Фазилати моҳи Шаъбон

Фазилати моҳи Шаъбон

Шаъбон ҳаштумин моҳи солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ ба ҳисоб меравад. Ин моҳ дорои баракоту фазоили зиёде мебошад. Пайғамбари Худо ﷺ фармудаанд: «Шаъбон моҳи ман аст ва Рамазон моҳи Худои таъолост».

 

Уламо гуфтанд, ки моҳи Раҷаб баданро, моҳи Шаъбон қалбро ва моҳи Рамазон рӯҳро пок мегардонад. Агар дар моҳи Раҷаб бадан ва дар моҳи Шаъбон қалб пок нагардад, дар моҳи Рамазон рӯҳ чӣ гуна пок хоҳад шуд.

Пайғамбари Худо ﷺ фармудаанд: «Ҳар ки моҳи Шаъбонро гиромӣ дорад, чунон аст, ки маро гиромӣ кардааст. Ва ҳар касе хоҳад, ки шафоати маро дарёбад, бояд ки дар моҳи Шаъбон рӯза дорад». Пайғамбари Худо ﷺ аз ҳама моҳҳо дар моҳи Шаъбон бештар рӯзаи нафлиро медоштанд ва мегуфтанд: «Ин моҳест байни моҳҳои Раҷаб ва Рамазон, ки дар он мардумон омурзида мешаванд ва дар он аъмоли банда дар пеши Худои таъоло арза мешавад, пас ман дӯст медорам, ки амалҳои ман арза шаванд дар ҳолате, ки ман рӯзадор бошам».

Пайғамбари Худо ﷺ дар моҳи Шаъбон рӯза бисёр медоштанд ва мегуфтанд: «Ман намегӯям, ки рӯзаи моҳи Шаъбон фариза аст, валекин рӯзаи он сипар аз оташи дӯзах аст, пас ҳар ки хоҳад фардои қиёмат маро бинад пас рӯзаи моҳи Шаъбонро дорад, агарчи се рӯз ҳам бошад».

Ва низ фармуданд: «Ҳар ки се рӯз рӯза дорад аз моҳи Шаъбон, нидо кунад фариштае аз фарози Арш: «Ассалому алайкум эй валийюллоҳ, башорат бод мар туро ба биҳишт ва биёмӯрзад Худои таъоло ҳама гуноҳони туро ва ба шумори ҳар барги дарахте панҷоҳ некӣ биёбӣ ва дар рузи қиёмат туро ташнаги набошад». Ва низ фармуданд: «Рӯзаи моҳи Шаъбон сардкунандаи нирон аст».

Дар китоби “Мухтор-ул-аҳодис” аз ҳазрати Алӣ меорад: «Ҳар ки дар рӯзи аввали моҳи Шаъбон рӯза дорад, ҳафтод некӣ дар номаи ӯ навишта шавад, ки ҳар некӣ баробари ибодати як сол бошад, ҳар ки рӯзи дувум рӯза дорад, ҳафтод гуноҳи ӯ бартараф карда шавад, ки ҳар гуноҳ муҷиби дузах бошад, ҳар ки рӯзи севум рӯза дорад, аз ҳафтод гуна бало амон хоҳад ёфт».

Уламо гуфтаанд, ки Шаъбон панҷ ҳарф аст: “Ҳарфи «шин» дорандаи рӯзаи Шаъбонро шарафе дар дунёву охират бошад, ҳарфи «ъайн» ӯро дар дунёву охират иззат бошад, ҳарфи «бо» дар дунё баракат ва дар уқбо баҳо бувад, ҳарфи «алиф» дар дунё амон ва дар уқбо улфат бувад, ҳарфи «нун» дар дунё намо ва дар охират нур бувад”.

Ҳамчунин гуфтанд, ки масали моҳи Шаъбон ҳамчун абр ва масали моҳи Рамазон ҳамчун борон аст, то абр набошад, борон набувад, то дар моҳи Шаъбон худро пок накунӣ, дар моҳи Рамазон пок нашавӣ.

 

Дар фазилати ин моҳ шоире чунин фармудааст:

 

Шаъбон, ки моҳи соҳиби шаръ аст,

даррасид,

Бар қалби муъминон ҳаме нури

дигар расид.

Аз фазлу мансаби ин моҳ халқро,

Кишти умеду нахли саъодат ба

бар расид,

Он рӯзгори тира, ки дар маъсият гузашт,

Ин моҳ бокаромату фатҳу зафар расид.

Растиву ҷастӣ, хоҷа зи бемории гуноҳ,

Инак табиби рӯза, ки акнун ба бар расид.

