Намудҳои рўза

Намудҳои рўза

Шаш намуди рўза мавҷуд аст.

  1. Рўзаи фарз. Ин рўзаи моҳи мубораки Рамазон мебошад. Рўзаи дар ин моҳ нагирифтаро дар дигар моҳ чун рўзаи қазогардида, гирифта мешавад ва ё барои надоштани он каффорат дода мешавад.
  2. Рўзаи воҷиб. Ба он рўзаи назр ва рўзаи қазо барои шикастани рўзаи нафл мансуб мебошад.
  3. Рўзаи суннат. Масалан, рўзаи рўзҳои нуҳум ва даҳуми моҳи Муҳаррам, ё ин ки рўзҳои даҳум ва ёздаҳуми ҳамин моҳ.
  4. Рўзаи мустаҳаб. Паёмбар ﷺ мегўяд: “Аз ҳама шоистатарин рўзаро Паёмбар Довуд доштааст. Довуд як рўз рўза медошт, рўзи дигар рўза намедошт. Абдуллоҳ ибни Умар мегўяд: “Ман метавонам боз бештар дорам” Паёмбар ﷺ ҷавоб дод: “Аз ин болотар нест” (Муслим).

Рўзаҳое, ки 13, 14, 15-уми ҳар моҳи тақвими қамарӣ, душанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафта ва инчунин рўзаи баъди моҳи Рамазон шаш рўзи моҳи шаввол, даҳ рўзи моҳи Зулҳиҷа ва рўза дар моҳи Шаъбон гирифта мешаванд.

  1. Рўзаи танзиҳан макрўҳ. Масалан, фақат танҳо як рўз рўза доштан-рўзи нўҳуми моҳи Муҳаррам, рўза доштан танҳо дар рўзи ҷумъа, ё ин ки дар рўзи шанбе, ё якшанбе.
  2. Рўзаи таҳриман макрўҳ. Дар рўзи иди Рамазон ва дар чор рўзи иди Қурбон ва 2-3 рўз беифтор рўза доштан.

 

“Хошияту Тахтови”

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...