Фарқиятҳои инфаркт дар занон ва мардон

Фарқиятҳои инфаркт дар занон ва мардон

Нишонаҳои инфаркт дар мардон ва занон ба ҳамдигар хеле монанд буда, беморӣ асосан бо пайдоиши дард дар қафаси сина аз худ дарак медиҳад, вале баъзе хусусиятҳои фарқкунанда низ дорад.

 

Тавре ки таҷрибаҳои чандинсолаи табибон нишон медиҳанд, инфаркт дар мардон аллакай дар синни 45-солагӣ ташхис карда мешавад, дар ҳоле ки занон бештар пас аз 55-60-солагӣ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Бо вуҷуди ин, бояд дар хотир дошт, ки ҳолатҳои истисноӣ низ вуҷуд доранд ва занон ҳам метавонанд дар синну соли ҷавонтар ба сактаи дил гирифтор гарданд. Ҳормонҳо бадани занро дар давраи репродуктивӣ муҳофизат менамоянд. Менопаузаи барвақт хатари инфаркти миокардро зиёд мекунад.

Дар занон инфаркти миокард аксар вақт бе дард рух медиҳад, бинобар ин табибони дил ба бонувон тавсия медиҳанд, ки ба аломатҳои зерин диққат диҳанд:

  1. Варами шадиди пойҳо (ҳатман инфаркти миокардро нишон намедиҳад, аммо ба ҳар ҳол бояд диққати махсус дода шавад).
  2. Якбора аз даст додани қуввату нерӯи ҷисмонӣ ва беҳолию бемадорӣ.
  3. Баланд шудани андозаи камар аз сабаби ҷамъ шудани моеъ дар холигоҳи шикам.
  4. Сулфаи хушк ё сулфа бо балғам-ин аломат бештар дар шахсони ба бемориҳои дилу рагҳо, ба монанди бемории ишемияи дил гирифтор мушоҳида мешавад.
  5. Дилбеҳузурӣ ва қайъкунӣ, ки бо мушкилоти меъдаю рўда ягон алоқамандӣ н адорад.
  6. Аломатҳои осеби майнаи сар-чарх задани сар, парешонхотирӣ, як нафарро ду нафар дидан, пайдо шудани садо дар гӯш...
  7. Набзи номунтазами дил- яке аз аломатҳои ташвишовар мебошад ва дар чунин ҳолатҳо фавран ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задан лозим аст.

Бонувонро зарур аст, ки бо мушоҳида намудани нишонаҳои дар боло зикршуда ҳатман аз ташхис гузаранд. Тағйиротро дар дил ҳам тариқи ЭКГ ва ҳам тариқи УЗИ мушоҳида кардан мумкин аст. Тавре ки гуфтем, дар занҳо инфаркт метавонад бидуни ягон нишона якбора сар занад. Барои пешгирии «сактаи хомӯши дил», ки то ба марг бурда расонида метавонад, занони дар гурӯҳи хатар қарордошта, яъне онҳое, ки тамоку мекашанд, ба иллатҳои дил ва рагҳои хунгарди он гирифторанд ё диабети қанд доранд, бояд мунтазам зери назорати табибон қарор дошта бошанд.

Инфаркт дар мардон Нишонаҳои асосии инфарк дар мардон инҳоянд:

  1. Эҳсоси сӯзиш ва фишор дар қафаси сина. Дар ибтидои сактаи дил, ҳамлаҳо кӯтоҳмуддатанд.
  2. Дард ба тарафи чапи бадан паҳн мешавад: ба ҷоғ, даст, китф ва байни китфҳо. Дар баъзе ҳолатҳо дард на ба тарафи чап, балки ба нимаи рости бадан паҳн мешавад, ки ин ғайриоддӣ аст. Бепарвоӣ дар чунин ҳолат метавонад боиси сар задани ҳодисаи нохуш гардад ва то ба марг бурда расонад.
  3. Фишори хун баланд мешавад.
  4. Тез шудани кори дил-чунин ба назар мерасад, к и гӯё дил аз қафаси сина берун мебарояд.
  5. Ваҳму воҳима, фикрҳои марг
  6. Нафаскашии суст.
  7. Арақи сард кардани бемор.
  8. Кабудфом гаштани лабу даҳон
  9. Дар баъзе ҳолатҳо баланд шудани табби мариз.

Ҳангоми инфаркт ба бемор чи гуна ёрӣ расонидан мумкин аст?

  1. Ёрии аввалин дар ҳолати сар задани инфаркт фавран ба табибони “Ёрии таъҷилӣ” занг задан мебошад. Агар мариз калонсол ё ба бемориҳои асаб ва ё диабети қанд гирифтор бошад, диққати бештар додан лозим меояд, зеро дар чунин шахсон нишонаҳои инфаркт равшан зуҳур намекунанд ва онҳоро бо дигар бемориҳо омехта крадан мумкин аст.
  2. Шумо бояд то расидани табибон беморро руҳан дастгирӣ намоед, зеро гирифторони инфаркти миокард аксар вақт ба воҳима афтода, наздикшавии маргро эҳсос мекунанд. Вазифаи асосии атрофиён дилбардорӣ кардани мариз ва дур сохтани вай аз фикру андешаҳои тира ва парешон аст.
  3. Бемор метавонад афтида ҷароҳат бардорад ва аз ҳуш равад, бинобар ин, атрофиён бояд хеле боэҳтиёт бошанд ва нагузоранд, ки мариз аз ҷояш бархезад.
  4. Маризро дар бистар хобонед ва тирезаҳои утоқро кушоед. Дар фасли зимистон рӯйи маризро бо кампал пӯшонда,мавзеъи гулӯ ва куртаашро кушода мондан лозим аст.
  5. Нитроглитсеринро се маротиба бо фосилаи 5-7 дақиқа ба мариз додан лозим аст. Ҳеҷ гуна доруҳои дигар набояд дода шаванд, махсусан аспирин, ки метавонад боиси хунравӣ гардад.
  6. Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини кӯмак розӣ кардани бемор ба бистарӣ шудан дар беморхона мебошад. Аксари маризон, махсусан ҷавонон аз бистари шудан дар беморхона худдорӣ мекунанд, ки ин метавонад оқибатҳои номатлубро ба бор орад.

 

(«Оила.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...