Муъҷизаҳои испаноғ

Муъҷизаҳои испаноғ

Испаноғ (испаноқ) растании маъмули баҳорӣ аст, ки онро дар ҳамин шабу рӯз истеъмол мекунанд. Бонувони тоҷик дар рӯзҳои баҳорӣ дӯст медоранд, ки аз испаноғ самбӯса, бичак, манту ва дигар анвоъи хӯрокҳоро омода намоянд. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ дар бораи чанд хусусияти ин растанӣ ба шумо маълумот медиҳем.

 

Испаноғ барои тафси меъда, ташнагӣ, табҳои гарм, бемориҳои узвҳои даруни сина, дарди шуш, сил ва дарди миён, ки аз бисёрии хун бошад, даво мешавад.

Оби гиёҳи тари онро бо шакар ширин карда бинӯшанд, дарди гулӯ ва забончаи ҳалқун, зардпарвин, душвор шошидан, инчунин сӯзиши пешоб, яъне сӯзонро шифо мебахшад. Санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Тухмашро бихӯранд, барои дарди дил, дарди узвҳои даруни сина ва шикам, табҳои гарм ва сил давои хубест.

Вале ин гиёҳро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба одамони хунукмиҷоз зарар дорад, дарди сар меоварад. Меъёрро бояд нигоҳ дошт.

Агар испаноғро нопухта гузошта банданд, варамҳои гарми хунӣ ва газидани занбӯрро даво мешавад, пучак ва чиртакро мекафонад.

Вале бояд ба назар гирифт, ки самбӯса ва дигар таомҳои аз испаноғ омодашударо гарм ва саривақт бояд хӯрд. Испаноғро набояд шабмонда ва гарм кард. Зеро витамину минералҳои хеле зиёди таркиби он аз байн мераванд. Ва ҳатто ҳангоми дубора гарм кардани он витаминҳо ба нитрат ва нитрозамин табдил меёбанд, ки ба саломатӣ зарар ҳам доранд.

Испаноғро беҳтар аст бештар ба хӯришҳои гуногун илова намоед ва шумо фоидаи калонро ба даст меоред.

Испаноғ на танҳо ба солимии узвҳои дарунӣ, балки барои рафъи мушкилоти косметологӣ низ муфид аст. Аз ҷумла барои боқувват шудани решаи мӯйи сар ва пешгирӣ аз рехтани он муфид аст. Зеро мӯйи солим ниёз ба моддаҳое дорад, ки дар таркиби сабзавоти сабзу баргдор мавҷуд аст. Испаноғ, брокколи ва лаблабуи баргдор аз витамини А ва С бой мебошанд. Сабзавоти рангашон сабзи баланд мӯйро бо оҳан ва калсий таъмин месозанд.

Испаноғ ҳамчунин чинҳои хурдро ҳамвор ва пайдоишашро пешгирӣ менамояд. Испаноқ (шпинат)-ро кӯфта, 1 қошуқчаи шарбаташро ҷабида, бо 10 грамм маҳлули равғанини витамини А ва 1 қошуқча малҳами барои атрофи чашм муқарраршуда омехта карда ба пӯсти зери чашмонатон молед. Ниқобро баъди 20-30 дақиқа бо докаи дар шири хунук таркардашуда тоза кунед.

 

«Pressa.tj»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...