7 фоидаи шарбати мевагӣ

7 фоидаи шарбати мевагӣ

Меваю сабзавот ба саломатии инсон фоида дошта, ба ҷавону зебо ва пуртароват мондани кас мусоидат менамоянд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 7 манфиати шарбатҳои мевагӣ маълумот медиҳем.

 

1. Манбаи витамину минералҳо

Шарбатҳои мевагӣ, махсусан шарбатҳои табиӣ дорои витаминҳои C, A, E ва минералҳо, аз ҷумла калсий, калий мебошанд, ки ба пурқувват гаштани системаи муҳофизатии организм – иммунитети инсон кумак мерасонанд.

 

2. Манбаи неру ва энергия

Шарбатҳои табиӣ манбаи энергия мебошанд. Глюкоза ва фруктозаи табиие, ки дар шарбатҳои мевагӣ мавҷуданд, ба бадан ворид гашта, ба тану ҷони шумо қуввату неруи нав ато менамоянд.

 

3. Тозакунии организм

Шарбатҳои баъзе меваҳо, аз ҷумла лимӯ, анор ва себ ба поксозии ҷигар ва гурдаҳо ёрӣ мерасонанд.

 

4. Беҳтар гаштани кори узвҳои ҳозима

Шарбати афлесун, ананас ва дигар меваҳо ферментҳое доранд, ки кори узвҳои ҳозимаро беҳтар месозанд.

 

5. Таъмини намнокии бадан

Шарбатҳои мевагӣ ҷисми инсонро бо об таъмин намуда, ба пешгирии беобшавии бадан мусоидат мекунанд, хусусан дар ҳавои гарм.

 

6. Мубориза бо радикалҳои озод

Антиоксидантҳое, ки дар шарбатҳои мевагӣ мавҷуданд, фаъолона бо радикалҳои озод мубориза бурда, пиршавии бармаҳал ва бемориҳои дилро пешгирӣ менамоянд.

 

7. Ҷавонсозии пӯст

Шарбатҳои мевагӣ саршор аз витамину антиоксидантҳо буда, пӯстро тару тоза ва дурахшон нигоҳ медоранд. Ҷавону зебо ва солиму бардам мондан хоҳед, бештар шарбат нӯшед.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...