Фазли некухулқӣ

Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо, ростпаймонии Исмоил, сабри Яъқуб ва Айюб, узр ва пӯзишхоҳии Довуд, хоксориву фурӯтании Сулаймон ва Исо ва дигар ахлоқи паёмбарон, дуруд бар эшон бод, ҷамъ омадааст.

 

Чунонки Ӯ таоло гуфт: «Ту низ аз роҳнамоии онҳо пайравӣ намо!» (Анъом, 90). Чунин роҳнамоӣ шинохти Худои таоло набошад, зеро ин кор тақлид аст, ки сазовори Паёмбар ﷺ нест. Ин шариатҳо ҳам набошанд, зеро шариати ӯ носихи шариатҳои онҳо ва хилофи онҳо дар фурӯъ аст. Ин ҷо мурод пайравӣ аз эшон дар чизе аст, ки махсуси ҳар яки онҳост аз хулқи писандида, бинобар он ки ҳар кадоми эшон бо хулқи неки ғолиб бар соири ахлоқашон ороста буданд. Вақте Паёмабар ﷺ ба ин амр карда шуд, пас, гӯё ба ҷамъи ҳамаи он чӣ дар ҳар кадоми эшон аст, амр карда шуд. Ин худ чунон як дараҷае олӣ аст, ки ба ягон тан аз анбиё, дуруд бар эшон бод, муяссар нагаштааст. Пас, дуруст аст, ки Худованд ﷻ ӯро ﷺ дорои хулқи азим васф кард. Чунонки орифе гуфтааст:

 

Ҳар паёмбарро бувад дар байни мардум як фазилат,

Ҷумлаи онҳо ҳама ҷамъ омада андар Муҳаммад ﷺ.

 

Ин ҳама гуфтаҳо дар чунин қавли Оиша (раз) хулоса шудаанд, ки вақте аз ӯ дар бораи хулқи Паёмбар ﷺ пурсиданд, гуфт: «Хулқи ӯ Қуръон буд». Муродаш он буд, ки Паёмбар ﷺ бо он чӣ дар Қуръон аз ахлоқи шоиста ва сифатҳои нек аст, ороста буд ва аз бадиҳо ва пастиву фурӯмоягиҳо, ки Қуръон аз онҳо манъ ва наҳй кардааст, холиву тиҳӣ буд. Ва дар ривояте, Оиша (раз) ба суолкунандае гуфт: «Оё ту Қуръон намехонӣ? «Ҳамоно, муъминон растагор шуданд. Онон, ки дар намозашон бо хушӯъ 2 бошанд. Ва онон, ки аз лағв рӯйгардонанд. Ва онон, ки закотро мепардозанд. Ва онон, ки фуруҷашонро нигоҳ медоранд. Магар бар ҳамсарони хеш ё бар он чӣ, ки милки яминашон 4 аст. Пас, дар ин сурат бар онҳо накуҳише нест. Ва ҳар кӣ ғайри ин талабад, чунин касон аз ҳад даргузарандагонанд. Ва онон, ки амонатҳои худ ва аҳду паймонҳои худро риоя мекунанд. Ва онон, ки бар намозҳояшон муҳофизат мекунанд. Чунин касон ворисанд. Онҳо Фирдавсро ба мерос мебаранд, онҳо дар он ҷо ҷовидонаанд» (Муъминун, 1 – 11). Ин аст хулқи Паёмбар ﷺ».

Дар ин оятҳо хонандагон аз бузургии ахлоқи Паёмбар ﷺ огоҳонида шудаанд: имон, ки он асли ахлоқи қалбӣ аст; намоз, ки сутуни ахлоқи баданӣ аст; закот, ки пояи ахлоқи молӣ аст; иффату покдоманӣ аз занони бегона; ҳифзи амонат ва аҳду паймон. Ҳифзи намозро такроран васф кард, то аз аҳаммияти амри намоз ва бузургии шаъни он огоҳ созад.

Ҷунайди Бағдодӣ (қдс) гуфт: «Паёмбар ﷺ бар хулқи бузург буд, бинобар ду ҷаҳонро бахшиданаш» 5. Ҳусайни Нурӣ (қдс) гуфт: «Чӣ гуна хулқаш бузург набошад, ки Худованд ﷻ сирри 6 ӯро бо анвори ахлоқи Хеш таҷаллӣ бахшид». 7

Дар китоби «Талқиҳу-л-азҳон»-и ҳазрати Шайхи акбар 8, сирри басо поки эшон муқаддас бод, омадааст: «Паёмбар ﷺ гуфторҳои кӯтоҳи пурмаъно дошт, чун баҳри такмили ахлоқи шоиста фиристода шуда. Барои ҳамин ҳам Худои таоло гуфт: «Ва дар ҳақиқат ту ба некухулқии азим оростаӣ». Ва он айнан роҳи рост будани роҳи ӯст. Паёмбар ﷺ гуфт: «Дар ҳақиқат, мар Худои таолоро сесаду шаст хулқ аст. Ҳар кӣ Ӯро ﷻ бо хулқе аз инҳо ба ҳамроҳи тавҳид 9 мулоқӣ шавад, дохили биҳишт гардад. Абубакр (раз) гуфт: Оё аз онҳо дар ман бошад, эй Паёмбари Худо?» Гуфт: Ҳамаи онҳо дар ту бошад, эй Абубакр (раз)! Ва дӯстдошттарини онҳо назди Худованд ﷻ саховатмандӣ аст».

Аз ин рӯ, беҳтарин ахлоқи мард дар муомилаи ӯ бо Ҳақ ﷻ таслим ва ризо аст ва беҳтарин ахлоқаш дар муомила бо халқ афв ва саховатмандӣ аст. Барои он «ба ҳамроҳи тавҳид» гуфт, ки якеро шояд ахлоқи шоиста бошад, вале имон набошад, чунонки якеро шояд имон бошад, вале ахлоқ набошад, зеро агар имон ба зоти худ ахлоқи шоиста мебахшид, пас ба муъмин намегуфтанд, ки чунин бикун ва чунон макун. «Боғи ахлоқи накӯкорон»

 

1 Хуллат – дӯстӣ, рафоқат, садоқат.

2

3 Лағв – сухани ёва ва беҳуда; ҳар чизи ботил, гуфтору кирдори нописанд.

4 Яъне, занон ва канизонашон.

5 Яъне, Паёмбар (с) бар умматаш некии дунё ва некии охиратро мебахшид ва барои худ чизе намехост.

6 Сирр – латифаест, ниҳода дар қалб, ки маҳалли шуҳуд аст.

7 Яъне, сирри Паёмбар (с) аз анвори ахлоқи Худои Раҳмон, ҷалла ҷалолуҳу, равшан шуд ва бо он ороста шуд, чунонки дар ҳадис омадааст: «Худро ба ахлоқи Худованд ﷻ ороста намоед»!

8 Шайхи Акбар – лақаби орифи бузург Муҳйиддин ибни Арабӣ (1165 - 1240).

9 Тавҳид – Худоро ягона донистан, иқрор ба ягонагии Худо ﷻ.

 

«Боғи ахлоқи накӯкорон»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...