Мусоҳиба бо номзад ба президентии Амрико

Мусоҳиба бо номзад ба президентии Амрико

Мусоҳиба бо номзад ба президентии Амрико

… Ӯро дар фурудгоҳи Хуҷанд дарёфтам. Ҳарчанд ба ман гуфта буданд, ки номзад ба президентии Амрико қабл аз номнавис шуданаш ба зодгоҳаш меояд, аммо ба ин чандон боварӣ надоштам. Вале чун аз редаксия супориш гирифта будам, маҷбур шудам “таваккал ба сари кал”гӯён, ба Хуҷанд парвоз кунаму минбаъд ба Исфара рафта, он ҷо интизор шавам. Аммо кори маро Худо осон кард ва бо ӯ дар ин ҷо, вақте ки аз тайёраи НюЙорк- Мюнхен-Хуҷанд фаромад, вохӯрдам. Мардум, ки ҳоло аз кӣ будани ӯ огоҳ набуданд, бепарво аз паҳлуяш гузашта мерафтанд. Ман ӯро зуд аз рӯи аксе, ки “Тоҷикистон” чоп карда буд, шиинохтам ва ба наздаш рафтам. Шояд Дилшод Бурҳонов мошини ким-кадом хешашро аз Исфара интизор буд, ки дар болои курсии фурудгоҳ телефонбозӣ карда менишаст. Ба вай наздик шудаму бо забони инглисӣ гуфтам:

 

– Mister Dilshod… Did you just get off the plane? (Ҷаноби Дилшод, шумо ҳозир аз тайёра фаромадед?).

Ӯ баробари шунидани номи худ аз ҷояш парида хесту бо забони тоҷикӣ ва ҳатто бо лаҳҷаи исфарагӣ ҷавоб дод:

 

– Бале, ҳаминҷанда интизори мошини хешо шиштем. Исфаранда рафтанамон лозим. Шумо ким?

Ман дар бораи супориши редаксия ва мақсади суҳбатам бо ӯ гуфтам. Дидам, ки баъд аз шунидани “ҳисоботи ман” симои ӯ дигар шуд ва аз як ҷавони “хиппи” ба сиёсатмадори ҷиддие табдил ёфту пешниҳод кард:

 

– Майлаш, ҳарчанд ман то ҳол номнавис нашудаам, аммо командаам кор карда истодааст ва интервю бо хабарнигори “Тоҷикистон” як навъ таблиғ хоҳад буд. Биёед суҳбатамонро дар роҳи Исфара ва минбаъд дар сари табақи оши палави исфарагӣ давом диҳем…

Инак, мусоҳибаи солинавиро бо номзад ба президентии Амрико Дилшод Бурҳонов дар зер мутолиа кунед.

 

– Шумо чӣ тавр ба Амрико рафтед? Бо “корти сабз”?

– Не. Ман дар ин бора танҳо баъд аз сабти ном шуданам мегӯям…

 

– Ҷаноби Бурҳонов, шумо чӣ гуна ҷуръат карда, номзадиатонро ба зидди Трампи миллиардер ва Байдени дар деги сиёсат пухта ва шояд боз чанд нафари дигари бонуфуз гузоштед?

– Ҳммм, барои шери калон шудан аввал шербача таваллуд шудан лозим. Мо тоҷикон шербача таваллуд мешавему баъдан фаромӯш мекунем, ки фарзандони кӣ ҳастем. Охир, мо аз авлодони ҳамон сомониёну Рустаму Коваю… ҳастем. О, нафароне, ки номбар кардед, шояд боҷуръатанд, вале амрикоиҳо аз сиёсати онҳо безор шудаанд ва мехоҳанд ҷараёни зиндагии худро дигар кунанд. Ман медонам, ки онҳо маро дастгирӣ мекунанд, барои ҳамин номзадиамро пешниҳод кардам…

– Охир, бори аввал як тоҷики мусофир Дилшод Бурҳонов аз тарафи чап

– Кӣ гуфт, ки ман мусофир ё муҳоҷирам? Амрико яклухт аз ҳамин мусофирону муҳоҷирон ибтидо гирифтааст. Бубинед, Кеннедии сафеду Трампи зард ва Обамаи сип-сиёҳи ниммусулмону нимхристиан дар Амрико президентӣ карданду як тоҷики исфарагӣ наметавонад? Мо ҳам метавонем!

 

– Гапатон росту аммо мувофиқи Конститутсияи 250-солаи Амрико танҳо онҳое номзадиашонро пешниҳод карда метавонанд, ки дар Амрико таваллуд шуда бошанд…

– Гумон мекунед, ки Обама дар Амрико таваллуд шудааст? Баҳсҳоро дар ин маврид ба ёд оред. Бисёриҳо мегуфтанд, ки ӯ дар Африқо таваллуд шудааст, аммо коре карданд, ки ӯ номнавис шуд. Зеро он замон бояд сиёҳ президент мешуд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мумкин ин дафъа барои онҳое, ки Амрикоро воқеан ҳам идора мекунанд, президенти осиёӣ, ё маҳз тоҷик лозим шавад. Он гоҳ номи Исфараро бо исми штати Иллинойс иваз кардан душворие надорад…

 

– Мистер Бурҳонов, чун шумо шаҳрванди Амрико ҳастед, хуб медонед, ки дар интихоботи ин кишвар асосан ва маъмулан танҳо ду ҳизб – демокртҳою ҷумҳурихоҳон байни ҳам мубориз бурда, бо навбат ИМА-р идора мекунанд…

– Маҳз ҳамин чиз маро ба майдони интихобот овард. Ман мехоҳам ин анъанаро барҳам диҳам ва барои ҳамин худро чун номзади мустақил пешниҳод намудам. Охир, Амрико моли падари танҳо демократу ҷумҳурихоҳон не ку. Ҳатто фарзияе ҳаст, ки онро маҳз тоҷикон кашф кардаанд…

 

– Чӣ гуна?

