Обро кай нӯшем?

Обро кай нӯшем?

Вақтҳои охир маъмул шудааст, ки ҳамаи мо бояд ҳарчи бештар об нӯшем. Ҳар як духтур ба шумо мегӯяд, ки ҳар нафар бояд 2 литр об дар як рӯз бинӯшад. Аммо чизи асосӣ чӣ қадар об нӯшидан не, балки дар кадом вақт нӯшидан аст.

 

Кардиологҳо беҳтарин вақтро барои нӯшидани об тавсия медиҳанд:

– Дарҳол пас аз бедоршавӣ 2 истакон об бинӯшед – ин ба «оғоз» кардани тамоми узвҳои дарунӣ кумак мекунад;

– Тавсия дода мешавад, ки ҳамеша 30 дақиқа пеш аз хӯрок 1 истакон об бинӯшед. Ин ба суръатбахшии мубодилаи моддаҳо ва беҳтар кардани кори узвҳои ҳозима мусоидат мекунад;

– Пеш аз ванна қабул кардан 1 истакон об бинӯшед. Ин ба шумо кумак мекунад, ки кайфиятатонро хуш карда, фишори хунатонро паст кунад;

– 1 истакон об пеш аз хоб ба шумо имкон медиҳад, ки на танҳо хоби беҳтар равед, балки бори дилро коҳиш медиҳад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...