8 тоифаи занон, ки дили шавҳарро ба осонӣ ёфта метавонанд

8 тоифаи занон, ки дили шавҳарро ба осонӣ ёфта метавонанд

Дар тӯли зиндагияшон мардҳо бо бонувони зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, вале онеро интихоб менамоянд, ки аз нигоҳи мард беҳтарин аст. Мехоҳед донед, ки ҳангоми интихоби бахт мардҳо ба чӣ аҳамият медиҳанд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

 

Зани гапдаро

Барои он ки аробаи зиндагӣ дар нимароҳ чаппа нашавад, марду зан бояд ба якдигар гузашт карданро омӯзанд. Мардҳо табиатан худхоҳ ҳастанд ва на ҳамеша ба гузашт кардан қодиранд, аз ин рӯ зани гапдаро барои мард беҳтарин сарват аст. Зиндагӣ бо зане, ки аз гапи шавҳараш намебарояд, ширину гуворо хоҳад гашт, аз ҳамин хотир бонувони сарпаст дар бозори бахт ба зудӣ харидор меёбанд.

 

Зани меҳрубону ғамхор

«Зане, ки дар дилаш эҳсоси раҳму шафқат надорад, сазовори дӯст доштан нест» мегӯянд иддае аз мардон. Дар ҳақиқат дар зиндагӣ ба ҳамдигар мӯнису ғамхор будани зану шавҳар бисёр муҳим аст, хоса зан бояд ҳамеша гарду ғубори дили мардашро бо ҳарфҳои ширин аз дилаш руфта тавонад. Сабаби дигари меҳрубонии занро ҳангоми интихоби арӯс дар ҷойи аввал гузоштани мардон дар он аст, ки андешаи ояндаи фарзандонашонро мекунанд. Ин тоифаи мардон муътақиданд, ки зани меҳрубон модари хуб шуда, фарзандони солеҳ тарбият менамояд.

 

Зани хонагӣ

Аксари мардон мехоҳанд занҳояшон хонашин бошад. Ва ҳастанд гурӯҳи бонувоне, ки рӯзи дароз бо кору бори хона машғул шуданро дӯст медоранд. Хуб мебуд, ки чунин зан боз чаққон ҳам бошад. Агар зан хоҳиши хӯрокпазӣ, рӯбучин ва нигоҳубини фарзандонро дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки модари беҳтарин будан мехоҳад. Зани зиндадил Зиндагӣ шебу фарозҳои зиёд дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки дар кадом як давраи умраш мард ба ғаму андуҳ гирифтор мешавад. Албатта вазифаи зан дилхуш сохтани мард нест, вале бонуи зиндадилу шӯху чолок рӯзгори тираи мардро дар чунин мавридҳо нури умед бахшида, дилашро ба зиндагӣ гарм карда метавонад. Аз ҳамин хотир мардон назар ба занҳои ҷиддӣ ба бонувони зиндадил майлу рағбати бештар доранд.

 

Зани зебо

Мардоне ҳастанд, ки ҳангоми хонадоршавӣ ба ҳусну ҷамоли арӯсшаванда тамоман аҳамият намедиҳанд, вале дар баробари ин, мардҳои дигаре низ ҳастанд, ки зимни интихоби бахт пеш аз ҳама ба симои зоҳирии зан аҳамият медиҳанд. Барои ин тоифаи мардон муҳим нест, ки арӯсшаванда чӣ ҳунар ва чӣ хислат дорад, зебо бошад, кофист.

 

Зани ошиқ

Хеле муҳим аст, ки зан мардашро бо тамоми ҳастӣ дӯст дорад. Вақте зан дар ҳақиқат дӯст медорад, барои дӯстдоштааш ба ҳама кор қодир аст. Мутаассифона, мардон чунин хислат надоранд. Мард ҳазор лофи муҳаббат занад ҳам, дар зиндагӣ худашро аз ҳама бештар дӯст медорад. Занҳо бошанд, ошиқ, ки шуданд, одаму оламро фаромӯш мекунанд. Мардҳои азиз, агар занеро пайдо кардед, ки дар ҳақиқат дӯстатон медорад, донед, ки барои кадом як кори некатон Худованд беҳтарин ганҷи оламро насибатон гардонидааст. Хушбахтӣ мехоста бошед, аз домони ин зан маҳкам доред. Зани орзуҳо Ишқи ҳақиқӣ ҳамонест, ки вақте инсон дар ҳузури дӯстдоштааш худро роҳат эҳсос мекунад. Агар ба чашмони азизи дилатон нигариста, шумо қалби худатонро бубинед, пас муҳаббати ҳақиқии худро пайдо кардаед. Дар ин ҳолат ҳусну ҷамол ва хислату хӯйи маҳбуб заррае моҳият надорад.

 

Зани ҳақгӯ

Ҳар як мард ба зане ниёз дорад, ки камбудиву хатогияшро нишон дода тавонад. Ҷавонмардон дар ҳаёт зиёд ба хатогӣ роҳ медиҳанду рафтори беақлона мекунанд. Зане, ки мардро ба роҳи рост ҳидоят намуда, ғалатҳояшро ислоҳ мекунад, зиндагии мардро ширин сохта метавонад.

 

Зани олӣ

Баъзан мо инсонеро ғайри хоҳиши худ дӯст дошта, сабаби дӯстдориямонро намедонем. Агар шумо ӯро дӯст медошта бошеду зиндагиятонро бе ӯ тасаввур карда натавонед, пас кӯшиш намоед, ки маҳбуби худро аз даст надиҳед. Одатан инсон вақте ба қадри инсони дигар мерасад, ки ӯро аз даст диҳад. Бо гумони он ки зиндагӣ ба шумо баъдан боз як имкони дигар медиҳад, бепарвоӣ накунед. Агар муҳаббати тамоми умратонро аз даст диҳед, маънии зиндагиро гум мекунед. Он гоҳ тамоми умр ангушти пушаймонӣ газидан суде надорад.

 

Таҳияи НОДИРА

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...