– Шумо гумон мекунед, ки ман дар Амрико ҳама чизи тоҷикиро фаромӯш кардам? Охир, ҳоло замони технологияҳои пешрафта ва агар дар Мичиган бод барорӣ, дар Сарихосор мешунавӣ. Дар як нашрияи тоҷикӣ тахмини экстрасенс ва фолбини машҳури тоҷик, номаш чӣ буд? Ҳа, Холназар…

 

– Мебахшед, Холиқназар будагист…

– Рост гуфтед, мақолаи Холиқназар Ҷумъазодаро дар бораи он, ки Амрикоро маҳз Амир-ако кашф кадаанд, хондам. Ман ин ақидаро ҷонибдорӣ менамоям ва ҳоло профессори Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон Стивен Крис ва олими амрикоии эронитабор Маҷид Мункӣ сари ин масъала дар ҷустуҷӯянд ва натиҷаи пажӯҳиши онҳо то охири соли нав ба маърази умум гузошта мешавад. То он замон, иншооллоҳ, ман раисиҷумҳури Амрико (интихобот моҳи ноябри соли 2024) интихоб мешавам ва номи таърихии кишварро, ки “Амир-ако” мебошад, бармегардонам.

 

– Дурусту, боз дар барномаи пешазинтихоботиатон гуфтаед, ки ҳуқуқи ҳамҷинсгароёро маҳдуд мекунед. Магар онҳо пас аз ин чунин президентро дастгирӣ мекунанд?

– Аз дастгирии онҳо безорам. Охир, онҳо як ба саисхона ва ё оғилхонаи фермерҳо даромада бинанд, ки кадом ҳайвон бо ҳамҷинси худ муошират мекунад? Ин корро танҳо онҳое мекунанд, ки аз ҳайвон ҳам пастсифаттаранд. Кӯшиш мекунам, ки барои ҳамҷинсгароӣ на танҳо иҷозат дода нашавад, балки ҷавобгарӣ муайян гардад.

 

– Боз дарси табияи ҷисмонии мактабҳои кишвари зистатонро танқид кардаед?

– Сад фоиз рост. Дар дунё аз ҳама бештар фарбеҳҳо дар куҷо? Албатта дар Амрико! Барои чӣ? Барои он ки дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дарси тарбияи ҷисмонӣ нест. Агар мисли Тоҷикистон дар он ҷо ақаллан дар як ҳафта ду соат чунин дарс ҷорӣ кунем, сафи фарбеҳҳо камаш ду баробар камтар мешавад.

 

– Ба фикри худатон, шонси номнавис шуданатон вуҷуд дорад? Як ҳамкасби мо низ дар Русия хост номзадиашро ба мақоми президентии ин кишвар гузорад. Аммо дар ҳуҷҷатҳояш садтои расо хато ёфтанд…

– Ой ҷӯра, агар шонс намедоштам, номзадиамро мегузоштам? Ман мисли президенти ҳозира Байден 80-сола не, нав 42-сола мешавам. Наход дар чил соли боқимонда ягон бор номзадиам нагузарад? Ана, дида истодӣ, ки барои фотеҳа гирифтан аз гузаштагону бузургони зодгоҳам – Тоҷикистон ба ин ҷо омадам. Иншооллоҳ, бо дуои онҳо номзад мешавам. Медонам, ки саволҳои бисёри сиёсӣ дорӣ, аммо ваъда медиҳам, ки ба ҳамаи саволҳоятон баъд аз сабти ном шуданам ҷавоб хоҳам дод. Ман медонам, ки ту ҳамчун дӯстдори оши палав якҷоя бо Мирзиёеву Трамп ва Обамаю чанд тани бонуфузи дигар ош пухтаю ош хӯрдаӣ. Ҳоло бошад, биё, ноумед нараву як оши исфарагии ҷиянҳо пухтаро бо ҳам бинем ва турою ҳамдиёрони дигарамонро бо соли нави мелодӣ табрик гӯем. Ошпазии якҷояи худамонро каме ба таъхир адохта,танҳо баъд аз он, ки ман дар интихобот ғолиб омадам, мепазем.

 

Мусоҳиб: А. Аҳмадзода

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад? Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад. Шахсе, ки дар ватан...


Ширкати муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд аз 8-уми март Ҷоми ҷаҳонии бокс (U-19) оғоз шуд, ки то 15-уми март идома мекунад. Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 муштзани ҷавон (8 писар, 2 духтар) намояндагӣ мекунанд.   Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Аъзамҷон Ҳасанов (50 кг), Аъзам Одилзода (55 кг),...


Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи...