Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сулфаи кӯдакон

Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сулфаи кӯдакон

Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сулфаи кӯдакон

Зимистон, ки сар шуд, мушкили модарон афзун мегардад, зеро кӯдакон тез-тез бемор шуда, табашон баланд мешавад, месулфанд, инҷиқӣ карда, хӯрок намехӯранд, дуруст хоб намераванд ва гиря мекунанд. Аксари волидон сулфаю табби кӯдакро нишонаи шамолхӯрӣ ва зуком пиндошта, мустақилона бо дорую давоҳои оддии зидди грип фарзанди худро табобат кардан мехоҳанд, вале сулфа метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддие бошад, ки дар сурати табобати нодуруст оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонанд.

 

Сулфа нишонаи чист?

Зуком ва ОРВИ — кӯдак месулфад, атса мезанад, биниаш маҳкам аст, гулӯяш дард мекунад, аз чашмаконаш об мешорад ва табаш аз 37 то 39 дараҷа баланд мешавад.

Бронхит — кӯдак бо шиддат месулфад, нафасгириаш душвор шуда, бисёр арақ мекунад, табаш хеле баланд шуда, ба зудӣ намефарояд. Ин беморӣ кӯдакро камҳол ва беҳаракат мекунад.

Астма — кӯдак хеле сахт месулфад ва чунон ба назар мерасад, ки ҳаво барояш камӣ карда, нафасгир шуда истодааст. Вақти нафаскашӣ як садои хоси ба ҳуштак монанд мебарорад.

Пневмания — сулфаи бал-ғамдор, дард кардани қафаси сина ҳангоми нафаскашӣ. Кӯдак камҳаракат шуда, нафасгириаш торафи душвортар мегардад. Таби тифл то 38-40 дараҷа баланд мешавад.

Круп — Кӯдак пуҳ-пуҳкунон месулфад ва тез-тезу чуқур-чуқур нафас кашида, як садои ҳуштакмонанд мебарорад. Овозаш гирифта, ҳиррос мезанад. Табаш гоҳ баланд шуда, гоҳ мефарояд. Дар ин ҳолат кӯдакро фавран ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ бурдан лозим аст, чунки круп бисёр бемории хатарнок буда, дар сурати бепарвоӣ метавонад боиси нафасгир шудан ва ҳатто марги кӯдак гардад.

Коклюш — Сулфаи хушк бо садои ҳуштакмонанд, обравӣ аз бинӣ, дилбеҳузурӣ ва сурх шудани рӯйи кӯдак. Маъмулан таби тифли ба коклюш гирифтор то 37-37, 6 дараҷа баланд мешавад.

Туберкулёз — сулфаи хушки доимӣ ва пуршиддат, суст, камҳаракат ва хоболуд шудани тифл. Кӯдаке, ки ба туберкулёз гирифтор шудааст, бисёр инҷиқӣ карда, табаш то 37,5–38 дараҷа баланд мешавад.

Тавре ки мебинед, бемо-риҳое, ки номбар кардем, ни-шонаҳояшон ба ҳамдигар монан-дӣ доранд, бинобар ин, агар сулфа дар муддати як ҳафтаи табобат бо доруҳои маъмулии зидди балғам ва сулфа гум нашавад, ҳатман кӯдакро ба духтур бурда, аз ташхис гузаронед.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...