Убудият – бандагӣ

Ҳақиқати бандагӣ
Бидон, ки убудият раҳоӣ аз неруву тавоноӣ ва иқрор кардан ба чизест, ки Мавло, азза ва ҷалл, ба ту ато фармояд ва туро аз тавоноиву некуӣ фаро гирад. Ва пазируфтани чизест, ки ба он фармуда шудаӣ ва ҷудоӣ аз чизест, ки аз он манъ карда шудаӣ.
Ҳарчанд таъбири уламо дар баёни ҳақиқати убудият мухталиф аст, лекин ҳамаи онҳо ба як маъно мувофиқанд ва он дарк ва эътирофи рубубият аст, зеро авсофи убудият дар муқобили авсофи рубубият қарор доранд. Ҳар сифатеро, ки улуҳият сазовор аст, убудият васфе муқобили онро талаб мекунад. Чунончи, агар аз сифатҳои Ӯ таоло қудрат бошад, пас, аз сифатҳои банда нотавонӣ аст; агар аз сифатҳои Ҳақ таоло бузургӣ ва бузургворӣ бошад, пас, аз сифатҳои банда хоксориву фурӯтанӣ аст ва ҳоказо.
Ин ҷо бароят баъзе таърифҳоеро меорем, ки бузургон аз убудияти банда мар Худои таолоро кардаанд:
- Исо гуфт: «Убудият тарки даъво ва таҳаммул кардани балво ва дӯст доштани Мавло ﷻ аст».
- Зуннун гуфт: «Убудият он аст, ки ту дар ҳама ҳолатҳо бандаи Ӯ ﷻ бошӣ, ҳамчуноне ки Ӯ ﷻ дар ҳама ҳолатҳо Парвардгори ﷻ туст, ба мисдоқи ин қавли Паёмбар ﷺ: «Бандае дар назди Худованд ﷻ гиромитар аз бандае нест, ки Худои азза ва ҷаллро дар ҳама ҳолатҳо бандагӣ намояд».
- Боз гуфтаанд: «Убудият аз назар баровардани ибодат ҳангоми мушоҳидаи Маъбуд ﷻ аст».
- Ҳамчунин гуфтаанд: «Убудият дар чаҳор хислат аст: вафо ба аҳду паймонҳо, риояи қонунҳои Худои азза ва ҷаллро, ризо бо он чӣ ҳаст ва сабр кардан бар он чӣ аз даст рафтааст».
Нишонаҳои убудият
Убудиятро нишонаҳост ва аз ҷумлаи ин нишонаҳо тарки тадбир ва дидан аз тақдир ва ин аст, ки бандаро дар баробари Худо ﷻ набояд ихтиёре бошад.
Ҳикоят кардаанд, ки Иброҳим ибни Адҳам бандае харид. Пас гуфт:
– Чӣ хурӣ?
Гуфт:
– Он чӣ диҳӣ.
Гуфт:
– Чӣ кор кунӣ?
Гуфт:
– Ҳар коре маро фармоӣ.
Гуфт:
– Хоҳише туро бошад?
Гуфт:
– Куҷо хоҳиши банда дар баробари хоҳиши хоҷааш хоста шавад?
Пас, Иброҳим ба худ гуфт: Эй мискин, бандагӣ накардӣ Худоро ﷻ соате дар умрат мисли бандагие, ки ин туро кард дар ин ҳолат!
Имом Алии Хаввос шогирди худ Шаърониро чунин насиҳат кард: «Аз он чӣ Худои таоло ба ту фиристад, ба қадри ҳоҷати худ бихӯр ва бар ин маяфзой ва он чӣ аз ҳоҷатат зиёда аст, ба ҳар кӣ Худои таоло хост, бидеҳ ва дар тадбири корҳои худ тамоми тавони худро сарф накун ва аз Ӯ ﷻ бихоҳ, ки корҳоятро бо беҳтарин тадбир танзим намояд». Пас, Шаъронӣ ба вай гуфт:
– Оё тавонам пурсид, ки маро аз ҳалол рӯзӣ гардонад?
Гуфт:
– Оре ва бигӯ: Худовандо ﷻ, онро бароям бобаракат гардон ва маро дар дунёву охират паноҳ бидеҳ, эй бениҳоят Бахшанда ва эй бисёр Омурзгор!
Сипас гуфт:
– Аз бетоқатӣ ба ҳангоми озмоиш барҳазар бош! Ҳар он кӣ амри худро ба Худованд ﷻ бисупорад, ӯро илму амал рӯзӣ гардонад, ҳатто пешво шавад. Ва Худованд ﷻ бар ҳар кор қодир аст. Аз нишонаҳои бандагӣ ин аст, ки бар банда на асари нодорӣ дар нестӣ намоён бошад ва на асари дороӣ дар ҳастӣ, балки ҳамаи ҳолатҳо барояш баробар бошанд. Ва ин ки бар нафсаш сахтгирӣ намояд ва онро дар итоат аз воҷиботи илоҳӣ қарор диҳад; бар мардум фарохдастӣ намояд, бар лаззате оромиш наёбад ва онро наталабад. Чунончи, уламо гуфтаанд: «Банда то даме ки барои худ ходиме нахостааст, банда аст ва чун барои худ ходиме хост, аз ҳадди бандагӣ соқит шуда ва одоби онро тарк кардааст».
Аз одоби бандагӣ яке ин аст, ки банда дар чаҳор маврид бетоқатӣ нанамояд: ҳангоми гуруснагӣ, урёнӣ, нодорӣ ва хорӣ. Ва чизе аз ҳукмои Ӯ таолоро рад накунад, чизе захираву пинҳон накунад ва аз ғайри Ӯ таоло ҳоҷат наталабад.
Гуфтаанд: «Дарвеш аз рӯи шукӯҳу шаҳомат чун султон аст ва аз рӯи хоксориву фурӯтанӣ чун бандаи хору беқадр. Дарвеш дарвеш набошад, то агар озори ҳамаи халоиқро таҳаммул накунад, ба хотири, ки бандагони Ӯянд ﷻ. Ҳар қадар дониши банда афзояд, ӯ ба ҳамон андоза ба Парвардгораш ﷻ ниёзмандтар гардад ва бениёзиаш камтар шавад. Мақсади ту аз ибодат магар қурб ба Маъбуд ﷻ бе подошу савоб нест? Агар Ӯ ﷻ ҳузурашро ба ту арзонӣ дорад, пас он ҷост подошҳо ва бартар аз онҳо. Сипас, Ӯ ﷻ ба ту неъмат диҳад, то ту неъматдиҳандаи дигарон гардӣ».
Убудият сифати ҷудонопазири банда аст, ҳамчунонки рубубият хислати заволнопазир аз Ҳақ субҳонаҳу аст. Ҳар кӣ илму амалаш бар ниёзмандии ӯ ба Парвардгораш ﷻ ва фурӯтаниаш дар муқобили халқи Худо ﷻ наафзояд, пас, ӯ ҳалокшаванда аст. Ҳар кӣ ба сабаби молаш хостори бениёзӣ бошад, пас, ӯ фақир аст. Ҳар кӣ бо шӯҳратпарастӣаш даъвои тавонгарӣ намод, пас, ӯ ҳақир аст. Ҳар кӣ бо хешовандонаш иддиои тавонгарӣ мекунад, пас, ӯ хору залил аст. Ҳар кӣ бо ҳуснаш меболад, пас, ӯ муфлис аст. Ҳар кӣ бо Худованд ﷻ хостори бениёзӣ мекунад, пас, дар ҳақиқат ӯ тавонгар аст.