Тазкияи нафс

Тазкияи нафс

Бидон, ки нафсро ҳиҷоби зулмонӣ бошад ва барои расидан ба раҳоии нафс аз ҳиҷобҳо роҳи муҷоҳида бо он ва мухолифат бо онро пеш гирад. Асли муҷоҳида ва мояи асосии он боздоштани нафс аз чизест, ки ӯ ба онҳо унс гирифта, ҳамеша бар хилофи хоҳиш амал кардан аст.

Гумон мабар, ки тазкияи нафс аз роҳи ақл муяссар мегардад, чунонки файласуфон гумон мекарданд. Тазкияи нафс чун дармони баданҳост. Ҳамчунонки ба бемор иҷозат дода нашуда, ки даворо истеъмол кунад, магар зери назорати пизишки ҳозиқи соҳибтаҷриба дар муолиҷа, тазкияи нафс ҳам муяссар намегардад, магар зери назорати паёмбар, ё валие соҳибтаҷриба дар ин кор. Барои ислоҳи он ба ҷуз ислоҳи қалб, ки ба манзилаи шоҳ аст, чораи дигаре вуҷуд надорад, зеро то шоҳ ислоҳ нагардад, раиъят ислоҳ нашавад.

Дар ҳақиқат, амри нафс ва дармони он амрест душвор, ки ба як бор имкон надошта, балки ин корро такрор ба такрор мебояд анҷом дод. Он ба ҷонвари саркаше монанд аст, ки танҳо бо лаҷом ром шавад.

Калиди сегона барои тазкияи нафс.

Нафс ба се чиз хору фармонбар шавад: Аз ин ҷумла яке манъи шаҳвати он аст. Вақте ки алафи ҷонвари саркаш кам шуд, вай нармрафтор мегардад, ҳамчунин нафс хор мегардад, агар аз чизе, ки рағбат дорад, боздошта шавад. Дуввум, ба он бор кардани тоатҳо, зеро ҷонвари саркашро чун алаф кам шавад ва бар бораш афзуда шавад, хору залил мегардад, неруяш заиф мешавад ва рому фармонбар мегардад.

Нафс ҳам чунин аст. Сеюм, аз Худои азза ва ҷалла алайҳи он кумаку ёрӣ бихоҳӣ ва ба даргоҳи Худо зориву тазарруъ намоӣ, то алайҳи он туро мадад расонад, зеро онро Ӯ офаридааст ва Ӯ таоло ба он ва ба аҳволи он донотар аст.

Бидон, ки Худои таоло ба мо роҳи муҷоҳида бо нафс ва равиши тазкияи онро хабар дода, баён кардааст. Агар пизишке кофир туро аз лазизтарини таомҳо огоҳ кунад, ки он ба бемориат зарар дорад, ту аз он даст боздошта, онро тарк менамоӣ ва бо нафсат дар он муҷоҳида меварзӣ. Оё сухани паёмбарон, ки бо муъҷизаҳо таъйид шудаанд ва сухани Худои таоло дар китобҳои нозилкардааш аз таъсири сухани пизишки кофир, ки аз рӯйи тахмину гумон ва нуқсони ақлу қусури илм ба ту хабар медиҳад, назди ту таъсири камтар доранд?! Кош медонистам, ки оё шиддати дарду ранҷи худдорӣ аз шаҳватҳо бештару тӯлонитар аст, ё дарду ранҷи сӯзиш дар оташи табақаҳои дӯзах?!

ПОРАЕ АЗ

«БОҒҲОИ АХЛОҚИ НЕКУКОРОН»

Муаллиф шайх Аҳмад пир

ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...