Ҷавони тоҷик дар филмҳои туркӣ

Ҷавони тоҷик дар филмҳои туркӣ

Ҷавони тоҷик дар филмҳои туркӣ

Солҳои охир силсилафилмҳои туркӣ дар Тоҷикистон бинандагони сершумор доранд. Бо вуҷуди он, ки бархе аз коршиносонро маҳбубияти филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон нигарон кардааст, вале воқеият чунин аст. Илова бар ин, солҳои охир бозигарони тоҷик дар филмҳои туркӣ низ зиёд мешаванд. Яке аз онҳо Шердил Каримов аст, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шудем.

 

— Шердил, ба хонандагони мо дар бораи худ чанд ҳарф бигӯед.

— Баъди хатми мактаби миёна бо маслиҳати падар ва тавсияи устодон ҳуҷҷатҳоямро ба яке аз донишгоҳҳои кишвар супоридам. Вақте дар Душанбе таҳсил мекардам, як муддат дар самти журналистика фаъолият кардам. Дар Ватан корҳоям нағз пеш мерафт. Вале бо мақсади идомаи таҳсил, яъне ба дунболи орзуҳоям ба Туркия омадам.

 

— Ба синамои турк чӣ тавр роҳ ёфтед?

— Бисёр тасодуфӣ, гарчанде ман аз хурдӣ ба синамо завқ доштам. Дар аввал ба Туркия барои таҳсил омадам. Мехостам таҳсилро дар зинаи магистратура идома диҳам, вале натавонистам аз донишгоҳҳои ин кишвар бурсия бигирам. Рӯзе дар шабакаи интернет ба як эълон вохӯрдам, ки нафарони хоҳишмандро барои нақшофарӣ ба филмҳо даъват мекард. Бахти худро санҷидам ва муваффақ шудам, вале нарафтам. Зеро бо чанд мушкили оилавӣ аз Туркия ба Русия рафтам. Вале ду моҳ қабл дубора ба инҷо бозгаштам ва фаъолияти худро пурра дар самти синамо шуруъ кардам. Дар Туркия оҷонсиҳое ҳастанд, ки бо ҳунармандон шартнома мебанданд. Филмофарон бошанд, барои дарёфти ҳунармандони мувофиқ ба ин оҷонсиҳо муроҷиат мекунанд. Ҳоло ман бо се оҷонсӣ ҳамкорӣ дорам. Дар силсилафилмҳои “Империяи Усмонӣ”,”Салоҳиддин Аюбӣ”, “Бародарон” ва “Сафари ишқ” нақш бозӣ мекунам.

 

— Оё дар Тоҷикистон ҳам кӯшиши нақшофарӣ дар филмҳоро карда будед?

— Дар Тоҷикистон бештар ба театр мерафтам ва як муддат ҳамчун ташкилотчӣ бо Театри Лоҳутӣ низ ҳамкорӣ доштам. Соли 2017 дар як филми тарбиявии тоҷикӣ, ки “Ҳамсинфон” ном дошт, нақш бозидам. Ин филмро бунёдгузори Театри “Афсона” устод Асомиддини Бекназар ба навор гирифтанд. Як маротиба дар кинотеатри “Ватан” ба намоиш гузошта шуд. Вале дигар барои пахши он маблағ пайдо нашуд. Ҳамин гуна ба олами синамои тоҷик ворид нагардида, берун шудам.

 

— Агар аз ҷониби синамогарони тоҷик пешниҳоде шавад, қабул мекунед?

— Дар ин маврид то ба ҳол фикр накардаам. Вале ният дорам, ки дар Туркия таҷриба бигирам. Агар имкон даст диҳад, ба Ватан баргашта, барои рушди синамои тоҷик саҳм гузорам.

 

— Дар Туркия муносибат бо аҳли ҳунар чӣ гуна аст?

— Дар инҷо зиндагии ҳунармандон хуб аст. Даромади ҳунарманд вобаста ба кораш аст. Тавре мегӯянд, то даст наҷунбад, даҳон ҳам намеҷунбад.

 

— Ахиран, муносибати кишвари Туркия бо шаҳрвандони тоҷик тағйир ёфт. Ҳатто низоми раводид ҷорӣ шуд. Ин ба шумо чӣ таъсире мегузорад?

— Ман ду моҳи дигар барои иқомат дар ин ҷо фурсат дорам. Роҳҳое ҳастанд, ки аз ҳамин ҷо метавон визаи кориро ба даст овард. Ман ҳам барои дарёфти виза кӯшиш мекунам. Ҷорӣ шудани раводид ҳам хубӣ дорад ва ҳам бадӣ. Агар бо нархи 90 доллар визаи кории яксола диҳанду бемалол дар инҷо зиндаги кунӣ, ягон мушкилӣ нест.

 

— Дар Туркия муносибат бо тоҷикон чӣ гуна аст?

— Ман аз кӯдакӣ орзу мекардам, ки дар филмҳои туркӣ нақш офарам. Дар баробари омӯхтани забони англисӣ, дар замони донишҷӯӣ ба курсҳои омӯзишӣ рафта, забони туркӣ омӯхтам. Замони ба ин ҷо омаданам алакай озод суҳбат карда метавонистам. Бинобар ин, дар ин ҷо душворӣ накашидам. Аввалҳо дар ин ҷо аз ман мепурсиданд, ки аз куҷоӣ? Мегуфтам аз Тоҷикистон, аксари туркон намедонистанд Тоҷикистонро. Вале баъди ҳаводиси нохуши Русия ҳама тоҷиконро мешинохтагӣ шуданд. Вале, ба ҳар ҳол, Туркия барои ман бегона нест ва худро дар ин мулк мусофир эҳсос намекунам.

 

— Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

— Албатта, нияти баргаштан ба Ватанро дорам, вале ҳоло барои худ ва ояндаам бояд корҳои зиёдеро ба сомон расонам.

 

Мусоҳиб: Суман Убайдуллозода

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...