4 беморие, ки дар тобистон авҷ мегиранд

4 беморие, ки дар тобистон авҷ мегиранд

4 беморие, ки дар тобистон авҷ мегиранд

Тобистонро фасли тиллоӣ меноманд, вале бемориҳое ҳастанд, ки маҳз дар ҳамин айём бештар авҷ мегиранд. Аз ҳамин хотир ин навбат мо дар бораи чанд бемории тобистона маълумот медиҳем, то хонандагони азизи моҳнома огоҳ бошанд ва худро аз ин бемориҳо муҳофизат намоянд.

 

  1. Одамони дилкасал, эҳтиёт шавед!

Бо гарм шудани ҳаво аҳволи одамоне, ки дилашон ягон иллат дорад, якбора бад мешавад. Албатта ин бесабаб нест. Ҳавои аз ҳад гарми тобистон ҳатто барои дили солим зарарнок аст, зеро дар айёми гармо дил аз ҳад зиёд хунро ба гардиш меорад. Дар натиҷа таппиши дил зиёд ва фишори хун баланд мешавад. Бо сабаби беобшавии ҷисм хун ғафс шуда, оксигенаш кам мешавад ва ҳамаи ин боиси беҳушшавӣ, сактаи дил ва фалаҷ гашта метавонад.

Барои пешгирӣ чӣ бояд кард? Агар шумо ба иллатҳои дил гирифтор бошед, доруҳоеро, ки табиб тавсия додааст, ҳар рӯз дар вақти таъиншуда қабул кунед. Дар ҳавои гарм зиёд кор ва ҳаракати ҷисмонӣ накунед ва сари луч нагардед. Хӯрокҳои серравған ва махсусан гӯшти гӯсфанд истеъмол накунед. Бештар об ва шарбатҳои мевагӣ нӯшед. Аз гармои тобистон бо оббозӣ салқин шудан мехоста бошед, эҳтиёт шавед, зеро оби сард рагҳои хунгардро танг месозад.

  1. Ҷоғар доред?

Агар шумо бемории ҷоғар дошта бошед, пас бидонед, ки дар фасли тобистон нурҳои зарарноки офтоб, ҳавои тафсон ва миқдори зиёди йоди баҳрӣ сабабгори фаъолшавии ғадуди сипаршакл мегардад. Нишонаҳои хуруҷи беморӣ зиёд арақ кардан, таппиши барзиёди дил, варами атрофи чашмон, якбора вазни худро партофта, хароб шудан, зуд-зуд пешоб кардан, ларзиши дастон ва рехтани мӯйҳо мебошад. Дар сурати пайдоиши аломатҳои мазкур дарҳол ба табибони соҳа муроҷиат кардан лозим аст.

  1. Инфексияҳои рӯдаҳо

Ҳамасола дар фасли тобистон дарунрав авҷ мегирад, ки яке аз сабабҳои асосиаш инфексияи рӯда мебошад. Бояд гуфт, ки инфексияҳои рӯда беш аз 30 намуд мешаванд. Патогенҳо дар муҳити зист, обу маҳсулот зиндагӣ мекунанд ва дар ҳавои гарм паҳн шуда, ба ҷисми инсон тавассути хӯрок, об ё дастони ифлос ворид мегарданд. Барангезандагони инфексияҳои рӯда рангу бӯй ва таъми маҳсулотро тағйир намедиҳанд ва инсон нафаҳмида, онро истеъмол мекунаду сироят ёфта, ба дарунрав гирифтор мешавад.

Барои пешгирӣ чӣ бояд кард? Ҳангоми ба дарунрав гирифтор шудан барои хориҷ гаштани заҳр аз организм ва барқарор намудани мувозинаи об дар ҷисм ба табибон муроҷиат кунед.

Зудтар шифо ёфтан хоҳед, бештар об нӯшед. Беҳтараш то пурра нест шудани аломатҳои сироятёбӣ аз хӯрдани хӯрокҳои серравған худдорӣ намуда, бештар биринҷоба истеъмол кунед. Фаромӯш накунед, ки қайкунӣ ва дарунравӣ реаксияҳои муҳофизатии ҷисм буда, барои тоза шудан аз заҳрҳо мусоидат мекунанд.

  1. Аэроотит – беморие, ки аз оббозӣ пайдо мешавад

Албатта тобистонро бе оббозӣ тасаввур кардан душвор аст, вале дар ин кор низ бояд хеле эҳтиёт шуд, то ба саломатии худ зиён нарасонем, зеро бемории аэроотит асосан дар дӯстдорони оббозӣ дида мешавад. Бо андаке шамолхӯрию зукоми сабук ё ба даруни ҳавзи об паридан боиси аз роҳи ҳалқу бинӣ ба гӯш ворид шудани инфексия мегардад. Нишонаҳои аввалини беморӣ шунавоии паст, пайдо шудани садо дар гӯшҳо ва сихзании пардаи гӯш мебошад. (Пресса.тж)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...