Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Кормандони Маркази саратоншиносии Донишгоҳи Ҳарварди ИМА дар бобати саратоншиносии кӯдакон кашфиёт карданд. Онҳо генеро муайян карданд, ки барои инкишофи муътадили гурдаҳои кӯдакон масъул буда, дар хромосомаи Х-и занон маҳфуз аст. Новобаста аз он ки ген аз хромосомаи занона аст, мутатсияи он ҳам дар писарон ва ҳам дар духтарон боиси сар задани омос мегардад.

 

Ин кашфиёти аҷиб аст. Зеро то ин дам олимон ду бемории ирсӣ (гемофилия ва далтонизм)-ро медонистанд, ки писарон аз модарон (аниқтараш хромосомаи Х-и модарон)-ашон “мерос” мегирифтанд.

Ксеродермаи пигментӣ бемории пешазсаратоние маҳсуб меёбад, ки дар он сабзиши бадомоси пӯст қариб дар ҳар як бемор рӯй медиҳад. Ин беморӣ ба гурӯҳи аутосомӣ-ретсессивии бемориҳои ирсӣ дохил мешавад. Гетеразиготҳо аз лиҳози фенотопӣ солиманд, аммо дар популятсия гени беморро нигоҳ медоранд. Тифли бемор бештар ҳангоми никоҳи ду шарики гетерозиготӣ ба дунё меояд.

Аз чунин издивоҷ беморони бо эҳтимоли инкишофи саратон дар самти ксеродермаи пигментӣ таваллуд мешаванд. Бо ҳамин сабабҳо, таваллуди кӯдакон бо ин гуна бемориҳо дар авлод ҳодисаи тасодуфӣ ба шумор меравад. Кӯдакони бемор аз волидайни аз лиҳози фенотопӣ солим ба дунё меоянд.

Як қисми кӯдакони аз лиҳози фенотопӣ солим интиқолдиҳандаи гетерозиготии беморӣ аз чунин волидон хоҳанд гашт, ки онҳоро ба насли худ мегузаронанд. Хеле кам созиши беморони гомозиготӣ бо гетерозиготӣ рӯй медиҳад, ки дар он 50 дарсади кӯдакон интиқолдиҳандаи гетерозиготӣ мешаванд. Никоҳ миёни хешовандон хавфи таваллуди кӯдакон бо ин намуди бемориро зиёд мекунад. Сабабаш дар зудии пайдошавии гетерозиготҳо миёни хешовандон мебошад.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...