Табобати халқии сабӯсак ва рехтани мӯйи сар

Табобати халқии сабӯсак ва рехтани мӯйи сар

Табобати халқии сабӯсак ва рехтани мӯйи сар

Пештар мӯйҳои зебою марғуладоре доштам, вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ним соли охир сарам сабӯсак карда, мӯйҳоям бошиддат мерезанд. Барои халосӣ аз сабӯсак шампуну гелҳои қимматбаҳо мехарам, аммо заррае ҳам сабӯсаки сарам кам нашуда истодааст. Аксар вақт сабӯсаки сарам ба либосҳоям рехта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро ноҳинҷор ҳис мекунам. Фикр мекунам, ки атрофиён ҳолу аҳволи сару либосамро дида, маро як зани чалфас ва бетамиз гумон мекунанд. Илтимос, ягон роҳи халосӣ аз сабӯсак ва пешгирии резиши мӯйро бигӯед.

 

— Дар одамони калонсол резиши мӯй ба тағйироти синнусолӣ вобастагӣ дошта, ин равандро пешгирӣ кардан душвортар аст, аммо ҷавонон метавонанд бо кумаки давоҳои халқӣ соҳиби хирмани мӯй гарданд. Барои он ки табобат самар диҳад, пеш аз ҳама сабаби рехтани мӯйи сарро муайян кардан лозим аст. Аксаран вайроншавии раванди фаъолияти ғадудҳои чарбӣ, тағйироти ҳормонӣ, бемории ғадуди сипаршакл, кор бо доруҳои кимиёвӣ, стресс, асабоният ва ҳамчунин шуои ренгенӣ (ҳангоми муоличаи касалии саратон) боиси рехтани мӯйи сар мегардад. Барои он ки мӯйҳо дубора бароянд, сарчашмаи резиши мӯйро ёфта, онро табобат кардан лозим аст, то ки мӯйҳо аз нав рушд кунанд. Дар бораи сабӯсак бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки аслан сабӯсак ҳуҷайраҳои мурдаи пӯсти сар аст, ки аз ҳуҷайраҳои зинда ҷудо шуда, дар шакли сабӯс берун меоянд ва мерезанд. Сабаби пайдоиши сабӯсак асосан вайроншавии фаъолияти ғадудҳои чарбӣ мебошад, ки ба илтиҳоби пӯст вобастагӣ дорад.

Чанд даворо ба шахсони бо мушкили сабӯсак ва резиши мӯй рӯ ба рӯ гашта тавсия медиҳем, ки дар муддати кӯтоҳ мушкили онҳоро ҳал карда метавонад.

 

Нусхаи аввал

Барои аз байн бурдани сабӯсаки сар ҳамагӣ 15 грамм гули лаванда ва як шиша, яъне тахминан 100 грам спирти 95% лозим аст. Лавандаро дар зарфе гирифта, аз болояш 100 грамм спиртро мерезед ва даҳонашро маҳкам карда, муддати 15 рӯз дар ҷойи торик нигоҳ медоред. Вақте ки даво тайёр шуд, онро ҳар рӯз як маротиба ба решаҳои мӯй мемолед. Хубиаш дар он аст, ки ин даво дар баробари сабӯсакро ба зудӣ нест карданаш ҳамчунин бӯйи бисёр форам дорад ва ҷойи атрро гирифта метавонад.

 

Давои дигар

Қариб дар ҳар як хона гули алоэ ёфт мешавад. Барои табобати мӯйи сар ба шумо гули алоэи 3-5-сола лозим аст. Онро аз мошинаи гӯштқиммакунак гузаронида, шарбат, яъне обашро аз дока полонед. Шарбати алоэро бо шароби ангурӣ нағзакак омехта карда, ҳар рӯз ба решаҳои мӯятон молед, сабӯсакро нест мекунад ва ҳамзамон барои аз нав рушд кардани мӯйи саратон ёрӣ мерасонад.

 

Боз як давои муъҷизавӣ

Барои пешгирии резиши мӯй пиёз низ бисёр муфид аст. Як мушт пӯсти пиёзро дар 600 грамм об то нисф шуданаш ҷӯшонед, сипас оташро хомӯш кунед ва монед хунук шавад. Бегоҳӣ, пеш аз хоб ин обро ба саратон молед ва каме маҳс кунед. Ин даво рехтани мӯйи сарро хеле хуб пешгирӣ намуда, ҳамчунин сабӯсакро ба зудӣ нест мекунад.

 

Пресса.тж

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...