зино?

Бародари азиз, ғайбат ва гуноҳ ҳар ду аз гуноҳони кабира ҳастанд, гуноҳи зино сангинтар аст, аммо ҷазои ғайбат ин аст, ки ҳам аз шахси ғайбатшуда биҳилӣ хоҳад ва ҳам ба даргоҳи Худо аз он тавба кунад. «Кабоир»

 

 

 

Оё истифода бурдани ҳоҷатхонаи унитаздор мумкин аст? Агар мумкин бошад, дар ин ҳолат худро тоза кардан зарур аст? Дар он ҷо чӣ тавр истинҷо кардан мумкин аст, ки об пош нахўрад? Пас аз пешоб чӣ амалҳоро анҷом додан лозим аст, то ки пешоби боқимонда хориҷ нашавад?

Беҳтар ин аст, ки ҳоҷатхона мутобиқ ба талаботи шариат сохта шавад, дар ин сурат ҳеҷ мушкиле пеш намеояд. Агар ҳоҷатхона ба шакли унитаз сохта шуда бошад, дар ҳолати қазои ҳоҷат ё истинҷо кўшиш бояд кард, ки бадан ё либос олуда нашавад. Пас аз пешоб чанд қадам задан ё бо овози баланд сурфа кардан дар хориҷ шудани пешоби боқимонда муассир аст, ин амалро дар истилоҳи шариат истибро мегўянд. «Мароки Фалох»

 

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...