Ай тоҷикӣ намонед!

Ай тоҷикӣ намонед!

Ай тоҷикӣ намонед!

Дар Ҳонконг ва Сингапур бо кадом забон ҳарф мезананд?

 

Соли 2009 бо як пизишки тоҷик дар Ҳонконг будем. Англисиро, ки балад набуд, бо мардуми бумӣ русӣ ҳарф мезад. Мушоҳида мекардаму хандаам мегирифт. Боре ғазабаш омад, ки гуфт:

- Чи механдӣ?! Ҳар боре бо касе гап занам, ту механдӣ... Узр хостаму гуфтам:

- Аз он хандаам меояд, ки чаро ту худатро азоб дода бо русӣ гап мезанӣ? Инҳо ку русиро намедонанд. Намешавад, ки тоҷикӣ ҳарф занӣ - шояд инҷо эрониҳо ё тоҷикони Афғонистон бошанду туро фаҳманд. Чор рӯз аст, ки русӣ гап мезанӣ, то ҳол ягон кас туро нафаҳмид!

Ӯ: - Рост мегӯй! Кошкӣ як уруса медидам! ...?

Аз қазо, рӯзи дигар дар долони меҳмонхона забони форсӣ шунидем, ки эрониҳои аз Дубай омада будаанд. Як рӯзи дигар дар бозор назди хонуми чининамуд, ки мағзу мавиз мефурӯхт, бо тоҷикӣ суҳбат доштем, ки он хонум бо тоҷикӣ аз мо даъват кард, ки чизе харем. Фаҳмидем, ки аз тоҷикони бумии Урумчӣ будааст. Он пизишки ҳамватанамон баъди ба Маскав баргаштанамон дар чанд маърака гуфт: "Ай тоҷикӣ намонед! Дар Ҳонконг ба мо тоҷикӣ кор омад, русӣ ба дард нахӯрд!". Ба ин монанд воқеа соли 2014 дар Сингапур рух дод. Ҳамсафарам зӯр зада бо русии шикаста гап мезад. Вале, рӯзи дуввум дар яке аз марказҳои савдо ба гилемфурӯше бо форсӣ муроҷиат кардам. Аз тоҷикони Афғонистон будааст. Ин тоҷики "урусидон" ҳам фикрашро нисбати нуфузи забони тоҷикии форсӣ тағйир дод.

 

 

“Д. Абдулло, пизишк”

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...