Муъҷизаи ду тухм

Муъҷизаи ду тухм

Табибон исбот кардаанд, ки истеъмоли ду тухм дар як рӯз ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Аз ҷумла:

 

Хотираро беҳ мекунад

Зардии тухм дорои холин аст, аминокислотаи калидӣ барои интиқоли импулсҳои хурди асаб, ки ба мо кумак мекунад, то ҷузъиётро дар хотир нигоҳ дорем.

 

Биниш беҳтар мешавад

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тухм аз лютеин – витамине бой аст, ки барои нигоҳ доштани биноӣ кумак мекунад. Лютеин табиатан дар чашм пайдо мешавад.

 

Устухонҳо ва дандонҳо мустаҳкам мешаванд

Тухм аз витамини D бой аст, ки сатҳи калсий ва фосфорро дар хун танзим мекунад. Хӯрдани тухм инчунин ба организм таъсир мерасонад, ки калсийро азхуд мекунад, ба устухонҳо қувват мебахшад ва аз остеопороз пешгирӣ менамояд.

 

Саломатии пӯст, мӯй ва ҷигарро беҳтар мекунад

Норасоии фолий дар заноне маъмул аст, ки миқдори кофии витамини В-ро истеъмол намекунанд. Хушбахтона, тухм як ғизои хуб аст.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...