Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Боре Имоми Абўҳанифа пас аз он ки дарк намуд шогирди барўмандаш Абўюсуф ба синни рушд расида, ахлоқу кирдораш бисёр некў ва дилпазир гардидааст ва дар талаби илм ҷиддӣ ва кўшо аст, ин чанд васиятро ба вай тақдим фармуд:

1. Ба ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияташро бузург шумор, дар ҳузури ў аз дурўғгўӣ бипарҳез.

2. Ҳар гоҳ дидӣ қабл аз ту яке аз уламо, ки ту ўро намешиносӣ, пеши ҳоким аст, ту худро ақиб бикаш ва дар чунин маҷлисе ҳозир машав, чунки агар ту аз он олим дар илму манзилат камтар бошӣ, мумкин аст нодониста худатро аз ў бартар бидонӣ, дар натиҷа ў ба ту осеб бирасонад ва агар ту аз вай олимтар ва бартар бошӣ, мумкин аст дар назди вай ночизу ҳақир шавӣ, дар натиҷа аз чашми султон бияфтӣ.

3. Дар ҳузури мардум ҷуз он чи аз ту мепурсанд, ҳарф назан.

4. Ба хусус дар бораи муомилот ва тиҷорат ҳаргиз пеши авом суҳбат макун, то гумон накунанд, ки ту ба моли онҳо чашм дўхтаӣ ё ин ки майли ришват гирифтан дорӣ.

5. Дар назди мардуми авом наханд.

6. Беш аз ҳад ба бозор марав.

7. Бо бузургсолон дар роҳ якҷо марав, чунки агар онҳоро аз худ пеш гузаронӣ, арзиши илмият коста мегардад ва агар худ аз онҳо пеш гузарӣ, ба мақому ҳайсияти худат латма ворид мешавад, зеро онҳо аз ту бузургсолтаранд ва Пайғамбар e фармудаанд: «Касе ба бузургсолони мо эҳтиром ба ҷо наорад ва бар хурдсолони мо шафқат накунад, аз мо нест». (Тирмизи)

8. Ҳеч гоҳ бар сари роҳ манишин ва агар маҷбур шудӣ, ки беруни манзилат бинишинӣ, пас дар масҷид бинишин.

9. Бар дари дуконҳо манишин.

10. Дар бозор ва масҷид чизе махўр.

11. Аз обҳое, ки бар сари роҳҳо гузошта шудааст ва аз дасти касоне, ки бар сари роҳҳо истодаанд ва ба мардум об медиҳанд, об махўр.

12. Ҳеч гоҳ абрешим ва дигар порчаҳои гаронқиматро напўш ва зевар истифода набар, чунки истифодаи ин гуна чизҳо ба такаббур вомедорад.

13. Дар бистари хоб бо ҳамсарат зиёд ҳарф мазан, магар ба андозаи зарурат.

(Маҷмуъаи васиятҳои Имоми Аъзам Абўҳанифа)

Таълиф: Муфтӣ Муҳаммад Ошиқи Илоҳии Баландшаҳрӣ

Тарҷума: Абдуллоҳи Ҳайдарӣ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...