Дузах наздик аст?

Дузах наздик аст?

Бобои Одина ба барфи рехтаистода ишора намуда, гуфт:- Ҳамин ҳам барф шуду... Ду шабонарӯз боз мебораду замин сафед нашудааст-е...- Охир ба замин нарасида об мешавад дия...,- гуфт дар ҷавоби ӯ наберааш.- Дар ҷавонии мо чунон барф меборид, ки пас аз пок кардани боми хона бе нардбон аз болои он поин мешудем...- Бобо, ҳоло иқлим гарм шуда истодааст.

 

Барои ҳамин ҳаво имсол сард нашуд. Ин гармшавиҳо ҳоло ҳам идома дорад ва минбаъд боз гармтар мешавад. Набераи бобои Одина ба вай дар бораи гармшавии глобалии сайёраи замин хеле гуфт ва пас аз он, ки ӯ ба суханаш хотима дод, мӯйсафед сарашро бо ишори “не...е...” ҷунбонду гуфт:- Дӯзах наздик аст гӯй...Воқеан, ҳоло на танҳо асбобҳои ҳассоси обу ҳавосанҷӣ, балки одамони оддӣ ҳам ин гармшавиҳоро эҳсос карда истодаанд. Ва агар гармшавии иқлими сайёра чунин идома ёфтан гирад, инсоният ба чӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд? Маълумотҳои охирин сари ин мавзуъ шаҳодат аз он медиҳанд, ки соли 2024 гармшавӣ идома ёфт ва ин дар таърихи мушоҳидаҳои ҳавошиносӣ гармтарин сол буд. Тавре олимон мегӯянд, консентратсияи гази карбон (СО2) дар атмосфера аз тақрибан 278 қисм дар як миллион см дар соли 1750 то 420 қисм дар як миллион дар соли 2023 афзоиш ёфтааст, ки 51%-ро ташкил медиҳад. Ин заррачаҳо гармиро нигоҳ медоранд ва боиси баланд шудани ҳарорат мегарданд. Ин, пеш аз ҳама, бо тағйир ёфтани мадори сайёраи мо алоқаманд аст: мадор гоҳ «дароз» мешавад, баъзан мудаввартар мешавад (давра тақрибан 93 ҳазор сол аст). Ғайр аз ин, кунҷи тамоили меҳвари Замин ба ҳамвории мадори он дар ҳар 41 ҳазор сол ва конуси гардиш дар 26 ҳазор сол дигар мешавад. Яъне, ҳар чӣ қадар кӯшиш кунем ҳам, садди роҳи гармшавии ҳарорат шуда наметавонем. Ҳоло дар рӯи замин аз таъсири гармшавии глобалӣ, болоравии сатҳи баҳр, тағй-ирёбии минтақавии боришот ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, ба монанди паҳншавии мавҷҳои гармӣ ва васеъшавии биёбонҳо сурат гирифта истодаанд. Чаро маҳз дар соли 2024 гармшавии рекордӣ дида шуд? Олимон ба хулосае омаданд, ки азбаски дар чор сол як соли кабиса вуҷуд дорад, ки аз дигар солҳо бо мавҷудияти як рӯзи изофӣ - 29-уми феврал фарқ мекунад, ки дар партави гар-мшавии глобалӣ ин ҳодиса ба амал омад. Ҳамчунин, ақидае вуҷуд дорад, ки соли кабиса ҳамеша хеле душвор аст ва дар ин сол тағйироти глобалӣ ба амал меоянд.Агар гармшавӣ идома ёфтан гирад, пеш аз ҳама, кадом мавҷудоти зинда аз он зарар мебинанд? Дар кишвари мо қабл аз ҳама қутосҳо ва дар шимол хирси сафед бо шумораи зиёд ба муриш сар мекунанд ва чунин ҳолат бештар ба дигар ширхӯрон ва сайди онҳо таъсири бад мерасонад. Ҳоло кишвари аз ҳама гармтарин дар сайёраи мо Кувайт аст.Гармтарин кишвари ҷаҳон барои соли 2025 низ Кувайт аст. Тибқи омор, ҳарорати миёнаи моҳона дар ин кишвар дар тобистон аз 40 то 55 дараҷа гарм мешавад. Аммо гармтарин нуқтаи рӯи замин ҳоло дар Эрон аст. Ин мавзеъ биёбони Дашти Лут ном дорад, ки сатҳи замини он то 80 дараҷа гарм мешавад ва ҳарорати ҳаво дар инҷо аз 50 дараҷа зиёд мешавад. Бо вуҷуди чунин шароити дӯзахи зиндагонӣ дар Дашти Лут алҳол мавҷудоти зинда зиндагӣ мекунанд. Ин гармшавиҳо то кай давом мекунанд ва оё бобои Одина ҳақ аст, ки мегӯяд “дӯзах наздик аст”?

 

 

(«А. Ахмадзода, Рӯзноманигор»)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...