Тирамоҳ. Чаро мӯйи сар мерезад?

Тирамоҳ. Чаро мӯйи сар мерезад?

Дар фасли тирамоҳ рехтани мӯйи сар бисёриҳоро нороҳат мекунад ва ҳатто метарсонад. Бо кадом сабаб мӯйи сар мерезад ва оё роҳи пешгирии он вуҷуд дорад? Ба ин суол дар ин матлаб посух пайдо мекунед.

 

Норасоии сафеда

Аз рӯи меъёр дар як рӯз бояд то 100 ё 50-70 тори мӯйи инсон резад, вале охири фасли тирамоҳ ва оғози зимистон рехтани мӯй зиёд мегардад. Гап сари он аст, ки дар фасли тобистон афзоиши мӯй аз андоза зиёд мегардаду дар арафаи зимистон мӯйи зиёдатӣ мерезад. Сабаби дигари рехтани мӯйи сар норасоии сафедаҳост.

Мо дар фасли тобистон бо сабаби бештар меваву сабзавот хӯрданамон сафедаро хеле кам қабул мекунем. Барои ислоҳи ин ҳолат бештар гӯшти гову гӯсфанд, панир, фалла ва дигар маҳсулоти шириро истеъмол намоед.

 

Сари луч нагард

Дар ҳавои сард низ бонувони зиёдеро мебинем, ки сари луч мегарданд. Яке намехоҳад ороиши мӯяш вайрон шавад, дигаре гумон мекунад, ки рӯймоли ғафсу каллапӯшҳо зебанда нестанд. Трихологон -мутахассисони соҳаи солимии мӯйҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар ҳавои сард сари луч гаштан оқибатҳои нохуш дорад. Ҳавои сард барои мӯйҳо стресси калон аст. Вақте мо ба берун дар ҳавои сард бо сари луч мебароем, рагҳои сар яку якбора танг мешаванд. Дар натиҷа гардиши хун халал ёфта, решаҳои мӯй ғизои даркориро намегиранд ва резиши мӯй зиёд мегардад. Қисми зиёди бонувон барои он аз каллапӯшҳои ғафс худдорӣ менамоянд, ки мӯй дар зери он зуд ифлос мешавад. Сар дар дохили каллапӯш чун дар ҳаммом аст, пӯст нафас намекашад, арақ мекунад, равғанин мешавад. Ҳавои гарму намӣ боиси паҳншавии микроорганизмҳо мегардад ва сабӯсаки сару хориши пӯст зиёд мешавад. Каллапӯши танг боиси заифии мӯйҳо мегардад.

 

Мубориза бо ҳавои хушк

Тамоми таҷҳизоти хонагармкунӣ, аз қабили радиатор ва кондитсионерҳо мӯйи сарро сахт хушк месозанд. Аз рӯйи меъёр дар таркиби мӯйҳо аз 10 то 15% об аст, таҷҳизоти хонагармкунӣ ними ин намиро аз мӯй кашида мегиранд. Бо фен хушконидани сар ҳолати мӯйҳоро табоҳтар месозад. Аз ин ҷост, ки мӯй ба рехтан медарояду берангу беҷило мегардад. Барои рафъи ин ҳолат дар хонаҳо асбоби ҳаворо нармкунанда гузоштан лозим аст. Ин техникаи хонагиро аз мағозаҳо дастрас карда метавонед. Латтачаҳоро дар об тар карда, дар ҳар ҷои хона овехтан низ муфид аст. Аз фен хеле кам истифода баред. Рафту бе фен наметавониста бошед, аз ҳарорати начандон гарми он истифода бурдаву мӯйро пурра нахушконед. Камбудии обро бо истифода аз косметика барои мӯй барқарор кардан лозим аст – шампунҳои нармкунанда, балзамҳо, кондитсионерҳо, тоникҳо. Ниқобҳои иборат аз сафеда, силикон, равғани растанӣ, алгинатҳо, хитозан ва аллантоин мӯйҳоро мулоим, нафис ва ҷилодор месозанду ҳар як тори мӯйро ҳифз намуда, мустаҳкам мегардонанд.

 

Ниқоб барои мӯй

Барои мубориза бурдан бо хушкӣ ва барқарорсозии мӯйҳо аз ниқобҳои зерини хонагӣ истифода бурдан мумкин аст:

  1. Зардии як дона тухмро бо 2 қошуқ коняк лат зада, ба он 2 қошуқ равғани мушхор илова кунед. Маҳлули тайёршударо ба пӯсти саратон молида, боқимондаашро ба мӯйҳо молед. Сарро бо рӯймол ва сачоқ печонед, 20 дақиқа пас метавонед саратонро шӯед.
  2. Як қошуқча ҳардали хушкро бо 2 қошуқ кефир лат зада, 1 қошуқ равғани зайтун ва зардии 1 тухмро илова кунед. Маҳлулро ба мӯйи тар молида, бо салафан ва сачоқ печонеду баъди 15 дақиқа мӯятонро бо шампун шӯед. Ниқоб гардиши хунро дар пӯст хубтар намуда, решаҳои мӯйро ғизо мебахшад.
  3. Як қошуқ шарбати сабрро бо 1 қошуқ асал ва як қошуқча равғани беданҷир омехта намуда, маҳлулро ба решаҳои мӯятон моледу ним соат нигоҳ доред. Баъдан мӯятонро бо шампун шӯед.

 

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...