Ду кашфиёти бузурги сӯфӣ

Ду кашфиёти бузурги сӯфӣ

Ду кашфиёти бузурги сӯфӣ

Оё медонед, ки бори аввал галактикаи Андромедаро ситорашиноси тоҷик Абдурраҳмони Сӯфӣ мушоҳида ва ба таври хаттӣ сабт карда, координатаҳои онро муайян кардааст? Оё медонед, ки Тарокуми ситоравии Collinder 399-ро Тарокуми Сӯфӣ низ меноманд?

 

Галактикаи Андромеда Галактикаи Андромеда галактикаи равшантарини осмони ситоразор ва ягона объекте берун аз галактикаи Роҳи Каҳкашон мебошад, ки бо чашми оддӣ дида мешавад. Ин галактикаро ҳанӯз дар соли 964 ситорашиноси форсу тоҷик Абдурраҳмони Сӯфӣ мушоҳида карда, дар асари маъруфи худ «Китоб сувару-л-кавокиб ас-собита» («Китоби тасвири ситорагони собита») дар боби “Кавокиби Миръоти Мусалсала ва ӯро “ал-Миръотул-латӣ лам тарабаълан”, яъне “зани шӯйнодида” ва ба юнонӣ “Ондрумедо” хонанд” шарҳ дода, “латхаи саҳобӣ” номида буд. Маълумоти хаттие, ки аз аврупоиён доир ба ин галактика боқӣ мондааст, ба ибтидои асри 16 рост меояд. Аввалин мушоҳидаи телескопии он соли 1612 аз тарафи астрономи олмонӣ Симон Марий сурат гирифтааст. Тарокуми Сӯфӣ Тарокумиситоравии Collinder 399-ро, ки Тарокуми Сӯфӣ низ меноманд, Сӯфӣ дар бурҷи Рӯбоҳак кашф кардааст. (Ин бурҷ баъдан аз ҳисоби бурҷҳои дигар ҷудо карда шудааст, дар замони Сӯфӣ чун як қисми бурҷи Уқоб шинохта мешуд). Сӯфӣ дар китоби машҳури худ "Сувару-л-кавокиб" бори аввал дар бораи ин ситоразор маълумот додааст. Дар бораи ин тарокум дар феҳристи астрономи итолиёвӣ Ҷованни Годиерн маълумот дода шуда, аз тарафи астрономи амрикоӣ Далмеро Брокчи харитаи он сохта шудааст, бинобар ин, дар баъзе сарчашмаҳо Тарокуми Брокчи низ номида мешавад. Абдурраҳмони Сӯфӣ Абдурраҳмони Сӯфӣ (Абулҳусайн Абдурраҳмон ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Саҳли Сӯфии Розӣ, 8-уми декабри 903, Рай, Эрон, 25-уми майи 986, Исфаҳон) - мунаҷҷим ва ҷуғрофидони арабизабони форсу тоҷик. Солҳои 946-947 дар шаҳри Диновар (наздикии Кирмоншоҳ), солҳои 948-949 дар Исфаҳон зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Абдурраҳмони Сӯфӣ тарғибкунандаи равияи риёзӣ дар нуҷум ва ҷуғрофияи асрҳои миёна мебошад. Рисолаҳои риёзиву ҳайатшиносии зерин ба қалами Абдурраҳмони Сӯфӣ мутааллиқанд: «Рисола дар амали ашколи мутасовиййа ул-азлаъ», «Китобу-с-сувар-ул-кавокиб ас-собита» («Китоби тасвири ситораҳои собита»), «Китобу-л-амал би-л-устурлоб» («Китоби амал бо устурлоб»), «Китобу-л-амал би-лкура ул-фалакийя» («Китоби амал бо кураи фалакӣ (глобус)»), «Китобу-л-мадхал-илилм ан-нуҷум ва аҳкомиҳи» («Китоби муқаддима дар илми нуҷум ва аҳкоми он»). Асари маъруфи ӯ «Китоб сувару-л-кавокиб ас-собита» (965) ба шарҳи бурҷҳои дувоздаҳгона, тавсиф ва вазъи онҳо дар гунбази фалак бахшида шудааст. Рисолаи «Китоби тасвири ситораҳои собита» аз тарафи муаррихони илм «Шоҳасари ҳайатшиносии мушоҳидавии асрҳои миёна» номида шудааст. Дар он тавсири 48 бурҷ ва ҷадвали 1017 ситораи собита дода шудааст. Аз феҳристи бурҷҳое, ки дар ин асар оварда шудааст, олимони давраҳои минбаъда (масалан, Берунӣ дар «Осору-л-боқия») истифода бурдаанд. Абдурраҳмони Сӯфӣ дар дарбори амир Изудуддавла (949-983) чун мунаҷҷим эҳтиром ва эътироф дошт ва кураи арзи (глобус) нуқрагин сохт, ки дертар он дар китобхонаи қасри Фотимиёни Қоҳира гузошта шуд. Абдурраҳмони Сӯфӣ матолиби нуҷумиро ба назми арабӣ кашидааст, ки он бо номи «Урҷузат Абдурраҳмон» ё «Урҷуза фи-л-фалак» маъруф аст. Тадқиқоти Абдурраҳмони Сӯфӣ ба эҷодиёти мактаби мунаҷҷимию ҷуғрофии Берунӣ, Закариёи Қазвинӣ, Насируддини Тӯсӣ, Улуғбек ва дигарон таъсири бузург расонидааст. Ин асар соли 2020 аз тарафи олими тоҷик Маҳмудҷон Холов ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардид. Ба хотири гиромидошти номи ӯ астероиди 6585 PL, ки дар тасмаи берунии астероидҳо қарор дорад, 12621 Alsufi номгузорӣ шудааст. Ин астероид 24-уми сентябри соли 1960 аз тарафи астрономони ҳолландӣ Ингрид ва Корнелис ван Хаутенҳо дар Донишгоҳи Лейден дар асоси омӯзиши фотолавҳаҳое, ки дар Расадхонаи Паломари ИМА аксбардорӣ шуда буданд, кашф шудааст. Қутраш тақрибан 7 км буда, дар 5 солу 6 моҳ як маротиба дар атрофи Офтоб чарх мезанад. Ҳамчунин танӯрае дар сатҳи Моҳ низ ба хотири ин олими бузург Azophi номгузорӣ шудааст, ки номи Сӯфӣ дар Аврупо ба ин тарз низ гирифта мешуд. Қутри ин танӯра 47,5 км буда, ҷойи чуқуртарини он 3730 метр аст.

 

Ризои Баҳромзод, ахтаршинос

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...