 

Пайғамбари Худо ﷺ фармудаанд: «Ҳар ки дар моҳи Шаъбон сад бор дар шаб ва сад бор дар рӯз ба ман саловот бигӯяд, ӯро ба дӯзах кор набошад ва ба муҷарради мурдан ба биҳишт расад. Ва агар дар як шабонарӯз сесад бор саловот бигӯяд, Худои таъоло тани ӯро аз оташи дӯзах озод гардонад. Ва агар ҳар кас дар ин моҳ се ҳазор бор бар ман салавот бигӯяд, шафоъати ман ӯро воҷиб шавад. Ва ҳар кас, ки баъд аз ҳар намозе бисту панҷ бор бар ман салавот фиристад, Худои таъоло дар номаи аъмоли ӯ савоби бисту панҷ ҳазор некиро бинависонад».

Ҷои дигар Пайғамбари Худо ﷺ фармудаанд: «Ҳар ки дар моҳи Шаъбон ҳазор бор ин калимотро бигӯяд, Худои таъоло ҳазорсола ибодатро, ки рӯз ба рӯза ва шаб ба намоз бошад, дар номаи аъмолаш сабт фармояд ва ҳазорсола гунаҳашро авф намояд. Калимот ин аст:

«Ло илоҳа иллаллоҳу ва ло наъбуду илло ийёҳу мухлисина лаҳуддина ва лав кариҳал-мушрикун».

Ҳамчунин Пайғамбари Худо ﷺ гуфтанд: «Ҳар ки дар моҳи Шаъбон ҳазор бор салавот фиристад, Худои таъоло ҳашт ҳазор ҳоҷати ӯро раво гардонад, ки хурдтарин ҳоҷат ин бувад, ки ӯро раҳмат кунад ва бузургтарин он бувад, ки дидори Худашро каромат фармояд».

Дар моҳи Шаъбон шаби олиқадре бо номи «Бароат» ва дар урфи мардум «Барот» мавҷуд аст, ки миёни рўзҳои 14-15-уми ин моҳ меояд. Барот маънои тамоман дур ё ҷудо шуданро дорад. Ин шаб вақти покшавӣ аз гуноҳҳо аст. Аллоҳ таъоло гуноҳи он муъминеро, ки дар ин шаб тавба ва ё дуо мекунанд, мебахшад.

Дар ҳадисҳо гуфта мешавад, ки дар ин шаб ба ғайр аз гуноҳи ҳасудон ҷодугарон, майхорагон, қатъкунандагони силаи раҳм, оқи волидайн, мутакаббирон ва фитнагарон, дигар гуноҳи ҳамаи мусалмонон бахшида мешавад. (Ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ.2 саҳ. 176). Бинобар ин тавсия мешавад, ки ин шабро бо ибодат ва ёди Аллоҳ таъоло рўз намудан хеле хуб аст.

Ба ин мақсад Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Дар шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон намоз гузоред ва дар рўз рўза доред. Дар ин шаб то баромадани офтоб меҳрубонии Аллоҳ таъоло беандоза буда, Ў шахсони муҳтоҷро бенасиб намегардонад. Аллоҳ таъоло мефармояд: Оё ҳастанд онҳое, ки мағфирати гуноҳ металабанд? Ман онҳоро меғфират мекунам. Оё ҳастанд онҳое, ки сарват мехоҳанд? Ман ба онҳо сарват медиҳам. Оё ҳастанд бемороне, ки шифо мехоҳанд? Ман шифояшон медиҳам. Агар талаб дошта бошед, талаб кунед. Ман онро иҷро мекунам. (Ибни Моҷа, «Ат-тоҷ», ҷилди 2, саҳ. 93)

Хулосаи калом ин аст, ки моҳи Шаъбон дар шариати Ислом ҳамчун муқаддимаи вуруд ба «зиёфатуллоҳ», яъне меҳмонии Худо дар моҳи Рамазон дониста шудааст. Шаъбонро ҳамчунин моҳи дуову зикру ёду таваҷҷуҳ ва ибодату истиғфор гуфтаанд. Моҳи Шаъбон барои мусалмонон як давраи муҳими ибодат ва таҷдиди рӯҳонӣ мебошад. Намозҳое, ки дар ин моҳ анҷом дода мешаванд, барои рушди рӯҳонӣ ва наздиктар шудан ба Худо фурсати хубе фароҳам меорад. Таҷрибаи фазилат ва зебоиҳои моҳи Шаъбон дар қалби ҳар як мусалмон мояи шодӣ мегардад. Аз ин рӯ, баҳрабардорӣ аз моҳи шаъбон ҳам масъулияти инфиродӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим аст.

Аз Худованди меҳрубон масъалат ва умед дорем, ки моро дар ин моҳи пурхайру бобаракат тавфиқи анҷоми корҳои хайр ато фармуда, гуноҳонамонро биёмурзад ва ба моҳи мубораки Рамазон бирасонад. Омин.

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...